Ман Баҳром, як муҳоҷири овораю сарсони тоҷик аз шаҳри Новгороди Русия. Падарро сутуни хонадон ва такягоҳу қиблагоҳи фарзандон меноманд, вале сабаби ин ҳама оворагӣ ва ранҷу азоби ману аҳли оилаамон падарам аст.
Дигар мардон бо рафтани синну солашон ба худо наздик шаванд, падари ман пир шуда, ба қавли мардум “девона” шуд. Ба ҷойи он ки панҷ вақт намозашро хонда, худоро ёд кунад, вай ҳар рӯз арақ хӯрда, ба ҳамсояҳо кинои бе пул нишон медод.
Модарамро бо белу каланд зада аз хона меронд, хоҳарамро қариб бо табар зада кушта буд, бародарамро барои гапгардонияш мурдакўб кард....
Оқибат косаи сабри модарам лабрез гашту аз болои падарам аризаи шикоятӣ навишт. Ҳомиёни қонун барои зўровариаш падарамро ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Гумон кардем, ки дар ҳабсхона ҳуши падарам ба сараш мезанад, вале зиндон ӯро боз ҳам девонатар кард. Баъди ба озодӣ баромадан падарам рӯзи моро сиёҳ карда, талаб намуд, ки хонаашро зудтар холӣ кунем. «Ман аз чунин зану фарзанд безорам» гӯён, фиғон кашида, чунон дашномҳои қабеҳ медод, ки одами як зарра хуни одамӣ доштагӣ тобу тоқати шунидани чунин суханҳоро намекунад. Бародарам ӯро насиҳат карданӣ шуд, вале падарам бо як лагад ўро ба замин афтонда, чунон зад, ки аз ҳуш рафт. Ҳамсояҳоро ба ёрӣ хондем. Падарам барои ӯро ба суд доданаш модарамро талоқ дод ва кўчу бандашро аз дар ба берун партофта, ману хоҳарамро низ «оқатон кардам» гуфта, аз хона берун кард. Ҳамин тавр мо бехонаву дар гашта, ба қавле бомж шуда мондем.
Чанд муддат дар хонаи хешу табор истодем, баъд бародарам Русия рафт.
МОДАРАМ МАРО ДАР ШАШМОҲАГИАМ ФУРӮХТУ…
Шаш моҳ пас вай барои харидани чипта ба ман маблағ равон кард ва ман низ роҳи мулки русро пеш гирифтам. Айни замон дар як ошхона пешхизмат шуда кор мекунам. Аламовараш он аст, ки моро одами бегона не, падари худамон аз хонаву хонумон маҳрум намуд. Дар назари ин марди беандеша зану духтараш фоҳиша менамоянд, писаронашро низ чашми дидан надрад. Модару хоҳарамро туҳмат мекунад, ки гӯё онҳоро таксистҳо мебурда бошанд, мо, писаронашро бошад, дузд баровардааст. Наход падар дар ҳаққи фарзандони худаш чунин туҳматҳои гӯшношунид кунад?
Падар хук шавад ҳам хуб бонӣ кун мегӯянд, вале дили ман аз падари майзадаам ях барин хунук шудааст. Падарам, агар як зарра нангу номуси мардона медошт, ҳеҷ гоҳ дар дами пирӣ занаштро талоқ дода, бачаҳояшро хору зор ва дар ба дар намекард. Дар он дунё мо, фарзандони овораю сарсонат аз гиребонат мегирем, падар!
Баҳроми муҳоҷир