Эшонзода
Авлодони Зиёрат пушт ба пушт саидзода гузашта буданду мардум онҳоро эшон гуфта, ҳурмату эҳтиром мекарданд. Зиёрат низ эшони Қуръон буд ва даму дуояш бисёр касалиҳоро шифо мебахшид. Беморон аз роҳҳои дур бо назру ниёзи зиёде ба дараш меомаданд ва ӯро таърифу тавсифи бисёре карда мегуфтанд: “Даму нафаси эшон бисёр зӯр аст, ғайр аз марг дигар ба ҳама дард даво мешавад...” Одамон ҳанӯз субҳ надамида ба хонаи эшон меомаданд, то илоҷе карда, ба назди ин “назаркардаи Худованд” дароянд ва тӯмори кушоиши бахту кор бигиранд ё эшони Зиёрат онҳоро дуохонӣ кунад.
-Чанд сол боз фарзанддор намешавем, омадем, ки дуои эшонро гирем,-мегуфт яке.
-Ба писарам ҷин асар кардааст, хабари ҷинбарории эшонро фаҳмида, аз роҳи дур ба ин ҷо омадем,-арз мекард дуюмӣ.
-Бахти духтарам бастагӣ. Мегӯянд, ки таштовҳои медодаи он кас бахтро мекушояд,-бо умед мегуфт сеюмӣ....
Хулоса, ҳамарӯза дар паси дарвозаи хонаи Зиёрат ҳоҷатмандони зиёде аз дуру наздик ҷамъ омада, навбат мепоиданд, вале...
Ғуломи пул
Таърифу тавсифи Зиёратро шунида ба наздаш одамоне, ки мехостанд вазифаҳои равғаниро соҳиб шаванд, меомаданд. Эшон ба онҳо тӯмори кушоиши кор медод ва даҳону забони рақибонашонро чунон мебаст, ки дигар лаб кушода натавонанд. Мизоҷони киссағафсаш бар ивази ин хизматҳои эшон “бобои эшон, бигиред, ин аз нӯги хамир фатир” гӯён, ба наздаш даста-даста пулҳои сабзаки хориҷиро гузошта мерафтанд. Рафта-рафта Зиёрат чунон ғуломи пул шуда монд, ки дигар мардуми камбағалро қабул намекард. Вай ошкоро ба аҳли оилааш мегуфт: “Ман ахмақ шуда чандин сол ба ин почакандаҳо хизмат карда гаштам, аз ин пас дигар ин корро намекунам. Касе, ки мехоҳад мушкилаш осон шавад, аввал кисаашро пур карда, баъд дари маро кӯбад. Хоҳанд ҳамин, нахоҳанд ихтиёрашон!”
Баланд рафтани нарху навои тӯмору таштоб ва даму нафаси эшонро шунида, мардуми камбағал оҳиста-оҳиста пою қадамашонро аз даргоҳи вай канданд, зеро на ҳар кас қудрати қонеъ сохтани нафси мисли ғор бе таги ин эшонзодаи номдорро дошт.
Эшони мағрур
Аз ҳисоби мизоҷони серпул ва дасткушодаш эшони Зиёрат дар як муддати кӯтоҳ зиндагиашро пурра дигаргун намуда, ба қавли худаш “ба қатори одамон” даромад. Акнун ҳаққу ҳамсояҳо ба хонаи нави дакаданги эшон, ки аз се ошёна иборат буд, бо ҳавас менигаристанд, Эшони Зиёрат бошад, бо мошини хориҷии қиматбаҳояш чангу ғубори кӯчаро ба ҳаво хезонда аз назди мардум мегузашт. Дар маъракаҳо ба дигарон салом додан он тараф истад, вай ҳатто саломи баъзе камбағалонро алейк намегирифт...
Ҷодугар
Аз қабристони деҳа мардум лӯхтакҳоеро пайдо мекардагӣ шуданд, ки то миён дар ин ё он гӯри куҳна таги хок карда шуда буданд. Аҳли деҳа зуд фаҳмиданд, ки ин амали дасти кист, зеро ба касе пӯшида набуд, ки эшони Зиёрат бар ивази пулу моли дунёӣ гӯру қиёматашро сӯхта, каломи раббонӣ як тараф гузошта, ба сеҳру ҷоду даст задааст.
Дар масҷиди деҳа пирони рӯзгордида маҷлис ороста, кору кирдори Зиёратро мавриди муҳокима қарор доданд. Зиёрат худаш ҳам дар он ҷо ҳузур дошт. Аниқтараш ӯро омада бо даста аз хонааш ба масҷид бурда буданд, то ҳушдор диҳанд, ки корҳояш хилофи дину оини ислом аст. Хешу табори эшон аз кирдорҳои вай шарм дошта, қатори мардум хуб носазояш гуфтанд.
-Аз амалҳои пурширкат даст мекашӣ ё аз деҳа баромада меравӣ,-хулоса бароварданд калонсолон.
Эшони Зиёрат ваъда дод, ки аз ҷодугарӣ тавба карда, минбаъд маризонро бо каломи Худо табобат мекунад, вале...
