Arzon march 2024
Аробакашӣ карда хона мехарам
3280

Салом! Хонандаи ҳамешагии шумоям. Сабаби ба «Оила» муроҷиат карданам як масъалаи оилавист. Падарам Нуриддин чанд сол боз дар Русия муҳоҷир аст. Сабаби аз хона қаҳр карда рафтанаш як моҷарои оилавӣ шуд. Амакҳоям баъди сари бобоям тамоми заминҳоро аз худ карданду падарам ду даст дар бинӣ монд. Ҳарчанд бо хубӣ фаҳмонд, ки вай ҳам фарзанд аст ва ба мероси падар ҳақ дорад, касе аз бародаронаш ба додаш нарасид. Падарам сахт ранҷид ва ба қавли куҳансолон алами Мусоро аз Исо гирифта, фарзандонашро партофта, қаҳр карда ба Русия рафт. Падарам рафту ҳоли мо табоҳ гашт, дигар касе набуд, ки бароямон ақаллан як пора нон биёрад. Модарам аз тарси янгаҳояш аз бародаронаш кӯмак пурсида наметавонист, амакҳоям бошанд, парво надоштанд, ки мо зиндаем ё аз гуруснагӣ кайҳо мурдем. Як рӯз бо алам ба амакам гуфтам: «як пора замин чи буд, ки ба падарам надодед, агар ӯ ба Русия намерафт, мо хору зор намешудему додаронам бо мӯзаҳои даридагӣ мактаб намерафтанд.» Амаки хунхорам «тирмизак, боз ту ба ман гап ёд медиҳӣ» гуфта, маро чунон лагадкӯб кард, ки хун аз сару рўям мисли фонтан шорид. Бечора модарам агар худро ба болоям партофта, маро халос намекард, яқин дар зери мушту лагади амакам мемурдам. Амакам бо ин ҳам қонеъ нашуда моро аз хона ронд. Гириста-гириста либосҳоямонро ҷамъ кардему ба шаҳр омадем. Азбаски ҷойи хоб надоштем, як кулбаи вайронаю валангорро макони зиндагӣ интихоб кардем. Аз хона дида ин кулбаи вайрона ба оғил бештар монанд аст, вале ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯем. Маҷбур шуда мактабро партофтам. Субҳ ба бозор рафта то шом аробакашӣ мекунам ва ба 30-40 сомоние, ки бо арақи ҷабин меёбам, барои додару хоҳаронам хӯрокворию либос харида, зиндагиро ба қадри имкон пеш мебарам. Кулбаи вайронаи мо дар наздикии Комбинати гӯшт аст. Барои он ба «Оила» муроҷиат намудам, ки шояд падари муҳоҷирам ин газетаро хонда, аз ҳоли мо огоҳ мешавад. Падарҷон, ман тамоми рўзгори хонаро ба уҳдаи худ мегирам, пул кор карда, худам модару додаронамро соҳибӣ хона мекунам, фақат аз шумо хоҳиш дорам, ки ба мо занг занед ва ба Ватан баргашта, моро саробонӣ намоед!

Хуршед

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД