Пас аз хатми донишкада Бахтиро ба ҷавони дӯстдоштааш, ки ҳамсинну сол ва ҳамкурси худаш буд, фотеҳа карданд. Рӯзи тӯяш муайян шуда, куртаҳои арӯсияш дӯхтагӣ ва кӯрпаю кӯрпачаҳо пахта карда шуда буд.
Ба тӯяш ҳамагӣ ду рӯз монда буд, ки дугонааш Зебо занг зада хоҳиш кард: «Бахтиҷон, илтимос, биё ҳамроҳи ман ба хонаи фолбин равем?» Бахтӣ қоҳ-қоҳ хандида гуфт: «Ҳой духтар асри ХХI аст, наход то ҳол ту ба фолбинҳо бовар кунӣ?!» Зебо ду пояшро дар як мӯза андохта зорӣ мекард, ки не нагӯяд. Хотири дӯстии чандсолаашон Бахтӣ ҳамроҳи Зебо ба хонаи фолбин рафт. Дар пушти дари фолбин занҳои зиёде навбат мепоиданд. «Эй, рӯяшро сиёҳ мекунад, охир вай аз назди Худо наомадааст-ку»,- мегуфт яке, «ин фолбини тотор бало будааст, ҳама гапаш рост мебарояд» гӯён, мизоҷон байни худ баҳсу мунозира доштанд. Бахтию Зебо низ интизор нишастанд. Тақрибан баъди ду соати интизорӣ навбати Зебо расид ва ба ҷону ҳоли Бахтӣ намонда, вай ӯро ҳамроҳаш ба назди фолбин даровард. Тоторзан қарта кушода ба Зебо чунон гапҳое мегуфт, ки аз шуниданаш кас ба ҳайрат меафтид. Бахтӣ худро дошта натавониста, қоҳ-қоҳзанон хандиду аз дасти дугонааш кашида гуфт: «Хез рафтем, кори дигар надорӣ, ки сафсатаҳои ин «мошенник»-ро гӯш карда мешинӣ?!» Аз афташ суханони вай ба тоторзан сахт расиданд, ки рост ба чашмони ӯ нигариста пурсид: «Мехоҳӣ донӣ, ки туро чӣ интизор аст?» Бахтӣ табассум карда ҷавоб дод: «Ман аллакай медонам, ки маро чӣ интизор аст. Ду рӯз пас тӯй мешавад ва ман хушбахттарин бонуи олам мегардам!» Фолбин заҳрханда карда гуфт: «Бояд мешуд, вале акнун тӯй намешавад. Туро дарёи хун интизор аст. Мурдазинда мешавӣ, вале намемурӣ…”
Бахтӣ дигар ба сафсатаҳои тоторзан аҳамият надода аз дар баромад, вале…
Байни маргу зиндагӣ
Шаб аз нисф гузашта буд, ки дарди ҷонкоҳе ӯро аз хоб бедор кард. Мисли мор ба худ мепечид. Аз оҳу нолаи Бахтӣ падару модараш ба таҳлука афтида ба «Ёрии таъҷилӣ» занг заданд. Ӯро ба беморхона бурданд. Маълум шуд, ки аз гурдааш санг фаромада дар пешобдон дармондааст. Табибон Бахтиро ҷарроҳӣ намуданд. Нав аз ҳуҷраи эҳёгарӣ ӯро ба палата гузаронда буданд, ки дарди дар ягон ҷо набудаи ҷигар хуруҷ намуд. Бахтиро дубора ҷарроҳӣ намуданд. Пас аз ин, аз меъдааш хун сар заду боз ҷарроҳӣ шуд. Ҳамон тавре, ки тоторзан пешгӯӣ карда буд, дар дарёи хуну халаф ғарқ шуд Бахтӣ, вале зинда монд. Се соли умри Бахтӣ бо духтурдавӣ гузашт. Дар ин миён модари Шуҳрат: «ман духтари касалиро келин намекунам» гӯён, фотиҳаро гардонда, писарашро бо духтари хоҳари худаш хонадор кард.
Бахти дермонда
Пас аз 5 соли ин ҳодиса Бахтӣ ба як ҷавони шаҳрӣ ба шавҳар баромад, вале аз байн чанд сол гузашту фарзанддор нашуданд. Модар ва хешу табораш борҳо «зани дигар бигир» гуфта бошанд ҳам, Далер Бахтиро напартофт. Зану шавҳар маслиҳат карда, духтарчаи дӯстрӯякеро аз хонаи кӯдакон ба фарзандӣ қабул карданд. Ба духтарашон Муноҷот ном гузоштанд. Муноҷот чорсола шуда буд, ки Бахтӣ дар вуҷуди худ тағйиротеро ҳис кард. Беҳолу бемадор шуда, аз дидани хӯрок дилаш беҳузур мешуд. Ба духтур рафт. Табибон пас аз ташхис ба ӯ хушхабар расониданд, ки ҳомиладор шудааст. Бахтӣ аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Ҳарчи тезтар ин пайки некро ба шавҳараш расонданӣ шуда тозон ба хона омад, вале Далерро наёфт. Дертар шавҳараш занг зада хабар дод, ки ӯро дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ намудаанд. Бахтӣ ба сӯи беморхона шитофт. Далер бо табъи хира хабар дод, ки гирифтори бемории гепатит С шудааст. Аз шунидани ин хабар Бахтӣ ғамгин шуда оҳи сарде кашиду гуфт: «Далер, ману ту кӯдакдор мешавем…» Дар чашмони Далер аз шунидани ин хушхабар ашки шодӣ ҳалқа зад…
Зану шавҳар тарс аз он доштанд, ки мабодо беморӣ ба кӯдак дар батни модар асар накарда бошад. Хушбахтона писарчаашон сиҳату саломат ба дунё омад ва Бахтӣ лаззати ширини модар шуданро чашида хушбахти ҷаҳон шуд…
Тоҷинисои Азиз