arzon replenishment
Дар фасли зимистон барои бозӣ ба кӯдак чи пӯшондан лозим аст?
1881

  Моҳи декабр ҳам ба тақвим ворид шуд. Дар шаҳри Душанбе ҳанӯз барф наборида бошад ҳам, аксари шаҳру навоҳии дигари кишварамон аллакай барфпӯш гаштаанд.

Фасли зимистон ва боридани барфро махсусан кӯдакону наврасон дӯст медоранд. Бо дидани ҷомаи сафеди замин бачаҳо аз хурсандӣ гӯё пару бол бароварда, ба яхмолакбозӣ мешитобанд.Барояшон заррае фарқ надорад, ки даруни мӯзаашон кулмаки об шудааст ё аз бинияшон об мешорад, бачаҳо хушҳолона дар рӯйи барфу ях метозанду меболанд. Аксаран забони модар аз “хона даро, хунук мехурӣ” гуфтан, дард мекунад, вале фоидае надорад. Аксари волидон яхмолакбозиро кори аз ҳама зараровар ва сабаби асосии теҳз-тез беморшудани кӯдакон мешуморанд.

Оё дар асл чунин аст?

Сайругаш ва яхмолакбозӣ барои кудакон бад нест ва як андоза фоида ҳам дорад, аммо барои бозӣ кардан дар рӯйи барфу ях тайёрии махсус дидан лозим аст. Аксари модарон “ҳаво хунук аст”гуфта, тамоми либоси дохили ҷевонро ба тани кӯдак мепӯшонанд, ки ин чандон дуруст нест. Натарсед, кӯдак аз либоси тунук пӯшидан зуком намешавад, балки аз гармои зиёд ва арақ кардани бадан, яъне тағйири ҳарорати бадан ба бемориҳои мавсимӣ гирифтор мешавад. Беҳтараш ба кӯдак ихтиёр диҳед, ки либосашро худаш интихоб кунад. Ин озодӣ ба фарзанди шумо мустақил буданро ёд медиҳад. Зуком ва бемории пайдарҳам метавонад кӯдаконро ба минингит гирифтор созад, аммо ин беморӣ тамоман ба либос дахл надорад. Албата дар рӯзҳои сард кӯлоҳ пӯшидан лозим аст, аммо бемории минингит вирусӣ аст ва ҳангоми паҳн шуданаш муҳим нест, ки дар сар чӣ ҳаст. Ҳангоми сайругашт кӯдак аз либоси тунук на он қадар хунук мехӯрад, ба шарте сайругашт ҷолиб бошад. Шумо ба кӯдакатон чанд қабат либос пӯшонда ба кӯча бароред ва худатон бо дугонаатон чақ-чақ карда нишинед, кудак дилтанг мешавад ва ҳам хунук мехӯрад. Барои он ки вақти кӯдак хуш шавад ва ҳамзамон хунук нахӯрад, ҳангоми гаштугузор ҳамроҳаш давутоз карда, ба ягон бозӣ машғул шавед. Мубодилаи моддаҳо дар ҷисми кӯдакон аз одамони калонсол фарқ мекунад. Мубодилаи моддаҳо вақти гарм шудани ҷисм фаъолтар мешавад, дар кӯдакон бошад, ин гармӣ аз меъёр андаке зиёд аст. Маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷое, ки калонсолон хунук мехӯранд, кӯдакон аслан сардиро ҳис намекунанд. Ҷойи намнок, вале гарм бошад, барои кӯдакон нороҳаткунанда аст, зеро ҷисмашон аз ҳад зиёд гарм мешавад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД