Sebiston new 2024 october
Рӯзи сиёҳи духтари бе оча
3263

 

ё чӣ тавр найрангҳои моиндар дари бахтро ба рӯи Хиромон баст?

 Фариштаи заминӣ

Модари ман зан не, фаришта буд. Дар умраш ягон бор касеро хафа накарда, мудом хизмати мардумро мекард. Панҷ панҷааш ҳунар, чевар буд. Мизоҷонаш аз мӯйи сараш бисёр буданд. Хурду калони деҳа ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд, вале дар синни 45-солагӣ ба дарди бедавое гирифтор шуда, бо дили пурормон ин дунёи бевафоро падруд гуфту мо, се духтарашро бе муттакою танҳо гузошта рафт. Падарам то вақти ба хона зан оварданаш бо мо меҳрубон буд, вале баъд...

Дӯстони “хайрхоҳ”

Пас аз додани маъракаи чили модарам як бегоҳ аммаю амакҳоям ба хонаи мо омаданд ва ману хоҳаронамро шинонда ба панду насиҳатгӯӣ сар карданд.

-Падарат ба ҷои модарат зани нав меорад. Бо ӯ муомилаи хуб кунед, охир вай ҳам ба шумо модар ҳисоб мешавад. Ту духтари боақл ҳастӣ Хиромон ва ҳамаашро мефаҳмӣ, ба хоҳаронат фаҳмон, ки девонагӣ карда, ҳам ҳаёти худашон ва ҳам зиндагии падаратро талх насозанд,-даст ба китфи ман бурда, насиҳатомез гуфт амакам.

Медонистам, ки гапи амакам ҳақ аст ва мард бе зан наметавонад, аммо дилам тоби шунидани ин ҳарфҳоро накарда, аз чашмонам беихтиёр ашк ҷорӣ шуд. Падарам ҳам сари хоҳари хурдиамро силакунон оби чашмонашро пок мекард...

Зани ҷавону шӯи пир...

Рӯзи дигар хешу табори наздики падарам ҷамъ шуданд ва маъракачаи хӯрде ороста ба падарам зан оварданд. Ҳамсари нави падарам духтари хеле ҷавон бошад ҳам, аз чашмонаш алов меборид. Маълум буд, ки мисли мор аст, вале худашро меҳрубон нишон дода, табассум мекард. Ростӣ, ман ҳеҷ ӯро ба ҷойи модарам тасаввур карда наметавонистам, аммо ба хотири ҳурмати падар чизе нагуфтам. Хоҳаронам, ки нисбатан хурд ва ба қавли аммаю амакҳоям ҳанӯз бе ақл буданд, ба дидани моиндар дар хонаамон тоқат накарда, қаҳр карда ба хонаи бибии модариам рафтанд.

Найрангҳои моиндар

Моиндарам аз рӯзи нахустини омаданаш худро хӯҷаини мутлақи хона гирифта, кӯшиш мекард, ки гапашро гузаронад ва бо оҳанги омирона “ин корро кун, он корро кун” гӯён, сад хел амру супориш медод. Худашро шеф гирифтани моиндарам ғазаби маро меовард, вале базӯр лаб зери дандон гирифта тоқат мекардам. Хоҳаронам пас аз як ҳафта аз хонаи бибиям баргаштанд. Моиндарам ба онҳо рӯи хуш надода, мудом ба ҳар як корашон эрод мегирифт ва ба таври худаш моро аз нав тарбия кардан мехост. Фармонфармоии моиндар хоҳаронамро ба ғазаб меовард ва аз якравӣ карда, аз гуфтаҳояш сарпечӣ менамуданд. Аз афташ шабҳо моиндарам ба падарам аз ману хоҳаронам шикоят мекард, ки як бегоҳ дар сари дастурхон падарам моро насиҳат карда гуфт:

-Моиндаратонро наранҷонед, чунки ҳаёти ман, зиндагии ман, ояндаи ман бо вай аст. Духтар моли мардум аст, сад сол нигоҳубин кунӣ ҳам, оқибат шавҳар карда баромада меравад. Шумоён дер ё зуд аз паси бахти худ шуда, хонаи мардумро обод мекунед, ман мемонаму чор девори хона ва ҳамин занак. Мурдаю зиндаи маро фақат вай саришта карда метавонад...

