new banner new years
Арӯс дар таги чодар девона шуд  
2992

Саид аз даврони мактабхонӣ ошиқи шайдои Ибодат гашта буд ва ӯро ба касе додан намехост. Баробари хатми мактаб ӯ волидонашро ба хонаи духтар хостгорӣ фиристод ва тӯйи бодабдаба ороста, маликаи арзуҳояшро ба хонаи худ овард.

Тамоми хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо ба ин ҷуфти зебо бо ҳавас менигаристанд, аммо ҳанӯз чиллаи арӯсиву домодиашон набаромада Ибодат ба дарди бедавое гирифтор гашт. Шабҳо ҳазён мегуфт ва баъзан бо чашмони пӯшида аз хона баромада мерафт. Хушдоманаш ба ташвиш афтида ба назди фолбинҳои номдор рафт, ҳатто дар назди мулло рӯйи китоб кушод. Фолбинҳо мегуфтанд, ки ба арӯсак ҷин ёр шудааст, табибон бошанд, гоҳ хандидану гоҳ гиря кардани келинчакро нишонаи ба касалии рӯҳӣ гирифтор шуданаш медонистанд.

Саидро бемории ҳамсараш ончунон рӯҳафтода карда буд, ки дигар майли бо касе ҳарф задан надошт. Иштиҳояш баста шуда, азҳ лугӯяш ба қавле об ҳам намегузашт....

 Садоқати мард
Даид пулу молро дареғ надшта барои табобати арӯсаш тамоми кори аз дасташ омадаро кард. Ниҳоят баъди даводавиҳои зиёд Ибодат ба худ омад ва мисли пештара чаққону шӯху дилрабо гашт. Бо мурури замон онҳо соҳиби фарзанд гаштанд. Саид писараш Бахтоварро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медошт ва ҳатто як лаҳза аз бари зану фарзандаш дур будан намехост, аммо ӯро аз ҷойи кораш ихтисор намуданду маҷбур шуд, ки ба Русия мардикорӣ равад.

 Хиёнати зани эрка
Ибодат баробари ба сафар баромадани Саид меҳрубонию ғамхориҳои шавҳарашро зери по намуда бо Ҷовид ном марде, ки соҳиби зану фарзанд буд, ошноӣ пайдо кард. Рӯз то бегоҳ вақташро бо ошиқаш гузаронида, шомгоҳон барои овардани писарчааш ба боғча мерафт.

Рӯзе ғарқи бӯсу канор аз занг задани дар бехабар монданд. Саид, ки аз омаданаш ба Ибодат хабар надода буд, беҷавоб мондани занги дарро дида, гумон кард, ки дар хона касе нест. Калидашро бароварда оҳиста дарро кушод. Дар погаҳи дар пойафзоли мардонаро дида дилаш таҳ кашид. Аз хонаи хоб садои нолишҳои пурмеҳр меомад. Саид бехудона ба хонаи хоб даромаду занашро дар оғӯши марди бегона дида ҳуш аз сараш парид. Дунё дар назараш тираю тор гашт. Ба дилаш гӯё корд халида бошад, замину осмон дар назараш чарх мезад. Хун дар рагҳояш ба ҷӯш омада бошад ҳам чизе нагуфта аз хона берун шуд.

 Ашки талхи шавҳар
Осемасар ба боғча шитофт. Писарашро сахт ба оғӯш гирифта бӯсиду сипас ба хонаи волидонаш баргашт. Чеҳраи ғамгин ва авзои парешонаш аз сар саздани ҳодисаи ногуворе дарак медод.

Саид ҳодисаи дидаашро ба волидонаш нақл карда, талху пуралам гирист.

Овозаи ба шавҳараш хиёнат кардани Ибодат дар тамоми маҳалла паҳн шуда ба гӯши волидон ва бародарони ин зани тардоман низ расид. Падараш Ибодатро оқ кард, модараш бошад, бо чашмони гирён қасам хӯрд, ки ҳатто дар рӯзи қиёмат шири сафедашро ба духтари шармандааш намебахшад.  

 Номусфурӯш
Барои Ибодат заррае фарқ надошт, ки мардум дар борааш чӣ мегӯянд. Вай ҳамоно ғарқи дарёи айши пургуноҳ буд. Ба гиряҳои Бахтовар, ки ҳар шом «Чаро падарам намеояд?» гӯён нола мекард, аҳамият намедод. Ҷовид ҳам худро ошиқи шайдои Ибодат нишон дода, ба гӯшаш афсонаи садоқату ваъдаи қасрҳои тиллоиро мехонд.

 


 

Шаб якбора қандам хеле боло рафт. Ёрии таъҷили омада маро ба беморхонаи ноҳия бурд. Дигар чизеро дар ёд надорам.

 


 

 Тифлаки ғамбемор
Бахтовар, ки ба Саид сахт дил баста буд, аз ғами дурии падар бемор шуд. Касалиаш рӯз то рӯз авҷ мегирифт. Саид аз бемор шудани фарзандаш хабар ёфта, маҷбур шуд дубора аз дари хонааш, ки Ибодат онро ғарқи гуноҳ намуда буд, сар дарун кунад.

Дар болои сари писараш Ҷовидро дида, шиддати қаҳру ғазабаш боло гирифту Ибодатро аз хона ронд. Хиёнати занашро бо чашмони худ дида бошад ҳам, Саид гумон надошт, ки модари фарзандаш ҳанӯз ҳам бо ошиқаш айшу ишрат дорад. Вай хонаро ба хотири Бахтовар ба Ибодат монда рафта буд, на барои ишқварзӣ бо ин марди фосиқ!

Ибодат ба хотири ишқи наваш ҳатто аз фарзандаш рӯй тофта рафт.

Саид тарбияи фарзандашро ба ӯҳдаи худ гирифта, ба хотири Бахтовар аз дубора хонадор шудан даст кашид.

 Аз ёр мондаю аз ишқ ронда
Ҷовид, ки танҳо барои соҳиб шудан ба хона ба гӯши зан афсонаи ишқ мехонд, баъди ронда шудани Ибодат робитаашро аз вай канд. Ибодат гиряю зорӣ кард, ки ба ҷуз ӯ дигар касе надорад, вале Ҷовид гӯё кар шуда буду чизеро намешунид.

Хешу таборонаш ҳам Ибодатро ба хона роҳ надоданд. Ба куҷо рафтану аз кӣ мадад пурсиданашро намедонист зани хиёнаткор. Шабҳоро зери дарахтону рӯи замини нам рӯз мекард. Ангушти пушаймонӣ мегазид, вале оби рехтаро дигар бардошта намешуд. Айши пургуноҳ дар як лаҳза ӯро аз бахту фарзанду зиндагии шоҳона маҳрум намуд.

Дигар аз малоҳату зебоӣ дар чеҳрааш осоре намонда буд. Оворагию сарсонӣ дилгираш намуда, оқибат даст ба худкӯшӣ зад. Зарфи бензинро аз сараш рехту дони гӯгирдро ба қуттиаш соиш дод… Фиғону нолааш дар як лаҳза ба осмон печид…

Гурдофарид  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД