Модари панҷ фарзандам. Духтаронамро оиладор карда, бо се писарам, ки пайи зангирӣ ҳастанд, зиндагӣ мекунам. Бачаҳоям кайҳо ба синну соли зангирӣ расидаанд, вале аз рӯи падарашон наметавонам поямро бо нияти хостгорӣ ба дари хонаи ягон духтардор гузорам. Мардакам арақхӯр аст, ҳар бегоҳ масту аласт омада, дар назди ҳаққу ҳамсояҳо консерти бепул нишон медиҳад.
Бачаҳоям аз шарми падари бадмасташон дар назди дӯсту душман сар боло карда наметавонанд. Зиндагиамон серу пур, хонаву дари ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз дошта бошем ҳам, як бурда нони беғам намехӯрем. Мардаки сарсафеди ман дар вақти мастияш чунон корҳое мекунад, ки ногуфтанӣ. Ҳама чизи аз пеши роҳаш баромадаро зада мешиканад, ману фарзандонамро дашномҳои болохонадор дода, ҳавлиро ба сараш мебардорад. Намедонем сарамонро ба кадом дар занем, чунки ба ин марди ғуломи шароб гашта на гапи сахт таъсир мекунад, на панду насиҳат. Ҳоло, ки келин надорем, «сари кафида зери тоқӣ» гуфта ба тақдир тан дода мешинем, вале фардо писарҳоямро зан диҳам, магар арӯсонашон сирру асрори моро пинҳон медоранд? Боварӣ надорам, ки ягон духтар дар шароити хонаи мо тоқат карда шинад. Метарсам, ки бо сад умеду орзу писаронамро зан медиҳаму як моҳ нагузашта келинҳо қаҳр карда баромада мераванд. Ману писаронам сарҳисоби корамонро гум карда, чӣ кор карданамонро намедонем. Албатта ман ҳам мисли тамоми модарон мехоҳам писаронамро хонадор карда, орзую ормон шиканам, вале дидаю дониста фарзанди як одами дигарро ба чунин муҳити ба дӯзах монанд овардан магар аз рӯйи инсоф аст? Намедонам то ба кай ин ҳол давом мекарда бошад. Ҳамсолони писарҳои ман кайҳо бачадор шуданд, ин бечораҳо бошанд аз рӯйи падари бадмаст то ҳол сари танҳо мегарданд. Метарсам, ки думи беваҳои хонадорро гирифта баромада нараванд. Ба шавҳарам тавассути сомонаи шумо гуфтаниям, ки тоқати мо тоқ шудааст, агар арақхӯрияшро напартояд, ману писаронам баромада меравем, хонааш ба худаш насиб кунад!
Шавҳари Майсара:
Арақро бо пули худам мехӯрам
Ба нӯшидану нанӯшидани ман кори касе набошад, ман арақро бо пули худам мехурам. Аслан дар дилам гапу алами бисёре дорам, вале ягон розшунав надоштам, ки дарди дил кунам. Имрӯз, ки занам ба шумо муроҷиат кардааст, аз худаш гила кунад. Ман ҳам маддаи диламро мекафонам, то мардум донанд, ки дар хонаи мо чӣ гап аст. Баромада меравем гуфта маро натарсонанд, раванд рафтан гиранд, чор тарафашон қибла! Аз минбари «Оила» ба занам гуфтаниям: Занаки аблаҳ, бо писарони бепулу бе корат чӣ ин қадар дағдаға мекунӣ? Хаёл кардӣ, ки дар ин замонаи душвор бо бачаҳои эркаат зиндагии шоҳона мекунӣ? Хобатро рафта ба об гӯй. Ту нони тайёрро хӯрда дар сояи давлати Мирзо катагӣ карда гаштаӣ, агар як рӯз набошам, ба гадоӣ мебароӣ! Як бор ба худат савол додӣ, ки барои чӣ ман арақ менӯшам? Аз ҷак-ҷаки туву аз проблемаи зиёд. Худо накарда як рӯз агар дегат бе гӯшт монад, саг барин ҷакида бо пичингу кинояҳоят ҷонамро ба лабам мерасонию боз шарм надошта дар газета худатро мӯсичаи бегуноҳ нишон додан мехоҳӣ?! Фарзандонатро мисли духтар эрка карда, гули чизро хӯрондаву гули чизро пӯшонда, имрӯз ман барои шумоён арақхӯри худозада шудам?! Агар аз чунин зиндагиву чунин шавҳар ор мекарда бошӣ, чор тарафатон қибла, ба куҷое мехоҳед, баромада равед! Дониста бош занак, ҳамин рӯз ту аз хона равӣ, пагоҳаш духтари очааш мучӣ накардагиро ёфта мегирам, ана баъд аз дур зиндагии шоҳонаи маро тамошо карда, оби дида мерезӣ, вале он вақт дер мешавад…
Маслиҳати равоншинос:
Мушкили ин хонавода решаи хеле чуқур дорад. Маълум мешавад, ки Майсара дигар мушкилоти оилавиашонро пинҳон дошта, танҳо арақхӯрии шавҳарашро гуфтаасту халос. Албатта мо шавҳари Майсараро сафед карданӣ нестем, вале зан низ чандон бегуноҳ нест. Мирзо, шумо бояд пеш аз ҳама саломатии худатонро эҳтиёт намоед. Фаромӯш накунед, ки нӯшидани арақи зиёд касро ба беморҳои ҷиддӣ аз қабили сиррози ҷигар гирифтор карда метавонад. Баъдан, арақ мушкилатонро осон намесозад, шумо бояд бо ҳамсаратон ошкоро гуфтугӯ намуда, хатогиҳои якдигарро фош созед ва кӯшиш намоед, ки мушкилоти оилавиатонро бо маслиҳату машварати якҷоя ҳал кунед. Зани ҷавон мегирам гуфтаед, беҳтараш ин фикри хомро аз саратон дур намоед. Зани ҷавон зудтар шуморо ба он дунё гусел карда хонаву даратонро соҳиб мешавад.
Майсарахон, вақте мард пир шуд, андак инҷиқ мешавад. Бо куртаҳои рангорангу зиндагии шоҳона шумо хушбахт намешавед. Шумо ҳамчун зан бояд фикри мардакатонро ҳам кунед. Хуб мешуд, ки ҳарду сар ба ҷайби андеша кашида, фикри ояндаи фарзандонатонро кунед. Дар чунин синну сол шумо бояд барои фарзандонатон намунаи ибрат бошед, на боиси сархамиву шармандагии эшон.