arzon replenishment
Сирри тоқии даридагии Мугамбо
5095

 

Мугамбо- ин ном барои хурду калон ошност. Ин ҷавони шӯху ширинкор бо ҳазлҳои намакинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, мухлисони бешумор пайдо намудааст.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ мо бо Мугамбо ҳамсуҳбат гаштем, то хотири ҳаводорони ҳаҷву мутоибаро шод гардонем.

-Шуморо Илҳомҷон гӯем ё Мугамбо?

-Маро дар байни мардум бо номи Мугамбо мешиносанд, беҳтараш Мугамбо гӯед. 

-Овозатон дар асл муқаррарӣ будааст, вале дар саҳна тамоман дигар хел садо медиҳад. Оё муддати тӯлонӣ бо овози «сунъӣ» нақш офаридан мушкил нест?

-Албатта душвор аст, лекин ман бо ин тарзи овоздиҳӣ аллакай одат кардаам. Он ки маро дар нақши одами сода (камақл) дида, мардум аз таҳти дил механданд, ба ман қувват мебахшад.

-Имрӯзҳо сафи ҳаҷвнигорони ҷавон зиёд шудааст. Ин доираи тамошобини шуморо танг намесозад?

-Ҳар як ҳунарманд мухлиси худро дорад. Зиёд шудани ҳаҷвнигорон баръакс моро ба он водор месозад, ки бештар меҳнат кунем.

-Дар аксари нақшаҳоятон шумо дар сар як тоқии даридагӣ доред. Ба фикрам бечора тоқӣ аз калонии саратон даридааст-а?

-Рост мегӯед. Сари сахти Мугамбо ҳеҷ ягон кулоҳ ё тоқии муносиб наёфт, ки наёфт! Вақте ки дар Сангтӯда филм ба навор мегирифтем, тоқии як марди хурдҷуссаро ба ман доданд. Ҳарчанд кӯшиш кардам, он тоқӣ ба сарам нашуд, маҷбур шудам, ки пушташро бурида, баъд онро пӯшидам. (механдад)

-Аввалин нақши офаридаатонро дар ёд доред?

- Ман бо сурудҳои ҳаҷвӣ ба саҳна баромада будам ва аввалинаш “Модари Марҷина” буд. Аслан, аз кӯдакӣ ман ба сарояндагӣ шавқ доштам. Падарам ҳамеша мегуфтанд, ки писарамро ба Донишгоҳи санъат дохил мекунам. Барои чӣ сароянда нею ҳаҷвнигор шудам, худам ҳам намедонам. 

-Мугамбо падари чанд фарзанд аст?

-Шукри Худо соҳиби се фарзанд ҳастам. Ду духтару як писар дорам: Нозанин, Нозия ва Ёқубҷон.


Пас аз ҷарроҳӣ садои ҳирросиаш ба овози фаришта шабеҳ гашта, шуҳрати Нэнсиро ба авҷи аълояш расонд.

 


-Мугамбо дар зиндагӣ аз чӣ “недоволний” аст?

-Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёд дорад ва ҳаёти мо, ҳаҷвнигорон низ истисно нест. Як рӯз фишорам баланд шуда ба беморхона рафтам. Духтур хандида гуфт, ки наход шумо ҳам бемор шавед. Гуфтам, ки ин ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надорад, охир ман ҳам мисли шумо инсон ҳастам...

-Имрӯзҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ қарор дорем. Ба мухлисонатон чӣ таманно доред?

-Бигзор сафи муштариёни Оила ба 10 миллион бирасад. Мухлисони банда ҳамеша хурсанду хушнуд бошанд. Дуо мекунам, ки соли муш ба сарзамини Тоҷикистон файзу баракат оварад ва ҳар рӯз дар хонаи тоҷикон тӯю тамошо бошанд. Омин!

Сӯҳбаторо: Маҳинаи Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД