Sebiston new 2024 october
Дарди дили марди чорзана
5564

 Салом ба сомонаи ОИЛА-ТЧ! Ҳаркас мехоҳад, ки дар лаҳзаи мушкил маслиҳатгар, ёру ёваре дошта бошад.

Имрӯз ягона маслиҳатгари мани дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайронмонда шумо, муштариёни сомонаи Оила ҳастед, аз ҳамин хотир мехоҳам қиссаи зиндагиамро бароятон нақл карда, маслиҳат бипурсам.


Ин хоҳар, агар писархондашро аз пистони худ шир дода бошад, фарзанди раззолиаш ҳисоб меёбад ва маҳрам аст. Мабодо шир надода бошад, баъди 12-солагиаш бача ба вай номаҳрам мешавад. Дар масъалаи ба оғӯш гирифтану бӯса кардани фарзанд бошад, модар метавонад писарашро то 12 солагӣ натанҳо навозиш кунад, балки ҳатто дар паҳлӯи худ, дар ҷогаҳи хобаш хобонад.


Банда соли 2006-ум бо хоҳиши волидонам, оиладор шудам. Бе ишқу муҳаббат хонадор шуда бошем ҳам, зиндагиямон ширин оғоз ёфта, оилаи хушбахт будем, аммо аз байн се сол гузашту фарзандор нашудем. Назди чандин табибони номдор рафтем, ҳамаашон як гапро такрор карда мегуфтанд,ки ҷудо шуда, оилаҳои дигар барпо намоед, ҳарду ҳам соҳиби фарзанд мешавед. Ҳамин тавр ману ҳамсарам ба хотири бачадор шудан бе ҷангу ҷанҷол, бо хушӣ аз ҳам ҷудо шудем. Моҳи июни ҳамон сол дубора оиладор шудам, аммо зани дуюмам нодухтар баромад. Мехостам ҳамон шаби аввал талоқашро дода аз дар берун кунам, вале модарам иҷозат надод, ки аз баҳраш гузарам. Хотири оби дидаи модар бо гардани баста панҷ моҳ бо арӯси тардоман зиндагӣ кардам. Шиками занам рӯз ба рӯз калон мешуд, вале худамро ба нодонӣ зада, оқибати корро интизор будам. Дар моҳи шашуми зиндагиямон занам кӯдаки ҳаромӣ зоид ва талоқашро дода, дигар суроғаш накардам. Баъди як сол бори сеюм оиладор шудам. Ин дафъа духтари хоксору меҳрубоне насибам шуд гуфта, чунон хурсанд шудам, ки ногуфтанӣ. Тамоми нозу нузи занамро мебардоштам, то ки зиндагиамон вайрон нашавад. Баъди як сол ҳамсарам таваллуд кард. Духтарчадор шудам. Хурсандиамро ҳадду канор набуд, аммо...

Пас аз таваллуд кардан буҷули занам якбора асп хест. Вай ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб мекард, ки хонаи дуҳуҷрагиамро ба номаш гузаронам. Нахостам меҳнати чандинсолаамро барбод диҳам.

Хулоса, ҳамин тавр аз рӯи хона аз ҳамсари сеюмам низ ҷудо шудам. Ҳамсари чорумам ду писар зоида бошад ҳам, бисёр шаттоҳ баромад. Зану фарзандонам аз чизе танқисӣ намекашанд, тамоми шароитҳоро барояшон муҳайё кардаам, вале занам ҳамоно ношукрӣ мекунаду маро дар назди дӯсту душман ҳамеша паст мезанад, ки чор занаам. Синам ба 40 дакка хӯрдааст, вале як рӯзи хушро бо оиладор шуданам надидам. Пеши роҳи ин занро на ба гапи хуб ва на бад задан гирифта тавонистам. Як гап занам бидирос зада, даҳ ҷавоб медиҳад.

Сарҳисоби корамро гум кардаам, намедонам хотири фарзандон кунам ё зани ношукрамро аз дар бурун намоям.Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Миршакар аз Чаманистони ш. Турсунзода

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД