Ин саҳар чун ҳарвақта Саид - ако ба сӯи духтурхона равон буд, вале чун ҳаррӯза бо майлу хоҳиш не, ӯро ташвишу изтирби ноайёне ором намегузошт...
Аз рӯзе, ки ҳамсараш вафот карду ӯ маҷбур шуд, ки зани дигар гирад, на як рӯзи хуш диду на нафаси озоду беғамона кашид... Аз омадани завҷаи дуюмаш қариб се моҳ мегузашту фарзандонаш ҳанӯз ҳам бо ӯ одат накарда буданд.
Модари ӯгай ба бачаҳо бо чашми ҳасад менигаристу аҳамияти дурусташон намедод. Умедҷони сесола, ки ҳанӯз бӯи модар аз димоғаш нарафа буд, аз қафои модари ӯгай пай ба пай мегашт, вале ӯ бо пушти даст “рав аз ин ҷо” гӯён кӯдакро ҳамеша меронд. Фарзона, ки нав духтарчаи 8-сола буду ҳоло неку бади оламро сарфаҳм намерафт, аз ин рафторҳои моиндараш ҳайрон мешуд.
Саид-ако дар байни ду дарё чун санг лолу карахт буд. Андешаҳо ӯро таъқибкунон ҳеҷ ором намегузоштанд. Хусусан, норозигиҳои Фарзона, рӯз то рӯз зард шудану камҳарат гаштани Умедҷон ва бемеҳрии завҷааш нисбати кӯдакон ҷисму ҷони мардро дарун ба дарун месӯхт. Ӯ ҳоли кӯдаконро бо модари ӯгай дида, танҳо гиря мекарду халос.
Ҳодисаи дирӯза ба ёдаш меомаду сахт аламаш мекард. Ӯ ба ёд меовард, ки Умедҷон дар набудани падару моиндараш гӯшҳояшро дошта, сахт молиш медод. Саид-ако, ки бо гӯшаи чашм ҳолати Умедҷонро наззора мекард, пурсид:
-Ҳа, Умедҷон, гӯшат дард мекунад?
-Не, дадаҷон ҳамту...
Ин вақт Фарзона ба фаҳмонидан сар кард: "Дада, дадаҷон, ман..., не..., мо..." Саид-ако гӯшу ҳуш ба идомаи сухани духтарчааш дод, аммо Фарзона аз нигоҳи чашмони пурғазаби модарӯгаяш ҳаросида, хомӯш монд.
- Хез, Фарзона! Ҷойгаҳи додаратро партофта, бо ӯ хоб кун, ки дер шуд, - гуфт моиндараш бо зарда.
- Апаҷон, чароғро даргирон. Дар гӯшам чизе виҷир-виҷир мекунад, гӯшҳоям дард доранд,- шунида мешуд овози Умедҷон аз хонаи паҳлӯ.
- Не Умедҷон, агар чароғро модари ӯгай фурӯзон бинад, меояду моро ғам медиҳад, - гуфт Фарзона дар ҷавоби хоҳиши додаракаш.
- Дадемба мегӯям, - гуфт Умедҷон.
- Не, агар ба дадем гӯем, пагоҳ дадем, ки ба кор рафанд, ӯ моро боз азоб медиҳад, - гуфт бо алам Фарзона, - хоб кун, ҳозир нағз мешавад. Бо ин суханон хоби бачаҳо бурд.
- Чаро намегузорӣ, ки бачаҳо бо мо каме шинанд? - пурсид Саид – ако аз занаш.
- Чӣ кор мекунанд дар пеши одамони калон шишта? Рӯзи дароз дар кӯча гаштанд, монед хоб раванд. Як дам аз ғурбати ҳамонҳо озод шавем, – гуфт занаш бо хашм дар ҷавоб.
- Чӣ, ту чиҳо мегӯӣ? Вақте ба ман ба шавҳар баромадан-ку, ба ҳамаи азобҳо розӣ будӣ. Чӣ бало зад туро?
- Ман розӣ набудам. Маро ба туи бемаврид маҷбурӣ доданд, - гуфт ҳамсараш аз аспи ҷаҳл нафаромада.
- Ҳар чӣ ҳам бошад, тақдири ману ту ҳамин хел будааст. Ба фарзандонам дуруст нигоҳубин кун, дигараш бароям фарқе надорад, - хоҳиш кард Саид-ако бо нармӣ.
- Тақдир, тақдир мегӯӣ. Чаро танҳо тақдири ман сиёҳ будааст? Медонӣ, ҳатто як мақол ҳаст: "Фарзанди касон намекунад фарзандӣ. Гар тавқи тилло ба гарданаш барбандӣ".
- Хез аз назарам дафъ шав... Гум шав, ки афтатро дигар набинам! Ноинсоф, аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштаӣ. Бар падарат ҳазорон бор лаънат..., - гӯён Саид – ако ба баҳси оншаба хотима гузошт, аммо...
Ӯ қадам мезаду фикру хаёлаш ба хонаву фарзандон банд буд. Мабодо бо онҳо ҳодисае рух диҳад? Қалбаш тез-тез мезад. Ниҳоят қарор дод, ки ба хона баргашта, ба касе нафаҳмонаду бо нардбон ба болои боми хона барояд.
Дар болои бом сумкаашро дар гӯшае пинҳон карду худаш дар ҷои нонамоёне нағзакак ҷо гирифта, нишаст. Аз ҷои шиштаи ӯ рӯи ҳавлӣ чун кафи даст намудор буд. Саид-ако аз рӯи бом рафтори занашро бо бачаҳояш назорат мекард.
То вақти хӯроки нисфирӯзӣ завҷааш аз хона берун наомад. Писарчааш низ намоён нашуд. Фақат Фарзона тез-тез рӯи ҳавлӣ баромаду ҳар бор чизеро гирифта, ба хона гашта медаромад. Танҳо вақте ки офтоб сахт тафсид, модари ӯгай Умедҷони гирёнро аз дасташ кашолакунон сӯи таҳхона бурд. Бо фармони ӯ Фарзона аз болои бом лаъличаеро, ки дар ҷои офтоб меистоду яқинан тафсон буд, гирифту тез вориди таҳхона шуд.
Овози гиряи Умедҷону Фарзона торафт баланд мешуд. Ба дили Саид-ако гӯё алав рехт, оҳиста аз бом фаромада, паси дари таҳхона омад, то бубинад, ки занаш дар ин дарун бо чӣ кор машғул аст. Вай боэҳтиёт аз роғи дар ба дарун нигарист.
Модари ӯгай аз дасти Фарзона бо шиддат лаъличаро гирифта, ба паҳлӯяш гузошт. Сари Умедҷонро маҷбуран ба замин зер карду аз гӯшти дар офтоб кирмкарда якто - якто кирмҳоро гирифта, ба гӯши писарча меандохт.
- Оча, очаҷон! Майлаш андозед, лекин сарамро мехӯрад, сарам дард мекунад! Сарам виҷир-виҷир мекунад. Истед, очаҷон, истед, - илтиҷо мекард кӯдак.
- Бас кун гуфтам, байталмол! Ман ба ту чӯрӣ не, ки рӯзи дароз кор кунаму боз аз рӯи ту худозада аз падари номардат гап шунавам.
Ин овозҳо Саид - акоро аз худ бе худ кард. Яку якбора хунаш ҷӯш зад. Ӯ дигар худро дошта натавонисту бошиддат ба дарун зада даромад. Табари дар кунда халонидашударо гирифту фарёдзанон ба сӯи занаш давид. Бо дидани шавҳари табарбадаст зан дасту по хӯрд ва дар ҷояш шах шуда монд. Кӯдакон низ аз дидани ин манзара тарсида беҳушу бегап ба замин афтоданд.
Саид-ако девонавор занашро кашолакунон сӯи кунда мебурд. Аз фиғони даҳшатбори ӯ ҳамсояҳо дар як дам ҷамъ омаданд. Онҳо гумон карданд, ки Саид девона шудааст ва ҳатто ӯро доштанӣ шуданд. Вале ӯ ҳамаро наздаш хонда, дар ҳузури онҳо ҳодисаи бо чашми худ дидаашро гуфта дод.
- Баъдан, панҷаҳои занашро дар рӯи кунда гузошту "бо ин панҷаҳо ба гӯши фарзандони бегуноҳи ман кирм андохтӣ", – гӯён ангуштони ӯро буриданӣ шуд, аммо ҳамсояҳо ӯро нигоҳ доштанд. Баъди ин ҷавоби занашро ҳамон лаҳза дар шоҳидии ҳамсояҳо дода, ӯро шармандавор аз хонааш ронд.
Аз ин ҳодиса муддати зиёде гузашт. Фарзандони Саид - ако солим ба камол расиданд, аммо садои Умедҷон: "Дадо, дадаҷон ёрӣ деҳ! Оча, очаҷон, кирмҳои майдаашро андоз. Калонаш азоб медиҳанд, сарамро мехӯранд..." дар гӯши Саид-ако ҳанӯз ҳам садо медод.
Шабнами Мусайям,
сокини шаҳри Хуҷанд
P. S: Ин ҳодиса чанд сол пеш рух додааст, аммо ҳанӯз ҳам моиндарони золим кам нестанд. Ман ин воқеаро ба он хотир ба қалам додам, ки барои моиндарони золим дарси ибрат шавад.