Нафароне, ки ба хотири харобшавӣ аз истеъмоли баъзе хӯроквориҳо худдорӣ менамоянд, мӯйи сарашон бо шиддат ба рехтан медарояд. Аксаран онҳо ҳатто пай намебаранд, ки чаро мӯяшон ин қадар бисёр мерезад. Набояд фаромӯш кард, ки бошиддат рехтани мӯй метавонад касро то ба калшавӣ расонад.
Чаро мӯйи сар мерезад?
Рехтани мӯй омилҳои зиёд дорад, аз қабили нигоҳубини нодуруст, вазъи экологӣ, стресс ва ғайра, аммо сабаби асосӣ ғизои номукаммали инсон аст. Вақте ки кас бо нияти харобшавӣ, дидаву дониста худро аз хӯрдани хӯрокҳои серғизо маҳрум месозад, тахминан баъди се моҳ мӯйи сараш бо шиддат ба рехтан медарояд. Ҳадафи касоне, ки парҳез менамоянд, қаду қомати зебост, вале баробари камшавии вазн аз 30 то 50%-и мӯйи сар рехта, кокулони зан ҷиллову мустаҳкамии худро аз даст медиҳанд.
Мӯйҳо боз мебароянд, вале…
Ҳар як тори мӯй аз 3 то 7 сол умр мебинад. Пас аз рехтани як тори мӯй, аз ҳамон реша тори дигари мӯй ба сабзидан сар мекунад, вале барои афзоиши он моддаҳои ғизобахш лозиманд. Мӯйҳои нав баромада хеле дер сабзида, ба зудӣ дароз намешаванд. Вақте решаи мӯй заиф мегардад, қуввати бардоштани мӯйро намекунад ва он боз мерезад. Пай дар пай ва бо шиддат рехтани мӯйи сар касро то калшавӣ мерасонад.
Нафъи витамину сафедаҳо
Мӯй асосан аз витамину сафедаҳо ҷон мегирад. Чарб барои зебоии мӯйҳо нақш намебозад, вале бе чарб ҳам намешавад, чунки он барои ҳазми витаминҳои меваву сабзавот муҳим аст.
Гӯшт мӯйро дароз мекунад?
Таъсири бештарро ба ҳолати мӯйҳо истеъмол накардани гӯшт мерасонад. Одамони ба ҷойи гӯшти гов гӯшти моҳӣ мехӯрда бештар ба мушкилоти рехтани мӯй рӯ ба рӯ мешаванд. Гап дар сари он аст, ки сафедаи дар таркиби гӯшти ҳайвонот мавҷуд буда дар маҳсулоти баҳрӣ қариб, ки нест. Шахсоне, ки бо баъзе сабабҳо гӯшт истеъмол намекунанд, бояд аз доруворӣ ва иловаҳои махсуси аз аминокислотаҳо иборат буда истифода баранд.
Парҳез кунӣ, витамин хӯр!
Тамоми намудҳои парҳез, ҳатто парҳези сабук боиси норасоии витамин ва микроэлементҳо дар ҷисми инсон мегардад. Шахсоне, ки парҳез мекунанд, бояд ҳатман витаминҳои А,В,Д,Е ва оҳан, синк, йод, мед, селен, сера, кремний, магни, марганес, калийро истеъмол намоянд.
Ғизо барои мӯй
Мутахассиси бритонии соҳаи мӯй Филип Кингсли хӯрокҳои махсусро барои фарбеҳ нашудан ва мустаҳкамии мӯйҳо пешниҳод намудааст. Тағйиротҳо дар хӯрок таъсири худро баъди се моҳ мерасонанд. Дар баробари хароб шудан кокулони зебоятонро аз даст додан нахоҳед, мутаваҷҷеҳ бошед!
Субҳона
Меваҳои тару тоза ё яке аз хӯрокҳои зерин:
Шавла, нон бо фаллаву панир, тухм ё гӯшти мурғ.
Хӯроки нифирӯзӣ
Гӯшти беравған, моҳӣ, гӯшти мурғ ё фалла.
Сабзавот, картошкаи тафдонӣ, хӯриш аз маҳсулоти гуногун.
Ширинӣ аз мева.
Хӯроки шом
Гӯшти мурғ ё моҳӣ.
Сабзавоти дар равған ё бух пухташуда, картошкаи дар тафдон ё об пухташуда.
Меваи тару тоза бо йогурт ва асал
Боз чанд тавсияи муҳим
Бештар об нӯшед.
Истеъмоли намаку шакарро кам кунед.
Баъди ҳар чор соат мева ё сабзавот хӯред.
Аз нӯшидани чойи сиёҳ худдорӣ намоед.
Машрубот нанӯшед.
Сабабҳои дигари рехтани мӯй
Ҳормоне вуҷуд дорад, ки дар қисмати болоии пӯсти сар ҷамъ мешавад. Он боиси рехтани мӯй мегардад. Зиёд будани ин ҳормон модарзодӣ мешавад. Тағйиротҳои ҳормонии бо оғози ҳаёти маҳрамона, ҳомиладорӣ ва қатъшавии давраи ҳайз алоқаманд низ метавонанд боиси рехтани мӯи сар гарданд. Ҳангоми бемории омоси тухмдонҳо, бемории қанд ва иллатҳои эндокринӣ рехтани мӯй зиёдтар ба мушоҳида мерасад.
Ифлосшавии муҳити зист, радиатсияи баланд, истеъмоли баъзе дорувориҳо, аз ҷумла антибиотикҳо ва доруҳои ҳормонӣ ба мӯйҳо бетаъсир намемонад.
Стресс дар ҷойи кор ва дар хона ҳолати мӯйҳоро табоҳ месозад, бинобар ин, ба эҳсосот дода нашавед. Бо тамоми қувва стрессро аз худ дур кунед. Стресс на танҳо боиси рехтани мӯй, балки сафедшавии он ва пайдошавии чинҳои иловагӣ мегардад.
Рехтани мӯй ба сифати об, ғизои нодуруст, гардиши номукамали хун дар пӯсти сар, нигоҳубини нодуруст ва бемориҳои мӯй низ алоқаманд аст.