Arzon march 2024
Гаҳворатобут (Қисми 2)
2616


Заҳро берун баромадан замон Тилави лоғарро бо ин аҳвол, бо ин андому либос дида, мушавваш шуд.

-Чӣ гап, Тилавҷон? - гуфта суол кард.
-Ҳеҷ, хона мерафтаем.
Заҳро фикр кард, ки падар ё модараш қазо кардаву Тилав ин ҷо омадааст. Вақте ӯ гарангу осема либос пӯшида берун омад. Тилав гуфт:
- Апа, ба асп савор шавед, тезтар мерасем.
Заҳро бесадо худро болои асп гирифта аз камари Тилав дошт…
Дастони модар ба бадани Тилав гармӣ, қувва, нерӯ бахшиданд. Он дастон бадани заҳзадаи дар офтоби тобистон гармнашударо гарм карданд. Ӯ оҳиста ҷилави аспро суст кард ва тозиёна ба сағрии асп зад.
Ӯ намехост ба Нилон зуд бирасанд. Намехост гармии нафаси модарро, ки ба гарданаш ҳис мекард, раҳо кунад. Намехост дастони модар камарашро раҳо кунад. Намехост!
Ӯ дар вуҷудаш фарёд мезад: «Эй Нилон дур шав. Эй Худо селе бифирист, ки роҳи Шахи Сиёҳ махкам шавад ва ману модарам дар миён монем, то натавонем ки на ба Наҷво баргардему на ба Нилон расем. Эй Шахи Сиёҳ, эй кӯҳ, ки модарам орзу карда буд маро аз болои ту партоянд ва эй ваҳшиёни Шахи Сиёҳ, ки агар маро мепартофтанд мехӯрдедам. Ва эй Худое ки нагузоштӣ. Ва эй Худое ки раҳмро аз синаи модарам гирифтаву онро ба синаи модар-бибиям гузоштӣ! Роҳи Нилону Наҷворо дарозтар бикун. Бигзор падарони Нилонӣ, ки писарҳошон дар Наҷво зиндагӣ доранд, аз фарзандонашон дуртар шаванд, бигзор модарон писарҳояшонро дер-дер бинанд, то меҳрашон зиёда шавад. Маънии муҳаббатро чун ман дарк кунанд! Аммо ману модарам ва саманди пирамон ба роҳамон давом диҳем. Бигзор нафаси гарми модар гардани маро навозиш кунад».
Ин дам сурфаи ҷонкоҳе дар гулӯи Тилав пайдо шуд, ки гӯё тамоми рагу паяшро биканд. Баробари сурфидан даруни гиребони ҷома, астари осмонранги он лолагун шуд. Дуюм бор сурфид… Заҳро ҳатто боре напурсид, ки Тилавҷон чаро месурфӣ, аммо Тилав эҳтиёт мекард, то дасти модар, ки аз камараш гузашта буд, ба лахт-лахти хуни аз даҳонаш омада, ки шояд пора-пораи шуши маризу маразгирифтааш бошад, дасти модарашро наолояд, то ӯ мушавваш нагардад.
Нилон лаҳза ба лаҳза наздик мешуд.
***
Онҳо вориди ҳавлӣ шуданд. Заҳро вақте аз асп пиёда шуду падару модарашро дид, каме дилаш ором шуд, ки касе намурдааст, аммо чеҳраҳои ҳайрону пакари онҳоро дида мушавваштар гашт.
Тилав аспро баста калавида- калавида омад ва назди гавҳора расиду ҷомаро бадар кард. Хуни дар майкаи сафедаш часпидаро модар-бибӣ, падар-бобо ва апа-модар дида дар таҳалука афтоданд.
-Бачем, чӣ шуд?
Ӯ бесадо майкаро бадар кард ва бо ҷойҳои ҳанӯз хуннарасидаи он танашро тоза кард ва:
-Оча! – гуфт.
-Лаббай, - гуфт модар-бибӣ ва хост сӯйяш қадам занад, ки Тилав:
-Шумо не бибӣ, очаи хуниам. Касе, ки маро зойид!
- Чӣ гуфти бачем, - гуфта модар-бибӣ хост суханро дигар ҷо барад, ки Тилав;
-Оча, кош модари худам маро дар гавҳораи сохтаам бубандад, ман ҳамаи гапро медонам, вақти фаҳмондану урзу маъникунӣ надорам.
Тилав худ даруни гавҳора даромад ва дароз кашид.
-Оча, Заҳро! Дасту поямро бубанд, дар охирин лаҳзаҳои ҳаётам маро биҷунбон, алла гӯ, алла.
Ашк дар чашмони Тилав ва он ҳар се ҳалқа зад, аммо Заҳро қадаме пеш ё қафо намезад, дарун- дарун мегиристу мегирист.
-Гиря накун оча, дасту поямро банд, алла гӯ, дар охирин лаҳзаи ҳаётам, алла гӯ. Ман ин гавҳораро сохтам, то модарам - ту, маро дар ин алвонҷ диҳӣ, то лаҳзаи маргам алвонҷ диҳӣ ва пас аз марг маро бо ин гавҳоратобут ба гӯристон баранд; маҳз бо ҳамин гавҳоратобут, на бо тобути шикастаи қабристон; маҳз бо ҳамин, бо ҳамин гулканда. Ин гулҳо рамз доранд: Бихонам? Ростӣ хонам? Э не, намехонам, гиря мекунед! Сахт мегирйед. Ин чормағз ки ман аз он гавҳоратобутро сохтам, бародар ё хоҳари ширхори ман аст. Не, аниқ бародар аст, лаънатӣ боқувват, мисли хаданг сахт. Ман чӣ мегӯям? Оча, беҳтараш биё! Дар ҳамин гавҳора бубандам, бо ҳамин гавҳоратобут барандам ба гӯр.
Падар ба китфи Заҳро даст бурд ва ӯро силтав дод, ки пеш ҳаракат кунад. Заҳро маҷбур пеш омаду назди гавҳора зону зад.
Аввал бо пойбанд пойҳои Тилавро чун кӯдак басту сипас дастонашро бо дастбанд. Ва ба ҷунбонидани гавҳора оғоз кард.
-Оча, ҳар чӣ дилат хоҳад ҳамонро гӯ.
-…
-Алла гӯ, алла.
Ва Заҳро зери лаб паст-паст калимаҳоро ба оҳанг медароварду мехонд. Оҳиста -оҳиста садояш баланд шуд, он чуноне ки тамоми Нилон дар ҳавлӣ ҷамъ шуданд.
Зӯҳро гуфту гуфту гуфт, ки чӣ гуна нафрат дошт нисбат ба Тилав, гуфт, ки он замон кӯдаки беақл буд. Гуфт, ки пасон меҳри модариро ҳис кард, аммо дер шуда буд, тарсид.
Миёни ҳар гуфтааш бо овози баланду ширанок «алааее, алааееее» мегуфт.
Гуфт, ки чи гуна дӯсташ медорад, гуфт, ки ҳеҷ гоҳ худашро намебахшад барои аз Шахи Сиёҳ партоед гуфтанаш.

