Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи шаҳри Маскав парвандаи рэпери тоҷики муқими Русия Самариддин Раҷабовро 100 ҳазор рубл ҷарима баст ва озод кард.
Самариддини 21-сола, ки бо тахаллуси MarDD рэп мехонад, рӯзи 27 июл дар маркази шаҳри Маскав дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии зидди ҳукумати кунунии Русия дастгир шуд ва дар маҷмӯъ 3,5 сол ҳукми зиндон шуд. Ӯро ба он айбдор мекарданд, ки ба тарафи кормандони пулис зарфи обро ҳаво дода, дар зеҳни онҳо «эҳсоси хатар»-ро эҷод кардааст. Самариддин, ки ин иттиҳомро рад мекард, дар сухани охиринаш дар додгоҳ шеъри нав навиштаашро дар сабки рэп қироат кард:
Мне двадцать один,
Я сам себе господин.
Свобода - то, что в сердце, остальное - детали,
Студенту - ИВС, а прокурору - медали.
Не нарушал закон, не трогал людей в погонах,
Но дело заказное, они сажают любого...
Додраси додгоҳи ноҳияи Мешанскийи шаҳри Маскав Татьяна Бараковская рӯзи 24 декабр ҷавони 21-солаи зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро 100 ҳазор рубл ҷарим баста, бо назардошти қариб 5 моҳи пушти панҷара қарордоштанаш ӯро аз муҷозот барои таҳдиди зӯрӣ нисбат ба се афсари пулис озод кард.
Барои пуштибонӣ аз Самариддин Раҷабов ҳудуди 70 нафар, аз ҷумла рэперони шинохтаи рус Оксимирон ба додгоҳ омаданд.