Arzon march 2024
БАЧАИ ХУШРӮЯМ ГУФТА БО ҲАМА ҲАМХОБА ШАВАМ?
14109

Ҷавони 18-солаам. Ҳусни худодод дорам. Падарам мегӯянд, ки ин ҳусн аз раҳматии бобоят ба ту мерос мондааст.

Аслан духтарбоз нестам, чунки моро аз хурдӣ дар руҳияи динӣ тарбият намудаанд ва гуноҳи азим будани чунин корҳоро хуб медонам. Ҳар саҳар намози бомдодамро хонда ба дарс меравам. Кӯшиш мекунам, ки ба чашми ягон духтар нигоҳ накунам, аммо духтарони зиёде аз пасам кашола мешаванд. Ба ҷои он, ки ман ба онҳо гап партоям, худи духтарҳо пеши роҳамро дошта, изҳори муҳаббат мекунанд. Қаҳрам омада баъзан дашномашон медиҳам, то ки ин духтарҳои бе шарму бе ҳаё аз ман дур шаванд, аммо онҳо ҳеҷ гапро намефаҳманд, ки намефаҳманд.

Аз дасти зебосанамҳо рӯз надорам, духтарони ҳамсабақам ба телефони дастиям пул гузаронда, sms- ҳои ошиқона мефиристанд. Инаш бахайр, занҳои бе шавҳар ҷонамро ба лабам расондаанд. Ҳавас хӯрда тарафам чашмак мезананду худашон рақами телефонашонро медиҳанд ва хоҳиш мекунанд, ки ҳатман занг занам. Занг намезанам, рӯзи дигар пеши роҳамро дошта, мисли муфаттиш допрос мекунанд, ки барои чӣ занг назадам. Безор шудаам аз ҳамин чашму абрӯвони зебо ва худ ба худ мегӯям, ки наход бобоям ҳам мисли ман ранҷ кашида бошад. Ҳайрон мондаам, ки бо ин занҳои дилдода чи кор кунам. Шарм медорам ба падарам бигӯям, ки занону духтарҳо ҳамеша пеши роҳамро гирифта ба ман изҳори муҳаббат мекунанд ва ин шилқинҳо ҷонбезорам кардаанд. Метарсам, ки духтарон ба хонаамон хостгорӣ наоянд. Наход дар вуҷуди духтарони тоҷик заррае шарму ҳаё намонда бошад? Дод аз дасти чунин духтарони беҳаё!
Муҳаммадҷон, аз Гидразоли н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(10)
УЛУГБЕК ДАНГАРАГИ 2019-10-07, 18:44
ХАЙ МУМКИН АЗ ДУХТАРХО КАРЗ ГИРИФТАГИ ХАСТИ КАРЗДОР КАРЗАШРО МЕПУРСАД ИН БАЧАИ НОЗАНИН АЗ КАДОМ МИНТАКАИ ТОЧИКИСТОН БОШАД
Посух
Бахтак 2019-10-07, 23:07
Ба фикри ман ин бача ё сода аст ё нисерёзни бачаи серёзниро ихели занако прикол намекунад
Посух
САБРИНА 2019-10-08, 12:02
Ин писар ба тамоми занхо ва духтарон тахкирро раво дидааст.. Бинед чи гуфтааст: "Наход дар вуҷуди духтарони тоҷик заррае шарму ҳаё намонда бошад?" Ин худаш чи гуфтани гап, сад хайфи хамон хусну чамоли зебо... Худованд хуснат додаст, аммо афсус ки аклат комил нест.....
Посух
Точик 2019-10-08, 12:05
Аз худо тарсидан даркор бародаро на аз духтархо
Посух
Хамватан 2019-10-08, 13:29
Номзадиатро ба депутати пешниход кун мухлисонат дастгири мекунанд.
Посух
Abdullo 2019-10-08, 13:31
Кани як суратона партоед бинем, албатта ки Юсуф нести ку
Посух
Суди Олӣ 2019-10-08, 20:50
На ҳар ки чеҳра барафрухт дилбари донад На ҳар ки оина созад сикандари донад . Ин корро одами боақл наменависад. Ба монанди ин писар чандин шахсон ҳастанд. Аммо таъриф намекунанд. Доно аспро таъриф мекунад, нодон худашро
Посух
Jomi 2019-10-09, 17:38
Неки ба фикрам чени Юсуфи наби боши ё зеботар бдай х????
Посух
Sherzod Jomi 2019-10-24, 19:17
Сагера леки тема кади хтта . Агар гапат рост боша леки габ нест ...Худован хидоятат гардааст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД