Як гурӯҳ занони маҳаллаамон аз ман хоҳиш карданд, ки аз номи эшон дар бораирафору кирдори зане қисса намоям, ки бо заҳри забонаш дили ҳамаро меранҷонад ва ҳамсояҳо аз қаҳру алам ба ӯ «саги девона» лақаб ниҳодаанд.
Дар бинои истиқоматии мо зани миёнасоле зиндагӣ мекунад, ки хонаи Худоро зиёрат намуда, ба номи пурифтихори ҳоҷибибӣ мушарраф гаштааст. Аслан занҳои ҳаҷкарда бо чеҳраи нуронӣ ва тамкини ба худ хос диққати атрофиёнро ба худ ҷалб месозанд, вале ин ҳоҷибибии мо панҷ вақт намоз хонад ҳам, бо заҳри забонаш дили ҳамаро сиёҳ мекунад. Рӯзе нест, ки ин зани ҷанҷоливу арбадаҷӯ бо ягон баҳона бо ҳамсояҳо моҷаро накунад. Садояш чунон дағалу даҳонаш бефаровез аст, ки ногуфтанӣ. Ҳоҷибибӣ дар сари қаҳр чунон дашномҳои қабеҳ медиҳад, ки забони кас ба такрор карданаш намегардад. Бовар кунед, ҳатто мардони маҳалла «аз бало ҳазар» гӯён, кӯшиш мекунанд, ки ба чанги ин албастӣ наафтанд. Яке аз наздикони ҳоҷибибии баддаҳон ба ҳамсояҳо гуфтааст, ки ҳатто фарзандонаш аз ҷабри ин зан рӯз надоранд ва солҳост, ки бо ӯ рафтуомад намекунанд.
Сабаби ба ҳафтанома муроҷиат кардани мо ҳамин аст, ки хешу табор ва ақрабои наздикаш ҳоҷибибиро насиҳат карда, фаҳмонанд, ки бо одамон чунин муносибат кардану дили мардумро беҳуда ранҷондан гуноҳи азим аст. Беҳуда нагуфтаанд:
Ба дунё дил мабанд, эй одамизод,
Ки рӯзе меравӣ охир бар он хок.
Дар он соат надорӣ лафзи гуфтор,
Забонатро нигаҳ дору дил маёзор...
Муҳаррама Абдуқайсова