shoh palace
ХУДКУШИИ МОДАР ПАС АЗ МАРГИ ФАРЗАНД
6923

Як ҷавонзани 23 - сола зодаи ноҳияи Деваштич пас аз марги фарзандаш, сабру тоқат накарда, даст ба худкушӣ задааст.

Ӯ якуним сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуд ва рӯзи 11 - уми август бе ягон сабаб даст ба худкушӣ зад.

Моҳчеҳра Эргашова, сокини 23 - солаи ноҳияи Деваштич қабл аз худкушӣ кардан дар мактуб сабаби ин амалашро навиштааст, то дар марги ӯ касеро муттаҳам накунанд, менависад “Пайк”.

Ба иттилои нашрия, марҳум 1,5 сол пеш аз шавҳари худ ҷудо шуд ва бо кӯдаки дар батнаш буда, ба хонаи падараш баргашт.

ӯзи 11 - уми август духтарчаи якунимсолаи Моҳчеҳра бемор шуда, дар белинчак ҷон додааст", - омадааст дар хабар.

Кӯдак дар набудани модари худ, дар алвончак тасф карда, ҷон додаст. Гуфта мешавад, модараш бо пайвандони худ ба кори саҳро машғул будааст. Алвонҷак расани дуқат карда ба ду сутун басташуда мебошад, ки дар мобайни он барои кӯдакон ҷои хоб сохта, ба ҳар сӯ алвонҷ медиҳанд.

Модари ҷавон марги фарзанди худро таҳаммул накарда, худи ҳамон рӯз даст ба худкушӣ зад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД