Sebiston new 2024 october
Нигина бо суруди "Маринес" Бадахшонро тасхир кард
3029

 

Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик суруди машҳури мардуми Бадахшонро бозхонӣ намуд, ки дар як муддати мадид тамоми мардуми Бадахшонро тасхир кард ва эшон ба санъаташ аҳсант хонданд.

Суруди “Маринес”-робо услуби нав Нигина Амонқулова сароида пешниҳоди халқ гардонд, ки , даҳҳо ва ҳазорон шефтагони ҳунараш аҳсант хонданд.

Амонқулова бо забони шуғнонӣ месарояд, “Фук ринесат, илтимос веф гапен маринес, фук ринесат илтимос веф хабен маринес, узта тем рӯзо аз ту хез, тар ига ҷоят тар ига макӯн, илтимосум, илтимосум веф мо хатен мабинес”, ки тарҷумааш ба тоҷикӣ -
“Ҳамаро фаромӯш кунӣ ҳам, илтимос он гапҳоямро ёд дор,
Ҳамаро фаромӯш кунӣ гар, он шабҳоро аз хотир набарор,
Рӯзе меравам ба дигар ҷою макон,
Лек илтимос номаҳоямро нигоҳ дор”, мебошад.

 


Душманони Нигина бо дидани ҳусну ҷамоли ӯ гирди номаш тӯҳматҳои зиёдро печонида, овоза кардаанд, ки Нигина бо истифода аз доруҳои гуногун худро лоғар кардааст.


Ӯ дар идома суол мегузорад, ки “узта чирд хо нозум, узта чирд хо розум, узта чирд дигар хо хатен бозум” – “дигар ба кӣ менозам, роз мегӯям, барои кӣ дигар, номаҳо мефиристам”.

“Зимистон мис навжид ят баҳор,
Хо ҷонум чуд то чат хорат зор,
Узта тем рӯзо аз то хиз тар ига ҷоят,
Тар ига макӯн, илтимосум мо дил мак малол”, - сурудаст Нигина.

Амонқулова дар идома бо оҳанги дигари базмии мардумӣ меомезаду бо забони тоҷикӣ дар бораи мастию майпарастӣ ва ҳиҷрону васли ёрон месарояд.

Суруди "Маринес"-ро, ки Нигина бозхонӣ кард, соли 2017 Ширинмоҳ Ниҳолова хонда буд ва тайи солҳои аз ҷумлаи сурудҳои машҳур дар ВМКБ ба шумор мерафт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД