Ман як модари пиру дардманд ҳастам ва аламхои диламро гуфтан мехоҳам. Писаронам дар Русия кор карда, ҳар моҳ нисфи маошашонро ба хона мефиристоданд.
Зиндагиамон ба шарофати пули муҳоҷирон ҳаматарафа серу пур буд, назди касе муҳтоҷу зор намешудем, вале имсол якбора қурби пули русӣ афтиду ҳоли оилаи мо бад шуда монд. Тамоми пулҳои фиристодаи бачаҳоро ба сомонӣ иваз карда, сахт фиреб хӯрдем. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳар се писарамро аз Русия “депортатсия” карданд. Фарзандонам ба хона баргаштанд. Ҳоло ягона манбаи таъмини зиндагиамон ҳамон нафақаи ночизест, ки мани куҳансол мегирам. Писаронам пуле надоранд, ки то ба кӯча бароянд. Зиндагии қашшоқона дорем. Дардмандам, дигар тобу тавони нимсеру нимгурусна гаштан надорам. Касе мегӯяд, ки камбағалӣ айб нест, дурӯғ мегӯяд, камбағалӣ натанҳо айб, балки балои ҷон аст. Бале, бале, маҳз балои ҷон! Пул набошад, бародар бо бародар душман мешавад. Инро ман аз рӯйи таҷриба мегӯям. Аз рӯзе, ки аз Русия бо кисаҳои холӣ баргаштанд, се писарам бо ҳамдигар мисли сагу пишак шуда мондаанд. Корашон мудом ҷангу ҷанҷол аст. Рӯзе нест, ки бо ягон баҳона аз гиребони ҳамдигар нагиранд. Ҷангу ҷанҷолашон ба ҷонам задааст. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Хадича, аз н. Ёвон