“Бозёфт”-и булаҷаб
Мардум ба ваъдаи эшон бовар карда буданд, вале ҳамагӣ як ҳафта пас дар соҳили дарёчаи деҳа писарбачаҳо оббозӣ карда, ҷасади гурбаи сиёҳеро пайдо карданд, ки дар танаш ресмонҳои гуногуни пургиреҳ печонида шуда буд. Бачаҳо дарҳол дар ин бора ба волидайнашон хабар доданд, вале падару модарон “ягон кӯдаки бадфеъл ба ҳайвони бечора зулм карда, онро бо ресмонҳо баста куштагист” гӯён, аҳамият надоданд. Беҳуда “Асои Худо садо надорад” нагуфтаанд, як шаб ҳамсояи эшони Зиёрат барои қазои ҳоҷат ба берун баромад ва тасодуфан чашмаш ба хонаи эшон афтид. Марде дар торикӣ дар ҳавлии эшон дуздона ҷунбуҷӯл дошт. Бо гумони он ки ба ҳавлии эшон дузд даромадааст, вай наздиктар рафт ва зеҳн монда нигарист. Дар равшании чароғи хирасӯз ҳамсояаш эшони Зиёратро шинохта, ҳайрон шуд, ки дар ин нимаи шаб эшон дар даруни замин чӣ кор мекарда бошад. Осемасар заминро канда, чизеро таги хок кардани эшон мардро ба ҳайрат овард ва баъди оне, ки эшон ба хонаи хобаш даромада, чароғро хомӯш кард, ноаён ба ҳавлии ӯ гузашта, чизи таги хок кардаи эшонро аз таги замин дубора канда баровард ва ба халта андохта ба хонаи худаш овард...
Ҳукми пирони деҳа
Саҳар ҳамсояи Зиёрат “бозёфт”-и шаб аз хонаи эшон пайдокардаашро ба масҷид бурда ба одамоне, ки ба намози бомдод омада буданд, нишон дод. Бо дидани ҷасади мурғи калакандаи бо ҳафт намуд ришта басташуда мардум пай бурданд, ки эшон ба аҳдаш вафо накарда, ҳамоно сеҳру ҷодугарӣ мекунад ва аз нав маҷлис ороста, қарор бароварданд, ки барои ин ҷодугари худозада дар деҳаи онҳо дигар ҷой нест, бигзор кӯчу бандашро гирифта, аз қишлоқ баромада равад!
Рондашуда
-Се рӯз муҳлат, лашу луш ва кӯчу бандатро ғундору ба куҷое, ки меравӣ, рав!-Аз ҷониби ҳама амр кард раиси қишлоқ ба эшони Зиёрат.
-Майлаш, агар аз рафтани ман шумоён хурсанд шавед, ман аз деҳа баромада меравам, аммо зану фарзандонам дар корҳои ман қуш нестанд. Бигзор онҳо дар хонаву дарам зиндагӣ карда гарданд,-бо сари хам гуфт эшон ва худи ҳамон рӯз ҷомаашро гирифта баромада рафт.
Ба куҷо рафтани эшонро касе аз ҳамдеҳагон намедонист, вале як сол пас писари калонаш хабар дод, ки падараш дар яке аз ноҳияҳои назди шаҳр зиндагӣ мекунад ва зани ҷавону хонаю дари боҳашамат дорад. Назар ба гуфти писараш, эшони Зиёрат на танҳо дар ҷойи нави зисташ, балки дар тамоми навоҳии гирду атроф низ ном бароварда, ихлосмандони зиёде доштааст, аммо...
Васият
Оҳиста-оҳиста мардуми деҳа аз паси кору бори зиндагии хеш овора шуда, эшони Зиёратро қариб фаромӯш карданд, аммо хабари аз олам гузаштани эшон боз дар байни мардум ғул-ғула афканд. Писари эшон ба назди калони деҳа омада бо сари хам гуфт:
-Падарам пеш аз маргаш ба ман васият кард, ки ӯро дар ҳамин ҷо, дар қабристони деҳа, дар назди падару модараш ба хок супорем...
Чашмони пуроби ҷавонро дида дили мӯйсафед ба ӯ сӯхт ва оҳи сард кашида гуфт:
-Ҳар неку баде, ки падарат дар зиндагиаш карда бошад, ҷавобашро дар назди Худованд худаш медиҳад. Майлаш, мурдаро ба қишлоқ оварда дар қабристони деҳа дафъ кунед. Ман мардумро ба ҷаноза хабар мекунам.
Гӯри оташгирифта
Писарону бародарони Зиёрат мурдаи эшонро ба деҳа оварда, мувофиқи расму таомул ба хок супурданд, вале шабона аз тарафи қабристон баланд шудани дуди сиёҳе ҳамаро ба даҳшат овард. Мардум аз хонаҳояшон баромада бо чашмони худ диданд, ки гӯри эшони Зиёрат оташ гирифта, дуди сиёҳи он ба фазо мепечид ва гиребони тавба дошта, Худоро зорӣ намуданд, ки гуноҳҳои эшонро авф намуда, руҳашро аз азоби оташи сӯзони ҷаҳаннам озод созад...
Оташ гирифтани гӯри эшон ба хурду калони деҳа сабақ гаштааст ва то ҳол касеро маломат карда аз роҳи хато баргардонданӣ шаванд, албатта мегӯянд: “Ту мисли эшон бисёр ба ишқи пулу мол дода шуда истодаӣ, ҳушёр шав, боз гӯрат мисли гӯри эшон дарнагирад!”
Мо ин қиссаро ба он хотир рӯйи чоп овардем, ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва барои молу мулки дунёӣ шуда, охираташонро бо дасти худ барбод надиҳанд!
Наргиси Муродалӣ