Аз оҳанги гуфтори падарам дарёфтам, ки аллакай мутеи зани наваш гаштааст ва дигар ба ману хоҳаронам мисли пештара меҳру муҳаббат надорад, аммо сир бой надодам, то ки дили хоҳаронам ганда нашавад.

Ғуломи зан

Як рӯз моиндарам ба тӯйи кадом хешаш рафтанӣ шуда, аз падарам талаб кард, ки ба ӯ куртаи нав харида диҳад. Аз афташ падарам ҳамон шабу рӯз дар кисааш пул надошт, ки лаб газида гуфт:

-Пеш аз никоҳ ба ту чанд либос бурда будем-ку, ягонтои ҳамонҳоро пӯшида рав!

-Он либосҳоро хешу табор ва янгаву апаҳоям дида буданд, агар боз ҳамонҳоро пӯшида равам, ба ҳоли ман механданд, ки шӯят туро баробари патаки пайтоба қадр намекардааст. Ман бояд бо ягон либоси фасон равам, то ки ҳама ба зиндагиам ҳасад баранд,-бидиррос зад моиндари шаттоҳам.

Падарам дар ҷавоби суханони занаш чизе нагуфта ба хона даромад ва чанд лаҳза пас куртаҳои арӯсии маро, ки модари раҳматиам бо сад орзую умед харида, худаш орову торо дода дӯхта монда буд, гирифта аз дар баромад. Ҳайрон шудам, ки вай чӣ кор мекарда бошад:

-Маҳ, ана ин куртаҳоро бигир ва кадомашро, ки мехоҳӣ, пӯшида рав. Дар ин либосҳо ту мисли арӯсак хушрӯй мешавӣ,-инро гуфта падарам куртаҳои арӯсии маро ба занаш дароз кард.

Бо дидани ин манзара хун ба сарам зад ва инони ихтиёр аз даст дода дод задам:

-Ин либосҳоро модарам бо садҳо орзую ҳавас барои ман харида буд. Шумо чӣ ҳақ доред, ки либосҳои арӯсии маро аз сандуқ гирифта ба занатон медиҳед?! Курта мехоста бошад, бигзор худаш рафта аз бозор харида пӯшад. Очаи ман бо хуни ҷигар ин либосҳоро барои ин аҷина надӯхтааст...

Падарам чашмонашро ало карда ба сӯйи ман омад ва бидуни он ки чизе бигӯяд, кашидаю кушода ба бари рӯям чунон торсакии сахте зад, ки аз чашмонам оташ парида, дунё дар назарам тираю тор гашт. Аламҳои дилам якбора рӯ заданд ва “очаҷон, дар куҷоӣ, моро ҳам ба назди худат бар, ки бе ту хор шудем” гӯён, чунон бо алам нола кардам, ки фиғонам ба фалак печид. Хоҳаронам низ ба риққат омада баробари ман “очаҷон, моро ба назди худат бар” гӯён, зор-зор нола мекарданд. Нолаҳои ҷигарсӯзи мо то ба гӯши ҳамсояҳо низ расид ва сари девор пур аз тамошобин гашт...


ХУСУРАМ МАРО ТАЁҚШАП КАРДА, АЗ ХОНА РОНД

 


Падарам писардор шуду...

Як сол пас моиндарам писар таваллуд карду буҷулаш якбора асп хест. Дигар ягон кас ҳаққи ба ӯ гап задан надошт, чунки падари як умр дар ҳасрати писар сӯхтаам акнун зану бачаашро тори сар карда мегашт.

Духтар доштанашро гӯё фаромӯш карда буд. Акнун мо се духтар пурра ғуломи моиндар гашта, аз хати кашидаи ӯ як қадам берун баромада наметавонистем. Рӯзе хоҳари худиам аз гаҳвораҷунбонӣ дилгир шуда, ба кӯча бозикунӣ баромадааст. Бегоҳ моиндарам ба падарам шӯрандозӣ карда, алов монд. Падари бадҷаҳлам барои писараш шуда, хоҳараки бечораамро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зада шорид. Талхакаф шудем, ки ҳозир мурда мемонад. Сари хоҳараки беҳушу бе ёдамро болои зонувонам монда, зор-зор гиря мекардам, вале на падарам ва на моиндарам ба сӯйи мо ҳатто нимнигоҳе ҳам намекарданд. Хайрият, ки зани ҳамсоя ҳамин вақт бо кадом коре ба хонаи мо омад ва ҳоли хоҳарамро дида ба имдодаш шитофт. Ҳамсоязан духтури кӯдакона буд ва зуд аз хонаи худаш чанд хел дору оварда ба хоҳарам сӯзандору гузаронд ва ӯро ба ҳуш оварда, таъкид кард, ки пагоҳ ҳатман кӯдакро ба духтур барем, аммо бо баҳонаи бепулӣ падарам хоҳарамро ба духтурхона набурд..

Ҷазои парвардигор

Худованд ин рафтори падарамро бе ҷазо намоянд. Аз байн ду рӯз нагузашта дар ҷои кораш падарам аз ошёнаи дуюм афтида пойҳояш сахт осеб диданд. Қариб як моҳ дар духтур хобид, баъд ӯро бо чигас ба хона оварданд. Акнун падарам бе кор монда, намедонист чӣ хел оилаи калонро таъмин намояд. Занаш ҳар рӯз бо падарам ҷангу ҷанҷол карда, таҳдид менамуд, ки вай як умр мисли гадо зиндагӣ карда, касалибонӣ карданӣ нест, агар ҳамин хел давом кардан гирад, бачаашро гирифта баромада меравад. Аз ҷангу ҷидоли падару моиндарам безор шуда ба назди тағоям рафтам, то ки ба ман ягон кор ёфта диҳад. Тағоям, ки тоҷири калон буд, маро дар яке аз мағозаҳои хӯроквориаш ба сифати фурӯшанда ба кор гирифт. Маоши хуб мегирифтам, бар замми ин, ҳар бегоҳ тағоям як халта хӯрданиҳои бомаза медод, то ки ба хоҳараконам барам...

Пирдухтар

Ману хоҳарам Замира мактабро хатм карда, духтарони калон шуда будем ва қариб ҳар рӯз дари хонаамон хостгорборон буд, вале падарам намехост моро ба шавҳар диҳад, чунки рӯзгори хонаро ман таъмин менамудам, хоҳарам бошад, барои моиндарам як хизматгори бе миннат буд ва тамоми кору бори хонаро мекард. Ҳамин тавр бо айби падару моиндарам синну соли ман аз 25 гузашт, хоҳарам низ 23-ро пур карда буд ва ҳамсолонаш аллакай як-дутогӣ фарзанд доштанд. Азбаски дар маҳаллаи мо духтарон аз синни 17-18-солагӣ ба шавҳар мебароянд, ману хоҳарам аллакай пирдухтар ҳисоб мешудем...

Насими ишқ

Дар мағоза ҳамроҳи ман Парвиз ном ҷавони босавод кор мекард. Фориғ аз савдо ману Парвиз аз ину он чақ-чақ карда ба ҳамдигар дил бастем. Хуб медонистам, ки Парвиз аз ман як сол худ аст ва падару модараш кадом як духтари хешашонро ба ӯ келин кардан мехоҳанд, вале Парвиз диламро бо ваъдаҳои осмонӣ пур карда мегуфт, ки ба ғайр аз ман касеро ба занӣ нахоҳад гирифт. Аз дарди ҷонкоҳи ишқи Парвиз на шаб хоб доштаму на рӯз. Мунтазир будам, ки кай ба хонаи мо хостгор фиристода, маро аз ҷабри моиндар халос мекунад, аммо...


29-СОЛ БОЗ ДАР ХОНАИ БЕГОНА ҒУЛОМАМ

 


Марги умед

Рӯзҳои охир ҳолати Парвиз хуб набуд. Ҳамеша хафаю хиҷил мегашт. Сабабашро мепурсидам, аммо чизе намегуфт. Доим сар ба сукут буд. Рӯзе падару модараш ба мағозаамон омада хариди зиёде карданд. Вақти рафтан модари Парвиз маънидорона ба ман нигариста гуфт:

-Хиромон, охири ҳафта тӯйи Парвизҷон аст. Хоҳаронатро гирифта ба хона биё. Ту одами бегона нестӣ-ку, дар тӯйи Парвиз кӯмак мекунӣ...

Бо шунидани ин хабари шум тарбузи умед аз бағалам афтида бошад ҳам, сир бой надода “албатта меоям холаҷон” гуфтам ва бо баҳонаи аз анбор овардани қанд аз онҳо дур шудам...

Душмани худӣ

Парвиз баъди рафтани падару модараш ба наздам омада, ашки чашмонамро пок кард ва узрхоҳона гуфт:

-Ман падару модарамро розӣ кунонда будам, ки новобаста ба калон буданат туро келин кунанд, вале моиндари каждумсифатат ҳама корро вайрон кард. Вай ба модарам гуфтааст, ки ту духтар нестӣ, барои ҳамин модарам ду пояшро ба як мӯза андохт, ки қиёмат қоим шавад ҳам, ҳаргиз туро келин намекунад. Маро бубахш, ки ба ваъдаи ба ту додаам вафо карда наметавонам...

Тӯйи ошиқу мотами маъшуқ

Рӯзи тӯи Парвиз дар сарам на ҳуш доштаму на гӯш. Дилу ҷигарам аз рашку алам месӯхт. Он рӯз аз дарду алам кор карда натавониста, мағозаро маҳкам кардам ва бо баҳонаи дарди гурда ба хона омадам. Моиндари золимам ба ҷону ҳолам намонда маҷбур кард, ки пирожки пазам. Хонаи падари Парвиз дар маҳаллаи мо воқеъ гашта буд. Вақти равғанро ширин кардан якбора овози карнаю сурнай баланд баромада, садои пурнишоти кӯдакон ба фалак печид: “Арӯсро оварданд! Арӯси акаи Парвизро оварданд...”

Ман он лаҳза равғани тасфонро аз дег ба зарфи равғангирӣ мерехтам. Бо шунидани нидои “арӯси Парвизро оварданд” якбора дасту пойҳоям ба ларза даромаданд ва деги равғани сӯзон аз дастам афтида ба болои ҳарду поям чаппа шуд. Сӯхтани дилу ҷигарам кам буд, ки пойҳоям низ сӯхта, чунон сахт ба сӯзиш даромаданд, ки аз ҳуш рафтам...

Зани дуюм шавам?

Қариб ду моҳ дар беморхона хобида базӯр роҳ мегаштагӣ шудам. Ҳарду поям аз зону поён сӯхта сахт осеб дидаанд. Парвиз ҳамоно маро ба умед карда мегӯяд, ки интизор шавам, албатта ягон хонача харида аз падару модараш пинҳонӣ маро ба занӣ мегирад. Шунидам, ки арӯсаш аллакай ҳомиладор шудааст, барои ҳамин сабру қарор аз даст дода, саргузаштамро нақл кардам, то ки хонандагони зиндагидидаи ҳафтаномаи “Оила” ба ман маслиҳат диҳанд. Парвизро интизор шуда зани дуюмаш шавам ё ба умеди ӯ нашуда, таёқамро ба равшанӣ занам ва чашмонамро пӯшида бе ишқу муҳаббат бо касе, ки пеш омад, хонадор шавам?

Хиромон

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД