Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова ба ҳашари пахтачинӣ баромад. Нигини саҳнаи тоҷик бо дастони нозакаш тиллои сафедро ҷамъоварӣ карда, бо нашри чанд акс аз майдони пахта дар саҳифаи Фейсбук ва Инстаграмаш аз рафти ҷамъоварии ҳосил хабар додааст. Қисми зиёди корбарони шабакаи Фейсбук дар зери ин аксҳо нашру коментария навишта, ба зани тоҷик зебанда будани ҳама кор, аз ҷумла пахтачиниро васф намудаанд.
Ҳафтае қабл як гурӯҳ ҳунармандони шаҳри Бохтар низ барои кӯмак ба деҳқонон дар ҷамъоварии тиллои сафед ба ҳашари пахтачинӣ баромада буданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аюбӣ, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саидалӣ Сабзов, аълочиёни фарҳанги ҷумҳурӣ Отахон Саидов ва Ойимгул Давлатова бо хоҳиши худ ба пахтачинӣ баромада, аз дигарон низ даъват ба амал овардаанд, ки дар ин амали хайр ширкат варзанд.
Солҳои охир дар Тоҷикистон мисли замони Шӯравӣ ба ҳашари пахтачинӣ ҷалб кардани омӯзгорону хонандагон ва санъаткорону аҳли фарҳанг ба қавле мӯд шуда истодааст.