Arzon march 2024
Мастона: Бародаронам маро зада-зада девона карданду....
10.02.2020
Р. Азимӣ
3883

 Дирӯз хабарнигори сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ бо кулвори пур аз меваю шириниҳои гуногун ба аёдати беморони касалхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ-Куктош рафта буд.

Айни замон дар ин беморхона дар баробари мардон зиёда аз 80 -нафар занону духтарон табобати рӯҳӣ мегиранд. Таваҷҷӯҳи моро Мастона ном духтараки ҷавону зебое ба худ кашид, ки ҳамагӣ 22-сол дошта, чаҳор соли умрашро дар ҳамин бемористон гузаронидааст. Мастона мегӯяд то 18-солагӣ комилан солим буд, вале баъдан бародаронаш ӯро зада-зада девона кардаанду ба девонахона оварда партофтанд ва аз ҳолу аҳволаш тамоман хабар намегиранд.
Инак, сарнавишти Мастонаро аз забони худаш бишнавед.

-Мастона, чанд вақт шуд, ки дар ин беморхона табобат мегиред?
-Қариб 4-сол мешавад, ки дар ин ҷо ҳастам. Аслан, то синни 18-солагӣ сиҳату саломат будам. Бародаронам дар 18-солагиам маро зада-зада девона карданд ва ба ҳамин беморхона оварда партофтанд.

-Магар ягон кори хато ё гуноҳи азим кардед?
-Аҳли оилаи мо ҳама бадхашму асабонӣ ҳастанд. Рӯзе нест, ки ягон чизро баҳона карда, занозанӣ накунанд.

-Падару модар доред?
- Отам, саруш вайрон, тюрма шиштагияй, асаби ҳамаи мора ҳаму хароб кардай. Медонед читарияй? Ягон каса таги лағат нагирад агар, дулуш ором намешава. Очам аз дасти задани отама касалӣ шуд, тағоҳом омада бурданд.

-Чаро падаратонро табобат накардед?
-Акаҳом аз отама бадтаранд, ягон касе нест, ки худшона табобат кунад. Ягон одами солим дар хона набошад, кӣ отама табобат мекунад?! Як хона ҳамашон психанду мана девона гуфта, оварда дар девонахона партофтанд.

-Маълумоти миёна доред?

-Ман ҳамагӣ то синфи се хондаму тамом. Акаҳом баъди синфи 3 мара аз мактаб гирифтанд, ки духтар бероҳа мешавад.

-Апаву хоҳар доред?
-
Як апам инвалид дар Индом (хонаи маюбон)-и Ҳисор, яктаи дигараш мурдагӣ.

-Дар ин ҷо шуморо чӣ хел нигоҳубин мекунанд?

-Нағзай нигоҳубиншон. Моя намезананд. Дарс мехонем, духтуро укол мекунанд, дору метиянд, шикоят надорум.

-Аҳли оилаатон ба аёдати шумо меоянд?

-Очам ду-се бор аз отаву акаҳом паноҳӣ омада, мара хабар гирифт. Отам гуфтай, ки дига хона набиёяд.

-Мастона, ба саволи асосии мо ҷавоб надодед, ки барои чӣ бародароонатон шуморо ба қавли худатон зада-зада девона карданд?

-Намедонам. Куҷое,ки мерафтум, ай пуштум мепоиданд. Чанд бор мара аз қади роҳ қапида оварданд ва “пеши ягон бача мерафтӣ” гуфта, мурданивор заданд.

-Бо чӣ мезаданд: бо шаппотӣ ё мушту лагад?

-Акам фақат занҷир кати мезад.

-Гуфтед, ки бародаронатон чанд маротиба шуморо аз қади кӯча дошта ба хона оварданд ва мурданивор заданд. Дар кӯча чӣ кор мекардед? Ягон ҷавони дӯстдошта доштед ё назди дугонаҳоятон мерафтед?

-Ман ягон кори хато намекардам. Пеши дугонаҳом рафтанӣ мешудум, лекин “пеши кадом бача мерафти” гуфта, занҷиршап мекарданд.

-Хонаатон дар куҷост?

-Дар қишлоқи киштӣ.

-Нафаҳмидам, чи хел киштӣ?

-Сари киштии боло

Аз ин зиёд нахостем ин духтараки бадбахтро бо саволҳои худ азият диҳем. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ фаро расид ва Мастона ҳамроҳи дигар беморон ба ошхона рафт, ман бошам, бо қалби ҳазин беморхонаро тарк намудам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД