Ашраф ном ҷавонеро аз шаҳри Турсунзода дӯст медорам. Ӯ низ маро баробари ҷонаш дӯст медорад. Ваъда дода буд, ки ба хонаамон хостгор фиристода, маро бо тӯю тамошо ба занӣ мегирад, вале чанд рӯз пеш янгаам хабар овард, ки хоҳарашро ба Ашраф фотиҳа карда, аллакай ба ангушташ ангуштарин гузаронидаанд.
Ин гапро шунида хаёл кардам, ки ҷон аз баданам баромад, дасту пойҳоям якбора сусту бемадор шуда монданд. Ба хонаи худам даромада дарҳол ба Ашраф занг задам ва рост ё дурӯғ будани фотиҳа шуданашро пурсон шудам. «Росташро гӯям, чӣ хел бо ин духтар фотиҳа шуданамро худам ҳам нафаҳмида мондам. Ягон зарра ӯро дӯст намедорам, дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки ба ангушти Мунира ангуштарин гузаронида ӯро побанд мекунам, вале сарам худ аз худ гаранг шуда, чӣ хел ба ин духтар хостгор фиристоданамро нафаҳмида мондам. Мунира муллобоз аст, ба фикрам вай маро ба худ гарм карда, бо ҷодугарӣ аз худ карданист»,- гуфт дар ҷавоб ошиқам. Пурсуҷӯ карда фаҳмидам, ки падару модари Ашраф низ Мунираро келин кардан намехостаанд, вале гӯё касе ба дасту пойҳояшон ресмон баста, онҳоро кашолакунон мебурда бошад, бо гардани баста ба хостгорӣ рафтаанд. Дар байни дуроҳаи зиндагӣ монда чӣ кор карданамро намедонам.
МОДАРИ ДИЛМУРОД ФОЗИЛОВ: ПИСАРАМРО БЕГУНОҲ КУШТАНД!(ВИДЕО)
Хотири янгаам аз баҳри ишқи худ гузаштанӣ шудам, вале ҳарчанд кардам, Ашрафро фаромӯш карда натавонистам. Вай низ аз ман дил канданӣ нест. Барои санҷиш як рӯз аз дугонаам хоҳиш кардам, ки ба Ашраф занг зада бигӯяд, ки ман дар беморхона хобам. Ин хабарро шунида бачаи бечора сахт ба изтироб афтида, пурсидааст, ки дар кадом бемористон аст, то ки ман ба аёдаташ равам. Ба муҳаббаташ бори дигар боварӣ ҳосил намуда худам гӯшакро гирифтам ва гуфтам, ки ин корро барои санҷиш кардам. Ашраф қариб гиря карда гуфт, ки ҳаёташро бе ман ҳатто тасаввур карда наметавонад. Мегӯяд, ки агар аз баҳри ман гузашта ба ягон ҷавони дигар ба шавҳар бароӣ, тӯятро вайрон мекунам. Аз тарс ба ҳама хостгорон ҷавоби рад дода истодам, вале намедонам оқибати ишқи ману Ашраф чӣ мешавад. Аз як чиз сахт хавотирам, агар Ашраф аз баҳри Мунира гузашта маро ба занӣ бигирад ҳам, ин духтари аловдаста моро орому осуда зистан намемонад.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Осияи 18-сола, аз ш. Турсунзода.