Arzon march 2024
Дар дӯзахи хушдоман
3163

 

Ҳабибаро ба хонаи бегона не, ба хонаи тағои худаш арӯс карда бурданд. Онҳо хешу табори наздик бошанд ҳам, Ҳабиба феълу хӯйи аҳли ин оиларо намедонист, зеро танҳо замони кӯдакӣ ду-се бор ба хонаи тағояш меҳмон шуда буду халос.

Он вақтҳо шавҳараш Раҳмон мисли худи Ҳабиба ба қавли кампиракон «як бачаи фисин» буд.

Падари Раҳмон Амон ба хонаи хоҳараш Наврӯза хостгорӣ омаду модари Ҳабиба сухани акаи калонашро нашикаста, розигӣ дод, ҳарчанд феълу атвори янгааш Сафармоҳро хело хуб медонист. Медонист, ки янгааш зани баддаҳону хасис аст, вале боз андеша кард, ки тағояш албатта Ҳабибаро хору зор шудан намемонад.

Заҳри хушдоман

Тақдиру насибаш аз азал чунин будааст, ки Ҳабиба ба хонаи тағояш келин шуда омад. Ҳанӯз рӯзи аввалини ба ин даргоҳ омадан арӯсак ба рӯи ҳавлӣ баромада, қошу қавоқи овезони хушдоманашро диду дилаш якбора сип-сиёҳ шуд. Ба назар чунин мерасид, ки янгааш бо касе сахт ҷанг кардааст. Ҳабиба оҳи сард кашида аз пайи рӯбучини хонаву дар шуд. Поруи дар ҳавлӣ баъди тӯй ҷамъшударо рӯфта, дар пухтани хӯрок ба авсунҳояш, яъне зани бародари шавҳараш ёрӣ расониду баъд барои ивази либосҳояш ба хона даромад, зеро ҳис кард, ки либосҳояш бӯи дуд гирифтанд. Охир ӯ келинчаки якрӯза чӣ тавр бо чунин либос дар назди аҳли оилаи домоди нав мегардад. Либос иваз карда баромаду аз хушдоманаш гап шунид, янгааш ба сараш дӯғ зад, ки минбаъд тез-тез либос иваз накунад. Ҳабиба «хуб шудааст» гуфту бо дили шикаста аз паи кораш шуд.

Бегоҳ шавҳараш Раҳмон чанд қуттии қанду печени оварда ба дасти Ҳабиба дод ва хоҳиш кард, ки шириниҳоро дар хонаи худашон монанд, зеро сермеҳмонанду чашми кӯдакон ба қанду қандалот афтад, як донааш ҳам намемонад. Ҳабибаи аз феълу атвори хушдоман бехабар, гуфтаҳои шавҳарашро ба ҷо овард. Аз куҷо медонист, ки баъди чанде ин кораш ба сараш бало гашта сабаби ҷанҷоли хушдоманаш мешавад. Вақте ки рӯзи дигар меҳмонон омаданду Ҳабиба лаъличаҳои шириниро аз хонаи худаш бароварда наздашон овард, хушдоманаш дод зад:

-Ҳа, занкалон! Аз зиндагият ду рӯз нагузашта, аллакай ҳама чизро ба ихтиёри ин тирмизак додӣ? Оғӯши занро дида дар як дам модаратро фаромӯш кардӣ?! Акнун занат дуздӣ карда, як лаълӣ қандро ба назди меҳмонҳо барорад, дутои дигарашро ба хонаашон мефиристад!

Аз шунидани ин туҳмат Ҳабибаро гӯё барқ зад. Арӯсаки бечораро гиря гулӯгир карду бо ду даст рӯяшро пӯшида ба сӯи хонааш шитофт. Вай бо чашмони гиряолуд қуттиҳои қанду қандалотро аз хонааш бароварда ба назди хушдоманаш бурда монд ва барои ин кораш ҳам боз гап шунид. Пас аз ин Ҳабиба ягон чизи шавҳараш овардаро дар хонааш роҳ намедод. Раҳмон ҳам аз тарс чизе, ки харид мекард, ба дасти модараш месупорид.

Моҷарои гӯшт

Як рӯз пеш аз ид Раҳмон хариди хушрӯй кард, зеро медонист, ки ба хонаашон меҳмони зиёде келинбинӣ меоянд. Баробари дигар хӯрданиҳо шаҳбача гӯшти зиёд харида овард, то дар назди меҳмонон хиҷил нашаванд. Ҳамкорони Раҳмон ба меҳмонӣ омаданд ва шаҳбачаи аз харидаш дилаш пур аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки барояшон кабобча пазад. Ҳабиба ба шавҳараш хабар дод, ки модараш ба куҷое меҳмонӣ рафтаасту дари анҷомхона баста аст. Раҳмон чӣ кор карданашро надониста аз паи ҷустуҷӯи модар шуд ва ӯро аз хонаи ким-кадом ҳамсоя ёфта гуфт:

-Хайр худатон, ки ба меҳмонӣ рафтед, чаро дари анҷомхонаро руст мекунед?! Медонед, ки меҳмон омаданаш мумкин…

-Ин зани ту дузд аст, дарро кушода монам, ҳама чизро медуздад,-иддао намуд хушдоман.

-Модарҷон, зани ман дуздӣ карда, куҷо мебарад?! Падару модараш фарсахҳо аз ин ҷо дур зиндагӣ мекунанд. Баъдан, онҳо муҳтоҷи чизи хонаи мо нестанд. Ҳамин гапҳои беҳуда чӣ лозим,- даст афшонд Раҳмон ва ба балои бад гирифтор шуд. Модараш «ту боз пуштии занатро мегирӣ» гуфта, қиёматро қоим кард. Як илоҷ карда, ӯро ором намуданду меҳмононро бо обу иззат гусел карданд, вале пас аз ин рӯзи Ҳабиба боз ҳам сиёҳтар шуд. Акнун вай мисли ғулом аз саҳар то бегоҳ хизмат кунад ҳам, ҳаққи ба чизе даст расондан надошт.

Канизак

Чор хоҳарарӯс дасташонро ба оби хунук намезаданд. Ҳама кор ба зиммаи Ҳабиба буд, вале ҳангоми хӯрокхӯрӣ пасмондаи хӯрок, ки бисёр вақт бегӯшт ва оби холӣ буд, насиби келин мешуд. Шавҳараш ҳамаи инро бо чашми сараш бинад ҳам, чизе гуфта наметавонист. Раҳмон ҳатто метарсид, ки барои занаш хокаи дандоншӯиву собуни рӯйшӯӣ биёрад. Бечора Ҳабиба ҳангоми саршӯӣ аз пасмондаи собунҳои хоҳарарӯсҳояш истифода мебурд. Либосҳояшро ҳам бо собунчаҳо мешуст. Хоҳарарӯсонаш аз ин кори Ҳабиба бохабар шуда, ӯро ба собундуздӣ айбдор карданд.

Хушдомани золим

Карсони нонро болои сараш монда хушдоманаш намегузошт, ки Ҳабиба бе иҷозат аз он нон гирад. Буданд рӯзҳое, ки арӯсаки бечора бо ашки шашқатор аз хушдоманаш нони худаш пухтаро металбид, вале янгааш «ҳозир хӯрда будӣ-ку» гӯён ба сараш ардаба мекарду вай ночор бо дили гурусна хоб мерафт.


Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи шаҳри Маскав парвандаи рэпери тоҷики муқими Русия Самариддин Раҷабовро 100 ҳазор рубл ҷарима баст ва озод кард.

 


Ба чунин азобҳо тоқат карда, Ҳабибаи сарсахт соҳиби чор фарзанд шуд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кӯдаконаш хурдакак буданду азоби Ҳабиба даҳчанд гашт ва шавҳараш барои кор ба Русия рафт, то ҳоли оилаашро беҳтар созад.

Асои Худо садо надорад

Дар ин миён ду бародари шавҳараш ва тағо-хусураш, ки хеле пир шуда буд, қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гаштанд. Хонаашон ба мотамхона мубаддал гашт. Хушдоманаш Сафармоҳ ба ғами фарзанду шавҳараш тоқат карда натавонист. Аз ғам фишори хунаш баланд шуда, як тарафаш тамоман аз кор монд. Забонаш ҳам гирифта, гапашро ба зӯр мешунидӣ. Ғулдур-ғулдур карда гап мезад. Духтаронаш шавҳар карда рафтанд. Бародарони Раҳмон пеш аз ҷангҳо хонаҳояшонро ҷудо карда баромада рафта буданд ва дигар ба ҷуз аз Ҳабибаву кӯдаконаш касе ба доди кампир намерасид.

Хушдоман, ки ба Ҳабиба азобҳои зиёдро раво дида буд, акнун дар назди Ҳабиба музлиму бемор мехобид. Ҳабибаи сабур, ки солҳои дароз ба ҳамаи азобу уқубатҳои хушдоманаш тоқат карда буд, боз раҳмаш омада то охирин рӯзҳои умраш кампирро нигоҳубин кард. Чор духтар дошта бошад ҳам, ягонтоашон ақаллан як рӯз Сафармоҳи музлимро парасторӣ накарданд. Боз ҳамон Ҳабибаи ҷабрдида, ки ба қавли худаш зиндагӣ ӯро «дузд» карда буд, хушдоманашро то нафаси вопасин мисли гул тозаву озода нигоҳ дошт ва бо обрӯ ба хок супорид.

Биёед, келинҳоро ҳам мисли духтаронамон дӯст дорем, хушдоманҳои азиз! Он ҳам фарзандони мо ҳастанд!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД