Arzon march 2024
Ҷазои зани шавҳарбезор
5209

 

Қиссаи ишқи нангине, ки Гулрӯро шармандаю дарбадар кард

Рӯзе сабру қарор аз даст дода ба Азиз занг задам.

-Лаббай, кӣ занг мезанад?- пурсид садои ошно аз он сӯи ноқил.

-Азиз, ин манам Гулрӯ,- гӯён аҳволпурсӣ кардам.

-Ту шавҳар дорӣ! Аз ман чӣ мехоҳӣ,- бо тундӣ суханамро бурид Азиз.

-Ман Насимро дӯст намедорам. Бо ту вохӯрдан мехоҳам. Илтимос, не нагӯй!- гӯён зорӣ намудам. Азиз «майлаш фикр мекунам»,- гуфту телефонро хомӯш кард...

Хурсанд шудам, ки минбаъд бо Азиз вомехӯрам.

Бегоҳ Насим аз кор омаду маро хурсанд дида: «Имрӯз табъат болида?!»-гӯён ҳайрон шуд.

-Сабабашро гӯям ту ҳам хурсанд мешавӣ, -гуфтам маккорона.- Ман ҳомиладор шудаам!

Насим хурсанд шуда: «Ман падар мешавам», -гӯён маро ба оғӯш гирифта аз рухсораҳоям бӯсид. Модарам маро бо Насим хурсанд дида «Худоро шукр, ки духтарам хатояшро фаҳмидааст. Дар дилаш нисбати шавҳараш меҳру муҳаббат пайдо шудааст»,- гӯён хурсандӣ кард, бехабар аз он ки хурсандии духтараш сабаби дигар дорад.

«Гулрӯ, аз ин роҳ баргард! Фирефтаи шайтон нашав! Шавҳари меҳрубон дорӣ ва ба наздикӣ модар мешавӣ. Оилаи ободатро вайрон накун», -ин садои ақл буд, ки маро аз роҳи хато баргардонидан мехост, вале мани ошиқ на ба ақл гӯш медодаму на ба дилам. Сади роҳамро касею чизе гирифта наметавонист.

Рӯзи дигар ҳама аз паи корашон рафтанду ман худамро орою торо дода ба Азиз занг задам. «Азиз, зуд ба хонаи мо биё, ба ту гап дорам», -гуфта зорӣ кардам.

Фикр мекардам, ки Азиз ҳоло ҳам чун пештара маро дӯст медораду агар аз шавҳарам ҷудо шавам, маро ба занӣ мегирад. Аз байн ним соат нагузашта садои мошинро шунида ҷилвакунон назди дарвоза баромадам. Азизро кашолакунон ба ҳавлӣ даровардам.

-Туро ҳеҷ гоҳ ин қадар зебо надида будам Гулрӯ,-гӯён Азиз маро болои дастонаш гирифта ба хонаи хоб даромад. Ҳамдигарро бӯсаборон карда давраҳои ҷавониро ба ёд меовардем.

-Азиз, минбаъд мо бо ҳам якҷоем. Пагоҳ барвақт биё, ба тамошои шаҳр меравем, -гуфтам дар дами дарвоза ваъдаи ширин дода. Азиз «мебинем», –гуфту баромада рафт.

Аз ҳамон рӯз сар карда ману Азиз тез-тез вомехӯрдагӣ шудем. Ба тамошои театр, кино, боғҳо мерафтем. Насими гулу гумроҳ бошад, «занам ҳомиладор аст»,- гӯён маро рӯи дастонаш гирифта мегашт.

Пас аз нӯҳ моҳ маро дарди зодан гирифт. Ба таввалудхона бурданд.

Писар таввалуд кардам. Хурсандии аҳли хонадон ҳадду канор надошт. Падарам аз хурсандӣ рақсида набераашро Умед ном кард.

Ману тифлакамро бо гулу гулдастаҳо аз беморхона бароварданд.

Насим писарашро хело дӯст медошт. Бо кӯдак бозӣ карда ҳар субҳ қариб корравиашро фаромӯш мекард Умедҷон рӯз то рӯз зеботару хандонрӯяк мешуд. Модарам ки бо сабаби ба бемории сактаи дил гирифтор шуданашон аз кор озод шуда буданд, бо нигоҳубини кӯдак овора мешуданд. Аммо маро парвои кӯдакам набуд. Шабу рӯз нақшаи бо Азиз вохӯрданамро мекашидам. Рӯзе «дар хона дилгир шудам», -гӯён ба берун баромадаму аз духтарони ҳамсоя хабари зан гирифтани Азизро шунидам. Дунё дар назарам торик гашт.

Рӯзи дигар бозор меравам,- гӯён баҳона пеша оварда, ба суроғи Азиз баромадам. Ба Азиз занг зада, ба ҷои салому меҳрубонӣ аз ӯ суханони қабеҳ шунидам.

-Ба ман занг назан! Туро дидан намехоҳам!-гӯён дод зад.

Бо шунидани ин суханҳо дасту пойҳоям суст шуданду телефон аз дастам афтид. Пеши чашмамро пардаи туманолуде печонд. Аз ҳуш рафтам.

-Ба шумо чӣ шуд, хонуми зебо? -гуфтани духтараке маро ба худ овард. -Шояд гурусна бошед?-гӯён аз китфам дошта, маро духтари ношинос ба хонааш бурд.

Оҳиста –оҳиста ба ошёнаи чорум баромадем. Ҳангоме, ки вориди хона шудем, ба димоғам бӯи шароб омад. Тамоми нозу неъмат дар рӯи миз муҳайё буд. «Ту дар ин ҷо танҳо зиндагӣ мекунӣ?» -пурсидам аз духтарак. «Донишҷӯям. Бегоҳ ҳамсабақонам меоянд. Марҳамат гиред, шояд гурусна бошед?»-гуфта пиёлаи чойро дароз кард. Чойро нӯшида, дигар чизеро дар ёд надорам.

Субҳ ҳушёр шуда, худро дар оғӯши марди бегона бараҳна дидам.

Фиғон аз ниҳодам баромад.

-Худоё ман дар куҷоям? Писарам Умед куҷост, ба шавҳарам чӣ ҷавоб медиҳам, -гӯён он духтарро меҷӯстам.

-Бо тани ифлосат номи муқаддаси Худоро нагир. Садқаи писару садқаи шавҳар шав, ту фоҳишаи аблаҳ! -гӯён мард торсакие ба рӯям зад…


Росташро гӯям, янгаву акаамро ба тӯй хабар накардам, чунки то имрӯз ман гуноҳи онҳоро бахшида наметавонам. Хонаҳоямон наздик аст ва гоҳ-гоҳ дар роҳ бо бародарам рӯ ба рӯ мешавам, аммо...


Маълум шуд, ки инҷо фоҳишахона будааст. Аз он духтар бошад на пай буду на ҳайдар.

Ба ҳамом даромада сару рӯямро шустаму бо табъи хира аз он ҷо берун шудам. Ҳарчанд ки ба хона наздик мешудам, пойҳоям чун барги бед меларзиданд. Ба ҳавлӣ даромадаму оҳиста дарвозаро пӯшидам. Модарам дар рӯи ҳавлӣ бо рӯбучин машғул буд. Садои дарро шунида цафо гашт ва маро дида дод зад:

-Шаб дар куҷо будӣ, бесоҳиб!

Чизе нагуфта ба хона даромадам. Ба бахти бади ман шавҳарам дар хона будааст. Гардани пур аз засосамро дида, вай ҳамаашро пай бурд ва ҳатто ба рӯям нигоҳ накарда, зери лаб “се талоқат кардам” гуфту баромада рафт.

Ҳамин тавр мани беандеша бо дасти худам хонаи бахтамро вайону фарзан дамро зиндаятим кардам. Аз кори кардаам сад бор пушаймонам, вале пушаймонӣ дигар суде надорад....         

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Меҳриниссо 2019-08-30, 19:27
Аз инсу пас ба роҳи рост рав.Худо бахшанда аст ба онҳое ки дар ҳақиқат пушаймонанд.
Посух
Amir 2019-08-31, 10:56
Akhmaq, barvaqtar fikr kardan darkor, bud!!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Меҳриниссо 2019-08-30, 19:27
Аз инсу пас ба роҳи рост рав.Худо бахшанда аст ба онҳое ки дар ҳақиқат пушаймонанд.
Посух
Amir 2019-08-31, 10:56
Akhmaq, barvaqtar fikr kardan darkor, bud!!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД