Мо, се хоҳарон аз деҳаи Турбибобои Ҳисор бо дили пур аз дарду ғам ба сомонаи Оила муроҷиат намуда, умед мебандем, ки ниҳоят дарду аламамон ба гӯши падар мерасад.
Гап дар сари он аст, ки падарамон зиндаву саломат бошад ҳам, мо то имрӯз меҳрубонию навозиши ӯро надидаем. Ростӣ, пештар гумон мекардем, ки падарамон мурдааст, вале баъди сари ақл шудан фаҳмидем, ки бо балвои модараш падарам аз баҳри модарам ва мо, се духтари мисли гул зебояш гузашта будааст. Модарам оби дида рехта нақл мекунад, ки онҳо бо меҳру муҳаббат оила барпо карда буданд, вале бибиам бо рашку шӯрандозӣ оилаи писарашро оқибат вайрон кардааст.
“Бибиат аз аввал духтари хоҳарашро келин карданӣ будааст, вале падарат ду пояшро ба як мӯза меандозад, ки духтари холаашро намегирад. Кампир маҷбур шуда, бо дили нохоҳам ба хонаи мо хостгорӣ рафт. Ҳамин тавр бо дуои неки падару модаронамон мо оила барпо намудем, аммо аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ситораи ман ба бибиат писанд нафтод. Вай мудом маро ба писараш бадгӯӣ карда , моро ҷанг андохтанӣ мешуд, вале падарат ба гапҳои модараш аҳамият намедод. Ба бахти сиёҳи ман ҳамаи шумо духтар ба дунё омадед ва ин барои кампир дастакшуда монд. Вай мудом “ин зани хушкардаи ту фақат духтар мезояд, талоқашро деҳ, ман ба ту духтари очааш мучӣ накарда ёфта медиҳам. Бачаи сода, як хона духтаррро чӣ кор мекунӣ, охир инҳо пагоҳ ҳамаашон шавҳар карда мераванду танҳо мемонӣ. Дафъ кун ин зани духтарзоятро, бароят чунон зане меёбам, ки ҳар сол як шоҳписар зояд...” гӯёнг, доим дар бехи гӯши падарат варсоқӣ мехонд. Оҳиста-оҳиста гапҳои модараш ба падарат асар карданд ва авзояш беҷо шуда, ҳар замон ғур-ғур мекардагӣ шуда монд...” қисса мекунад модари бечораам.
Оқибати шӯрандозиҳои касмпири бибиам ҳамин шудааст, ки як рӯзи шум падарам модарам аз дар берун мекунад. Дили тағоҳоям ба ҳоли мо, се духтари падардори бе падар сӯхта, ба модарам хона мехаранд.
Ҳамин тавр падарам сарашро гирифта ба хориҷа рафтааст ва 13-сол боз бе ному нишон аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки падарам дар он ҷо духтур шуда кор мекунад ва зани араб гирифта, писардор ҳам шудааст, вале ин гапҳо то куҷо ҳақиқат доранд, намедонем.
Аз рӯзе, ки ин ҳақиқати талхро аз забони модарамон шунидем, корамон танҳо гиряву нолаву оҳ аст. Бо воситаи Оила ба падари духтарбезорамон гуфтанием:
-Падар, ҳарчанд, ки ту дар тӯли 13 сол ягон бор моро ба гӯшаи хаёлат наовардӣ, ҳарчанд боре ҳам нагуфтӣ, ки ҳамсарам бо се духтараш чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд, то ҳол меҳрат дар дили мо маъво дорад. Хориву зориҳои зиёде кашидем дар ин 13 сол, аммо намурдем. Медонем, ки дар Арабистони Саудӣ ба ҳайси духтур кор мекунӣ ва дар он ҷо шуҳрату ному нону зану фарзанд дорӣ, аммо наход дилат ягон бор ба ёди се духтарат гум назада бошад?! Ягон бор ба ёдат намерасад, ки дар ин ҷо, дар Тоҷикистон се ҷигарбандат бо чашми чор роҳи туро мепоянд? Мо кайҳо мактабхон шудем падарҷон ва ҳар рӯз муаллимон сарамонро сила намуда, барои хубу аъло хонданамон “Офарин, бар падарат раҳмат!” мегӯянд. Биёву бо чашмони сарат бубин, ки духтарони аз онҳо ношукрӣ кардаат чӣ тавр номи туро баланд мебардоранд! Мо, се хоҳар ба худ қавл додаем, ки агар падарамон ба хубӣ ба наздамон барнагардад, сарамонро ба санги хоро зада, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавем ва мисли худаш духтур шуда, ба Арабистон меравему аз гиребонаш гирифта кашолакунон ба Ватан меорем! Дили моро нашикан падар! Аз духтаронат ношукрӣ накун, зеро ношукрӣ заволи неъмат аст. Нашавад, ки рӯзе ба нохуни фарзанд зор шавӣ...
Завлона ва хоҳаронаш, аз деҳаи Турдибобои Ҳисор