Заҳро гуфту гуфту гуфт ва байни ҳар як гуфтааш «алаеее алааеее» мегуфт…
Монда шуд, нафасаш гирифт, ва сар бардошта хост нафасашро рост кунад, ки дид ними Нилон болои сараш асту мегирянд. Нуриддин, ҳам он ҷост.
Дар миёнашон онҳое ҳам буданд, ки рӯзи таҷовузи Нурсултон ин ҷо буданд.
Тилав низ гӯш мекарду мегирист.
-Оча! - гуфтани Тилав ҳамаро орому гӯшбақимор кард.
-Ҷони оча, Тилавҷон бачекам.
-«Бачем», аввалин бор маро бачем гуфтӣ.
-Аз ин пас бисёр мегӯям…
-Оча! Рӯятро ба рӯям мон…
Заҳро оҳиста хам шуд ва барии рӯяшро оҳиста ба рӯйи Тилав монд.
Эй Худо! Сару рӯйи модар ҳамон бӯро дошт, ки вай ҳангоми гавҳорасозӣ аз чӯби чормағз мешамид.
Он дарахт бӯйи модари ӯро мекард.
Дар кӯдакӣ аз мағзи он чормағз хӯрда буд ва мағзҳо низ бӯйи модарро мекарданд.
Эй худо! Кош медонист, ки он бӯйи шири модараш аст, он чормағзҳоро муқаддас медонист.
Аз он чормағз зиёдтар мехӯрд…
Афсӯс…
Тилавро оҳиста-оҳиста ин бӯ бо худ ба кадом ҷаҳони орому осуда бурд.
Модар оҳиста гӯш андохт, ки кӯдаки дар гавҳора будааш, кӯдаки 22 солааш, фих-фихкунон хоб аст.
Заҳро рӯяшро аз рӯйи Тилав гирифт. Аммо Тилав дигар аз хоб бедор нашуд…

Анҷом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД