Маро зўран ба Рауф ном ҷавоне ба шавҳар доданд. Рӯзи дуюми тӯям мани арӯсак фаҳмидам, ки ба девонахона афтидаам.
Як хоҳаршӯям чашмаш каҷ ва ноқисулақл, додарони шавҳарам Ҳасану Ҳусейн ҳарду девона будаанд. Падаршӯям ҳам ба одами солим чандон шабоҳат надошт. Дар ин хона танҳо шавҳари ман ва модараш солим будаанд, вале онҳо ҳам ба қавли мардум нимсоқ буда аз девонаҳо монданӣ надоштанд. Қайсингили девонаам маро чашми дидан надошт, ҳамин ки чашми олусаш ба ман афтид, дардаш хурӯҷ карда табар, бел, каланд ва ҳар чизи дигари аз сари роҳаш баромадаро гирифта «ту маро куштан мехоҳӣ» гӯён, таҳдидкунон ба сӯям метохт. Ҳасану Ҳусейн девонаи занҷирбанд буданд, падарашон, яъне хусурам шабҳо доду вой карда ҳавлиро ба сараш мебардошт. Хушдоманам ба ҷону ҳолам намонда мани арӯсакро маҷбур мекард, ки таги пойи бачаҳои ноқисулақлашро рӯбам, либосҳояшонро ҳар рӯз иваз намоям, хӯрокашонро хӯронам… Мани табиатан тарсу аз хоҳару бародарони девонаи шавҳарам чунон метарсидам, ки шояд харгӯш дар ҷангал аз гург он қадар натарсад. Шавҳарам саҳар аз дар мебаромаду шом ба хона бармегашт. Зиндагӣ дар ин девонахона ниҳоят душвор бошад ҳам, ночор тоқат карда мешиштам.
Як саҳар косаи хӯрок дар даст ба назди хоҳаршўям даромада дастонашро кушодам. Баробари аз занҷир раҳо ёфтан вай мисли модагурги гурусна ба ман дарафтод. Девонаҳо одатан бисёр пурқувват мешаванд, дар як нафас вай маро таги по карда, қабза-қабза мӯйҳоямро канда гирифт. Талхакаф шуда бо тамоми овоз фарёз задам. Хайрият, ки модараш доду фиғони маро шунида аз дар даромад, набошад яқин он девонаи олус маро мекушт. Гирён аз дар баромада ба шавҳарам шиква намудам, ки хоҳарат маро маъюб кард. Ба ҷойи тасалло додан ба рӯям ду торсакии обдор фароварда гуфт: «Зарур шавад, ахлоти додару хоҳаронамро мехӯрӣ. Фаҳмидӣ?!» Хориам омада худи ҳамон замон таги як курта аз дар баромадам ва аввалин мошини аз пешам баромадаро нигоҳ дошта ҷонҳавл худро ба дарунаш задаму аз ронанда хоҳиш кардам: «Акаҷон, маро аз ин макони девонаҳо ба шаҳр баред, пулатонро баъди ба хонаи падарам расидан медиҳам!»
Хайрият, ки ронанда марди худоҷӯй будааст, ранги парида ва рӯйи аз захми нохуни девона хуншорамро дида маро аз Ёвон ба Душанбе овард. Падарам роҳкирои таксистро дода, ӯро гусел кард ва мани дарақ-дарақ ларзонро ба хона дароварда сабаби омаданамро пурсон шуд. Ҳамаашро аз як сар нақл кардам. Дили волидонам ба ҳоли ман сӯхта ба шавҳарам занг заданд ва таъкид намуданд, ки беҳуда овора шуда барои бурдани ман набиёяд, онҳо духтари мепартофтагӣ надоранд, ки зери пойи девонаҳо афкананд. Рауф заррае ғамгин нашуда гуфт: «Набиёяд асло набиёяд, боз зани 16- сола мегирам!» Ҳамин тавр номи бади бевагиро гирифтам, вале Худоро шукр мегӯям, ки маро аз он девонахона халос кард!
Сайёра, аз маҳаллаи Каленин