arzon replenishment
НАЗДАМ НАБИЁӢ, БАЧААТРО МЕКУШАМ МАРДАК!
7896

Аҷабо! Бузургон гуфтаанд: “Биҳишт зери қудуми модарон аст”!Агар лозим бошад, модар ба хотири наҷоти фарзанд сайёраро меҷунбонад. Ҷуз фарзанд ба модар нафари наздиктарину азизтарин касе нест, аммо... 

Модар шудан на ба ҳама зан муяссар мегардад. Бо таваллуд кардани тифл ва ё хӯрондану пӯшондани он зан ба номи модарӣ шарафёб гашта наметавонад. Барои фарзанд меҳратро ҳадя мекунӣ. Модар тамоми дору нодорияшро қурбони фарзанд мекунад. Зарур ояд, ба хотир хушбахтии фарзанд аз баҳри ҳама касу ҳам чиз мегузарад! Модару фарзанд мисоли нохуну гӯштанд, агар ҷудояшон кунӣ ҷигар пора-пора шуда, дил аз таппиш мемонад.

Дар эҷодиёти бузургони миллати мо дар симои модари тоҷик қаҳрамони давр муаррифӣ мегардид. Аммо модари ҷавони тоҷики муқими шаҳри Панҷакент рафтори ваҳшиёна ва берун аз ақли инсониро нисбати ҷигарбнди хурдсолаш раво дид. Ин модари лаънатӣ барои баргардондани шавҳар аз фарзанди 3-солааш суйистифода намуд.

Моҳи ноябри соли гузашта модари ҷавони тоҷик телефони мобилияшро барои навор омода карда, фарзандаш-Зуҳурҷон Зуҳуриддини Зафарзодаро ба болои миз бароварда, пардаи тирезаро ба андозаи гардани кӯдак гиреҳ намуда, ба гардани фарзандаш овехт. То чанд сония кӯдак дар дор овезон буд ва он модари бераҳими сангдил ва Худобехабар интизор шуд, кай нафаси Зуҳурҷон мегардад. Дар дақиқаи охирини навор дида, мешавад, ки кӯдаки ночори дунёбехабар нафасгир шуда, сулфаи гулӯгир танаашро ба ларза даровард. Баъд аз позании якчандмуддат он модари фарзандбезор кӯдакро аз дор фаровард.
Агар он Зуҳурҷони се сола медонист, ки модари бадбахташ ӯро бо кадом нияти нопокаш ба болои он миз мебарорад, ҳеҷ гоҳ розӣ намешуд, вале...

Дар навор ба хубӣ дида мешавад, он писарбачаи симои фариштадошта бо дастони кӯчакаш ба модараш барои даровардани он дор ба гардани кӯчаки худ кӯмак мерасонад.

Кӯдак хушбахтона зинда монд. Ин боз кам буд, ки бибии ин писарбачаи бетақдир рафтори духтари аз ақл бегонаашро ҷонибдорӣ мекунад :“Ин набераиман аст. Ана сиҳату саломат гаштааст. Ин корҳое, ки гузашта буд, ҳамааш “шантаж” мебошанд, сохтакорӣ карданд. Ин ба хотири он буд, то шавҳари духтарам гардаду, бо ӯ зиндагонӣ кунад”-шарҳ дод Ҷалолова М, модаркалони Зуҳурҷон.

Корбарони Фейсбук низ аз рафтори ин модари худписанд сахт ба ғазаб омада, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ӯро зери танқиди шадид қарор доданнд ва аз мақомоти дахлдор хостори онанд, ки барои ибрат ба дигар тоифа занон ба ин ҷавонзани сангдил на кам аз ҳашт соли маҳрум аз озодӣ ҷазо дода шавад.
Дастон меларзанд, ашки дида имкон намедиҳад, ки калимаҳои навиштаро аз ҳам фарқ бикунӣ, нафас тангӣ мекунад ва намегузорад, то сухани дилро дар бораи разилли ин модар то ба охир дар рӯйи варақи сафед иншо кунӣ.
Ин ҳодиса аввалин набуд. Моҳи майи соли равон ба ин монанд ҳодиса низ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуда буд, ки дар он падари бераҳм барои талаби маблағ аз модари дармуҳоҷиратбуда писарбачаи хурдсолро зери шаттаю лагад қарор мегирад. Хушбахтона, он марди бераҳм аз ҳақи падарӣ маҳрум ва ба додгоҳ кашида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД