Дилбар ном дорам. Мактабро хатм намуда, қатори ҳамсинфонам ба шаҳр омадаму ба колеҷ дохил шудам. Аз рӯзи аввали хониш ҷавоне аз пасам кашола шуд.
Ҳар рӯз то дари донишгоҳ аз пасам омада гап мепартофт, вале ман ба суханҳояш аҳмият намедодам. Қасам болои қасам мехӯрд, ки дӯстам медорад. Бовар накарда дашномаш медодам. Пас аз ба хона баргаштан пушаймон шудам ва аҳд намудам, ки баробари сар шудани соли нави таҳсил ҳамон ошиқбачаро меёбаму ишқашро қабул мекунам. Ҳафтае пас тасодуфан дар шаҳр ҳамон ҷавонро аз дур дидам ва табассумкунон сӯяш давидам, вале вай бо нафрат рӯй тофт. Дасташро дошта гиряву зорӣ намудам, ки аз гуноҳам гузарад. Силтав зада дасташро раҳо кард ва ба пасаш нигоҳ накарда рафт. Бо дили зору чашми гирён ба хона баргаштам. Аз байн қариб ду моҳ гузашту соли таҳсил сар шуд. Рӯзе дар роҳи донишгоҳ садое аз пасам баланд шуд: «Ист, ба ту гап дорам!» Ба шаст қафо гаштаму ҳамон ҷавони ошиқро дида, хурсанд шудам. Вай гапро ғоз надода, гуфт:
-Ба хонаатон хостгор фиристода туро ба занї гирифтан мехоҳам.
Розигї дода, нишонии хонаамонро додам ва мо рӯзи хостгориро таъйин намуда, хайрухӯш кардам. Ҳафтае пас хостгорони Сомон дарамонро кӯфтанд, вале падарам «ман ба одамони ношинос духтар намедиҳам» гуфта навмед гуселашон кард. Аз ин кори падарам сахт ранҷидам, вале ошкоро исён карда наметавонистам. Сомон маро дилбардорӣ карда, пешниҳод намуд, ки пинҳонӣ никоҳ карда, зану шавҳар шавем. Азбаски сахт дӯсташ медоштам, розї шудам. Хонаеро иҷора гирифтем ва мулло оварда никоҳ кардему шабро дар оғӯши якдигар саҳар намудем. Хушбахттарин зани дунё будам он шаб ва ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки падарам ин гапро шунавад, чи мегуфта бошад.
Хулоса, баъди шавҳардор шудан колеҷро партофтам. Сомон хоҳ нохоҳ ин гап як рӯз не, як рӯз овоза мешавад гуфта маро ба деҳа ба хонаи падарам бурд ва зану шавҳар шуданамонро нақл кард. Падарам ба ғазаб омада шавҳарамро чанд мушт зад ва ҳардуямонро аз хона пеш кард. Ноумед ба шаҳр баргаштем. Ҳайронам, охир мо бо никоҳи мусалмонӣ зану шавҳар шудем, пас чаро падарам мисли он ки бе никоҳ думи ин ҷавонро гирифта бошам, аз ман ҳазар карда, рӯямро дидан намехоҳад? Агар онҳо дар вақташ хостгории сомонро қабул мекарданд, мо ночор монда, пинҳонӣ никоҳ намекардем. Айб аз калонсолон гузашту боз мо, ҷавонон гунаҳкор?!
Дилбар, сокини ш. Душанбе