Arzon march 2024
Гаҳворатобут                              
3366

 

 

Ҳама асрор дер ё зуд ифшо хоҳад шуд… 
(Антуан де сент Экзюпери)

Бародари калонии Нурсултон Нуриддин, ки худи ҳамин шаб, бегоҳи душанбе бо духтари Фатҳулло номзад шуда буду баҳрашон нон шикаста буданд, пеш омад ва ба назди раис зону бизаду дасташро гирифта овоз баланд кард:

-Амаки Раис!?

-…?

-Ман аз кори Нурсултон шарм мекунам…

-Ту чӣ гуноҳ дорӣ бачем?

-Намехоҳам ин доғ дар ҳафт пушти авлодамон монад. Ман ба Заҳро оиладор мешавам,  не нагӯед амак , ваъда медиҳам, ки ӯро хор намекунам,  илтимос амак, не нагӯед.

-Охир бачем, ту ҳамин шаб бо духтари Фатҳуллоҳ фотеҳа шудӣ.

-Вай духтари зебову бофаросат аст. Ӯро сад каси дигар мегирад, аммо бародари ман ҳаёти Заҳроро сӯхт.

Раис чизе нагуфта аз ҷояш хест ва аз хона бадар рафт. Нуридин сӯйи мардум нигаристу гуфт:

-Ин ҳодисаро ҳама фаромӯш кунед, ғайбату дасисаро як сӯ монед.

«Дарвозаи шаҳрро метавон басту даҳони мардумро не». Дар ҳама ҷо сухан аз Заҳро мерафту Нуриддину Нурсултон. Касе лаънат мехонду касе раҳмат бар Нуриддин мегуфт.

Вақте фаҳмиданд, ки  Заҳро аз  Нурсултон обистан  кӯчаҳои Нилон метафсиду кӯчаҳои Наҷво метаркид.

Ҳамин тавр нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзу нӯҳ соату нӯҳ дақиқаву нӯҳ сония, мардум гирди ин хонадон ҳарф мезаданд, то  даме ки кӯдак ба дунё омад. Писар.

Аммо Заҳро ҳатто сӯяш нимнигоҳе накард. Ба дасташ нагирифт. Ҳатто боре ба даҳонаш синаашро нагузошт.

Модар:

-Ой духтар, ин тавр накун, гуноҳи кӯдак мегирадат. Шир дар синаҳоят кунда мекунад, бемор мешаваӣ.  Аммо Заҳро намешунид.

Ширашро ба решаи чормағз, чормағзе ки ҳоло Тилав аз он чизе месозад, медӯшид. Аз   дӯшидан  синаҳояш дардманд шуда буданд, аммо ӯ мудом медӯшид… шаш моҳ дӯшид, то он даме ки шир хушк нашуд. Дар ин муддат боре ҳам Тилавро оғӯш накард ва боре ҳам гаҳвораашро наҷунбонд.

Ҳатто вақте ки ба Нуриддин хонадор шуд, шарт гузошт, ки Тилавро ба худ намебарад ва падару модарашро қасам дод, ки ҳеҷ гоҳ, модари Тилав буданашро ифшо накунанд.

-Агар бихоҳед, бузургаш кунед чун фарзандатон, агар на аз Шахи Сиёҳ пойинаш партоед,- гуфт рӯзи тӯй.

Заҳро баъди тӯй ва тавлиди фарзандони аввалин бо Нуриддин кӯч бастанд ба Наҷво ном деҳа, ки дар пушти Шахи Сиёҳ буд.

 Тилав ба Заҳрое, ки як бору ним бор ба хонаи падар меомаду худро бисёр нороҳат ҳис мекард, «апа» гуфта муроҷиат мекард.

 

***

-Уфф, ана ҳамин, – гуфта Фаридун нақлашро ба охир расонид.

Осмон ба сари Тилав фурӯ рехт. Хун ба сараш зад.  Ба ҳавлии хобгоҳ баромаду ба харак нишаст.

Ёд надорад, ки чанд соат нишаст, аммо  аниқ медонад, ки чизе фикр накардааст. Аз хаёлаш чизе нагузаштааст. Ӯ қуфл шуда буд. Як дасташ ба киса буд, ба худ омад, ки ҳамон тур истодааст. 

 Тилав ба коргоҳаш омад. Ҷое ки қариби як моҳ аст, аз чӯби чормағз, ҳамон чормағзе ки Заҳро ширашро шаш моҳ ба решаи он медӯшид,  чизе месозад. Чи месозад танҳо худаш медонад, аммо маълум, ки аз кораш ризост. Аз он ки тахтаҳоро гул кандаву алиф молида дар офтоб монда буд; аз оне ки гулҳо, бисёр зебо баромаданд; аз он ки як- ду рӯзи дигар ба мақсади ниҳоии худ мерасад.

 Баъди оне ки Фаридун ҳақиқатро гуфт, дигар дунё дар назараш торик шуд. Шабу рӯз ғам мехӯрд. Ба худаш аҳамият намедод. Зимистони ҳамон сол чанд рӯз пайиҳам арақ карда  як -як месулфид. 14 рӯз табаш ба 39 -40 дакка мехӯрд. Шабҳо, ба қавле ҳарза мегуфтааст.

Як шаб сурфа анқариби як соат азияташ дод. Аз хунукӣ месурфид, аммо табаш ба 40 -41 баромад. Фаридун  ёрии таъҷилӣ  овард.  Вақте ба худ омад, фаҳмид ки бемории сил шудааст…

 Бо айби падару модар сил шуд.  Падари аз ақлбегона, ки солҳо бо ҳам девордармиён мезистанд ва модаре ки ӯро «аз Шахи Сиёҳ партоед!»- гуфт. Ӯ ҳамаро бахшид. Падари девонаашро ҳам, модари бераҳмашро ҳам, аммо аллакай дер шуда буд.

 Кош ба ӯ ҳақиқатро аз аввал,  ақаллан дар наврасӣ мегуфтанду ӯ метавонист модарашро як бор ба оғӯш гирад.

***

-Э, бачем, гаҳвора сохтӣ ку,  чаро ин қадар калон? - гуфта падар-бобо ба Тилав, ки гаҳвораи сохтаашро бардошта рӯйи ҳавлӣ овард, муроҷиат кард. Тилав гаҳвораро ба замин гузошту як нафаси чуқур кашиду гуфт:

- 2 метру 20 сантиметр

- Оҳ, як моҳ ҷон канда, аз чӯби сахти чормағз гавҳора сохтам гӯй. Аммо, чаро 2 метру 20 сантиметр?

-Лозим мешавад…

Падар-бобову модар бибиро аз ин рафтори писар ба машомашон бӯйи нохушӣ расид. Махсусан модарбибиро он чунон тарс пахш карда буд, ки наметавонист чизе бигӯяд. Тапиши дилашро ҳис мекард. Ӯ аз гавҳораи калони зебою кандакорӣ  чашм намеканд.

-Оча, -  гуфтани Тилав ӯро ба ҳуш овард.

-Ҳа, - гуфт зери лаб модар.

- Ба ин гавҳора чи тавре лозим аст кӯрпачаву болишт, дастбанду пойбанд ва болопӯш ёбед. Ман ягон се соат пас меоям.

-Ман дар се соат наметавонам ба ин гаҳвора болопӯш бидӯзам.

-Ягон кампал партоед, мешавад. Ман рафтам.

-Куҷо?

-Як ҷо.

Ӯ  сӯйи асп рафт.  Асп зинзада буд. Лаҷоми аспро ба даҳонаш андохту як нӯги дигарашро ба қоши зин ишкел кард ва аспро кушоду   худро ба болои он гирифт. То пеши дарвоза омад, ки модар:

-Куҷо ба ин аҳвол?

-Корам ҳаст.

-Наход бо шалвори шабпӯшаку майка берун равӣ. Дар танат ягон чизи дуруст пӯш.

Ӯ аспро қафо гардонду аз мехи сутун ҷомаро гирифту сари китф партофт ва аз дарвоза бадар рафт.

Се- чор ҳафтаи охир наметавонад, ҳатто либосҳои дуруст пӯшад. Бадани заифашро либосҳои дағал озор медиҳанд. Ба ҷуз ҳамин шалвори васеи пахтагӣ наметавонад дигар чизе пӯшад.

 Се моҳ пеш ҳангоми ҷавоб шудан аз беморхона  ҷинсу тасма харида буд, ки танҳо чанд бор пӯшид ва дар ҳамин се моҳ он чунон лоғар шуд, ки тасмаро 11 маротиба шикофт то шимашро дорад.

 Деҳаашон Нилон қафо монд, ӯ сӯйи деҳаи Наҷво меравад. Деҳае ки он ҷо Заҳро мезист. Нилону Наҷворо Шахи Сиёҳ аз ҳам ҷудо мекунад, аммо дар асл  мардуми ҳарду аз як деҳа буда ҳамаи наҷвоиҳо нилонӣ ҳам ҳастанд. Байни деҳаҳо ҳам нимсоата роҳ аст…

Тилав ба пушти дарвозаи Заҳро расид ва аспакӣ дарвозаро тела карду дохили дарвоза шуд ва «Апа» гуфта фарёд кард. Ин бори дуввум аст, ки ӯ хонаи Заҳро меояд. Намедонад, чаро модар-бибӣ ва падар-бобояш ӯро хонаи Заҳро кам меоварданд, ҳақиқат ин аст, ки худашон ҳам кам меомаданд. Масалан, ӯ дар чор - панҷ соли охир боре ёд надорад, ки падар-бобову модар-бибӣ хонаи Заҳро омада бошанд, Заҳро ҳам кам меомад.  Наход он рӯз,  ки Нурсултон –падари Тилав ба номуси Заҳро дастдарозӣ карду  зиндагӣ ин тур ранг гирифт, муҳаббат ҳам гусаста гашт?

Заҳро берун баромадан замон Тилави лоғарро бо ин аҳвол, бо ин андому либос дида, мушавваш шуд.

-Чӣ гап, Тилавҷон? - гуфта суол кард.

-Ҳеҷ, хона мерафтаем.

  Заҳро фикр кард, ки падар ё модараш қазо кардаву Тилав ин ҷо омадааст. Вақте  ӯ гарангу осема либос пӯшида берун омад.
(Идомаи қиссаро пагоҳ , соати 22-00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Амина 2019-07-02, 22:32
Давоми киссара намепартоен мрдем ай интизори
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Амина 2019-07-02, 22:32
Давоми киссара намепартоен мрдем ай интизори
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД