Салом хонандагони азизи «Оила». Аслан шиква кардан ба мард намезебад, вале ман имрӯз дар гирдоби зиндагӣ дармонда, маҷбур шудам, ки қиссаи ҳаёти худро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.
Замоне аз ман дида марди хушбахттар дар дунё набуд. Зани оқилаи мисли фаришта зебо ва хонаю дари обод доштам, аммо тақдирро бинед, ки баъди 15 соли зиндагии ширинамон ҳамсарам зери мошин монда, ҷон ба ҷонофарин супурд. Бадбахтӣ танҳо намеояд, гуфтагӣ барин, ҳанӯз чили занамро надода, модарам ба сактаи дил гирифтор шуда, аз олам даргузашт. Ман бо ду кӯдак танҳо монда, сарҳисоби корамро гум кардам. Бародарам ҳоли зори маро дида маслиҳат дод, ки дубора хонадор шавам. Ростӣ, чандон майли зангирӣ надоштам, вале ба хотири ду фарзандам ин таклифи бародарамро пазируфтам. Тақдир маро бо зане ошно кард, ки аз шавҳари якумаш бо як духтарча ҷудо шуда будааст. Пеш аз никоҳ дар наздаш шарт гузоштам, ки танҳо дар сурати ду фарзанди маро аз фарзанди худаш кам надониста, сарашонро модарвор сила намудан, бо ӯ зиндагӣ хоҳам кард.
Ҳамин тавр бо як маъракаи хоксорона мо риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем. Аввалҳо ҳамсарам нисбати фарзандони ман меҳрубон буд ва онҳоро аз духтарчаи худаш камтар намедонист, аммо..
Рӯзе аз кор барвақттар омада, писарамро дар кӯча дидам. Ҷангаш кардам, ки чаро дар ин ҳавои сарди зимистон дар кӯча мегардӣ. Кӯдак гирякунон гуфт, ки апаам маро аз хона пеш кард. Дасташро гирифта ба хона даровардам ва бо қаҳр аз ҳамсарам пурсидам, ки чаро Шамшод дар ҳавои хунук дар кӯча аст. Занам худашро мӯсичаи бе гуноҳ нишон дода гуфт, ки дар ошхона ба нонпазӣ машғул будам ва чӣ тавр ба кӯча баромадани ӯро надидаам. Духтарам, ки боақлтар аст, баъди аз дар баромадани моиндараш оҳиста дар бехи гӯшам пичиррос зада гуфт: «Дадаҷон, ҳар рӯз баъди ба кор рафтани шумо апаам Шамшодро ба кӯча пеш мекунад. Ману додарам то шаб гуруснаю ташна мегардем, баъзан раҳми зани ҳамсоя омада, ба мо як буридагӣ нон медиҳад…»
БО КАДОМ ҚАВМ АЗ РӮИ ШАРИАТ ОИЛАДОР ШАВАМ?
Хун ба сарам зад, ба шаст ба ошхона даромада аз гиребони куртаи ҳамсарам дошта, ӯро қасам додам, ки ин гапҳо ростанд ё дурӯғ. Ҳамсарам бо китоби муқаддаси Қуръон қасам хӯрд, ки фарзандони маро аз фарзанди худаш бештар дӯст медорад. Вақте дар ин бора аз бародарам ва занаш пурсон шудам, сар ба зер афканда гуфтанд: «Акаҷон, бачаҳои шумо дар ҳақиқат рӯз то бегоҳ гушнаю ташна гашта, аз моиндарашон шатта мехӯранд, вале мо инро бо ду чашми худамон бинем ҳам, даҳон намекушодем, то ки дубора хонавайрон нашавед….»
Сахт зиқ шуда ҳамон шаб дар ин бора бо ҳамсарам ҷиддӣ гуфтугӯ кардам. Ба ҷойи бахшиш пурсидан ин зани беандеша қаҳр карда, духтарчаашро гирифта, шабошаб таксӣ киро карда баромада рафт. Чанд рӯз пас барои оварданаш рафтам, чунки вай аллакай аз ман ҳомиладор буд ва намехостам, ки фарзандам зиндаятим шавад. Ҳамсарам ардабакунон гуфт: «Бачаҳоятро бурда ба ятимхона супор, баъд ман бо ту зиндагӣ мекунам. Ман девона нестам, ки як умр сағирабонӣ карда гардам…»
Байни ду соҳил монда, чӣ кор карданамро намедонам. Писарчаам ҳар рӯз гиря карда мегӯяд, ки «Дадаҷон, барои апаам шуда, шумо моро бурда ба сағерахона мепатоед?!» Ин гапро шунида дилам реш-реш мешавад.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Хотири фарзанди ҳанӯз ба дунё наомадаам, аз баҳри ду кӯдаки аз зани раҳматиам монда гузарам ё талоқи зани номеҳрубонамро дода, умрамро ба танҳоӣ гузаронам?