Нигина Амонқулова яке аз сарояндаҳои дурахшони эстрадаи тоҷик ва ҳунарманди сермухлистарин дар кишвар маҳсуб меёбад.
Ин бонуи зебо бо сурудҳои дилнишинаш дар дили ҳамагон ҷои хосаро соҳиб шудааст.
Баъди таваллуди фарзанди дуюмаш Нигина каме ба фарбеҳ шудан шуруъ карда буд, вале дар муддати кӯтоҳ ба асли пештарааш баргашт ва ҳоло чунон хушқаду қомат гаштааст, ки кас бо дидани ӯ бовараш намеояд, ин зан 37- сола бошаду фарзандони баркамол дошта бошад.
Душманони Нигина бо дидани ҳусну ҷамоли ӯ гирди номаш тӯҳматҳои зиёдро печонида, овоза кардаанд, ки Нигина бо истифода аз доруҳои гуногун худро лоғар кардааст.
Бо шунидани ин овозаҳо мо бо яке аз наздикони Нигинабону дар тамос шудем ва ӯ дар ҷавоб гуфт, ки Нигинаро тӯҳмат кардаанд. Дар асл Нигина аз ягон навъи доруи барои лоғаршавӣ истифода намекунад ва барои хуштарҳ нигоҳ доштани ҷисмаш пайваста ба варзиш машғул мешавад.
Нигина дар бораи ин овозаи бардурӯғ дар сомонаҳои инстаграм ва фейсбукаш чунин қайд кардааст: Ба диққати ҳамаи мухлисонам ва махсусан ба бонувон мерасонам, ки истифодаи аксҳои ман дар маводи дорувории бар зидди фарбеҳӣ бе ризояти ман сурат гирифтааст ва ин реклама саропо дурӯғ аст. Ман фақат бо роҳи табиӣ, тавассути машқи ҷисмонӣ вазнамро танзим мекунам. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба дурӯғу сафсата ва манфиатҷӯии чунин афроди туҳматгар дода нашавед! Бо арҷмандии зиёд, Нигини Шумо!