arzon replenishment
29-сол боз дар хонаи бегона ғуломам
4381

 

Дар идора саргарми кор будам, ки касе дарро кӯфта садо кард:
-Мумкин?

Сарамро аз коғазҳо набардошта гуфтам:
-Марҳамат дароед!

Лаҳзае пас ба утоқ зане ворид гашт, ки ба назар кампир барин менамуд. Гумон кардам, ки зан аз болои шавҳараш шикояткунӣ омадааст. Курсии рӯ ба рӯро нишон дода гуфтам:
-Холаҷон, марҳамат шинед! Канӣ гап занед, кадом шамол шуморо ба редаксия овард?
-Апаҷон, ғайри шумо дигар ягон одами розшунав надорам, илтимос, дарди дили маро нависед,-зорӣ намуд зан.

-Марҳамат холаҷон, гап занед, шумо кистед ва чӣ дарде шуморо ба идораи мо овардааст?

-Номамро намегӯям, маро хола гуфтан гиред,-оби чашмонашро бо гӯшаи рӯймолаш пок карда, базӯр пичиррос зад зан.

-Ҳайрон шуда пурсидам:

-Барои чӣ номатонро гуфтан намехоҳед? Магар аз чизе ҳарос доред?

-Фаҳманд, ки шикоят крадаам, маро зада мекушанд!

Ин суханони зан ҳайрати маро дучанд афзуда, пурсидам:

-Кӣ шуморо мекушад? Умуман, мақсади омаданатон чист?

Зан оҳи сарде кашида гуфт:

-Ман як духтари бадбахте ҳастам, ки ба ҷуз худованд дигар дар зиндагӣ ягон одами ғамхору меҳрубон надорам. Аз роҳи дур, аз Варзоб кофта-кофта ниҳоят идораатонро ёфта омадам. Илтимос, қиссаи зиндагии маро нависед, бошад, ки туфайли шумо падару модарамро ёфта, аз ғаму дард халос шавам.

-Ақаллан чандсола буданатон мегӯед?

-Ҳамин сол ба 29 қадам гузоштам, вале дар тӯли ин 29 сол ягон рӯзи хушро надидаам,-зан инро гуфта, ба нақли саргузашти ғамангезаш шурӯъ намуд…

Модарам маро партофтааст

Ман аз давраи кӯдакӣ зану шавҳареро, ки дар хонаашон зиндагӣ мекунам, падару модари аслиам гумон карда, отаю оча мегуфтам, вале баъдтар маълум шуд, ки онҳо волидони ман набудаанд. Ростӣ, пештар ҳайрон мешудам, ки барои чӣ отаю очаам апаам Парвинаро ин қадар эркаю азиз мекунанду маро бошад, баҳудаю беҳуда зери мушту лагад гирифта, барои дупула гап мурданивор мезананд, вале баъд як хеши наздикашон асрори муносибати дағали онҳоро ба ман кушода гуфт, ки онҳо маро аз куҷое ёфта калон кардаанд. Аввал ба ин гап бовар накардам, аммо баъдтар миш-миши худи падархонду модархондамро дар ин бора шунида, пай бурдам, ки гапи хешашон асос дорад.

-Барои чӣ онҳо шуморо ба фарзандӣ қабул кардаанд? Магар худашон фарзанд надоранд?

-Доранд. Ду духтар доштаанд, вале яктоаш дар кӯдакӣ ба кадом беморие гирифтор шуда, аз олам гузаштааст. Барои дарду ғамашонро фаромӯш кардан онҳо мани бесоҳибро ба хонаашон овардаанд.

-Падару модари аслиатон набошанд ҳам, онҳо шуморо аз кӯдакиатон тарбият намуда ба воя расонидаанд. Модари ҳақиқӣ ҳамоне аст, ки фарзандро тарбият мекунад, на оне, ки кӯдакро ба дунё меорад…

-Ман мақсади шуморо фаҳмидам, апаҷон. Бовар кунед, агар онҳо бо ман меҳрубон мебудан д, ҳеҷ гоҳ ба идораи шумо омада шикоят намекардам, вале охир маро мезананд. Бисёр бераҳмона мезананд…

-Сабаби заданашон чист? Волидонатон шояд бо мақсади тарбият намудан…

-Аввалаш ин ки, агар бо задан, агар одам мешуд, гову хар одам мешуд, баъдан ман фоҳиша ё дузд нестам, ки арзандаи чунин ҷазо бошам…

-Кӯшиш накардед, ки аслу насабатонро аз падархонду модархондатон фаҳмед?

-Чанд бор хоҳиш намудам, ки бигӯянд модари асосии ман кист, вале дар ҷавоб забон хонда, чизе нагуфтанд. Бисёр мехоҳам донам, ки волидони асосии ман кистанд ва чӣ хел ба ин оила афтидаам, аммо ин сирро касе ба ман кушодан намехоҳад.

-Оилае, ки шуморо ба воя расонидаанд, сарватманданд?

-Не, онҳо бисёр зиндагии фақирона доранд. Дар ин хонадон ман қариб, ки ҳамеша гуруснаю ташна мегардам. Касе парво надорад, ки чизе ба даҳон бурдаам ё не, эҳсос мекунам, ки ман барои онҳо ҳамеша бегона будам ва бегона мемонам. Мехоҳам бо ёрии газетаи шумо падару модари аслиамро ёфта, сар ба зонуяшон гузорам ва дер бошад ҳам, хуморамро шиканам.

-Гуфтед, ки шуморо бисёр азоб медиҳанд? Сабаби заданашон чист?

-Байни мо, фарзандони падар ҳамеша тарафкашӣ буд ва мушту лагад мудом ба сари ман мебориду то имрӯз борида истодааст. «Ҷони одам аз санг ҳам сахттар аст» гуфтани мардум беҳуда набудааст, агар бо задан одам мемурд, сабзаи рӯйи гӯри ман кайҳо чанд ваҷаб мешуд. Рӯзе нест, ки падархондам маро мурдакӯб накунад. Дар сари қаҳру ғазаб вай бо чизе, ки рост ояд, маро мезанад, хоҳ тасма бошад, хоҳ оташков, вале Худованд ин ҷони ҷабрдидаи маро ҳеҷ намегирад, ки аз ҷабру зулми ин марди бераҳм халос шавам.


Дар сари қаҳру ғазаб вай бо чизе, ки рост ояд, маро мезанад, хоҳ тасма бошад, хоҳ оташков, вале Худованд ин ҷони ҷабрдидаи маро ҳеҷ намегирад, ки аз ҷабру зулми ин марди бераҳм халос шавам.

 


-Гуфтед, ки ба 29 қадам гузоштед. Кӯшиш накардед, ки дар ягон ҷо ба кор даромада, аробаи зиндагиатонро мустақилона кашед?

-Кардам. Бо мақсади кор даромадан ба назди ҳамсояамон Ҳадисамоҳ рафта, дарди диламро гуфтам. Дилаш ба ман сӯхта, маро ба як идора бурд ва саргузаштамро нақл кард. Раисаш маро ҳамчун ҳавлирӯб ба кор қабул кард, вале ҳамагӣ ду рӯз кор кардаму халос.

-Барои чӣ дигар ба кор нарафтед? Ҳавлирӯбӣ бароятон душворӣ кард?

-Падархонду модархондам намонданд, ки ба кор равам. Падархондам қиёматро қоим карда гуфт, ки зани мусулмон набояд аз хона барояд ва ба сӯйи ман ишорат карда дод зад: “Ин духтар дигар дар сари дастурхони ман нашинад. зане ки кор мекунад, ҳаром аст, ҳаром!” Кӯшиш кардам фаҳмонам, ки ман ягон кори ҳаром намекунам, баръакс нонамро бо меҳнати ҳалол ёфта мехӯрам. Ин суханони ман ба оташи ғазаби падархондам равған рехтанд ва бо оташков маро чунон сахту бераҳмона зад, ки хаёл кардам косахонаи сарам ду пора шуд. Хайрият, ки аз чанголаш халосӣ ёфта ба хонаи ҳамсоя гурехтам, вагарна ҳамон рӯз вай маро бо ҳамон оташков зада мекушт.

-Гуфтӣ, ки муносибати онҳо бо апаам хуб аст. Парвина ҳам мисли ту хонашин аст?

-“Зани мусулмон набояд аз дар барояд” гуфта, онҳо маро аз хона баромадан намонда, духтари худашонро дар боғ ба кор монданд. Парвина дар он ҷо бо як ҷавони аз худаш ду сол хурдтар соз гирифт. Онҳо қариб як сол Лайлию Маҷнун буданд, вале падару модари бача “мо духтари аз писарамон калонро келин намекунем” гӯён, Парвинаро хуш накарданд.

-Ҳоло Парвина шавҳар дорад?

-Не, синнаш аллакай ба 32 расида бошад ҳам, дигар касе ӯро талабгор нашуд. Бечора дар хонаи падар аз бахти сиёҳаш дилгир нишастааст.

-Гуфтед, ки падархонду модархондатон шуморо аз дар ба берун баромадан намемонанд. Пас, чӣ тавр ба идораи мо омадед?

-Ҳафтаи гузашта падархондам боз барои дупула гап маро зери мушту лагад гирифт. Ҷонам ба лабам расид ва ман ҳам тамоми гапи дар тули 29 сол дар дилам ҷамъшударо гуфта, таъкид кардам, ки косаи сабрам лабрез гаштааст, аз хонаашон баромада меравам ва дар ягон ҷо хонаеро иҷора гирифта, ба кор медарояму худам як бурида нонамро ёфта мехӯрам. Сари қаҳр аз дарвоза баромада то қарибиҳои шом кор кофтам, вале ба бахти бади ман ягон ҷойи холӣ пайдо нашуд. Падархондам бегоҳ дар сари дастурхон таъна зада гуфт, ки саҳар дағдаға карда иҷора мегирам гуфтию чаро боз ба хонаи ман омадӣ. Дар ҷавоб гуфтам, ки камтар тоқат кунед, хонаатонро холӣ мекунам. Падархондам ба ғазаб омада маро боз зери мушту лагад гирифт ва чунон бераҳмона зад, ки тамоми аъзои баданам сиёҳу кабуд шуд. Фиғони ҷонкоҳам ба фалак печид, вале ягон кас ба имдодам нарасид. Сару даҳонам пури хун базӯр аз чанголаш худро раҳо намуда, сӯйи дарвоза давидам ва дар ҳамон шаби хунук ҷони худоӣ гуфта аз хона фирор намудам.

-Ба хонаи ягон хешу табор рафтед?

-Дари ягон хешашонро накӯфтам, чунки хуб медонистам, ки ман барои ҳамаи онҳо бегона ҳастам ва ҳеҷ гоҳ тарафамро намегиранд. Хушбахтона дар дунё одамони нек кам нестанд. Яке аз чунин инсонҳои нек аз дилсӯзӣ маро ба хонааш роҳ дод, вале падархондам дар ҳамон ҷо низ маро ором нагузошта, боз ба сарам рафт.

-Магар дар ҳамон маҳаллаи худатон пинҳон шуда будед?

-Не, баъди аз хона баромада рафтанам суратҳои маро ба милиса дода, ҳама айбро ба гарданам бор кардаанд. Нозири минтақавӣ «падархондатон шуморо кофта истодааст» гӯён, маро дубора ба хонаи онҳо баргардонд.

-Сабаби муносибати дағалонаи падархондатонро худи шумо дар чӣ мебинед?

ан аз хуни онҳо нестам, шояд барои ҳамин маро дӯст намедоранд.

-Мо дуо мекунем, ки падару модари аслиатонро пайдо намоед, вале раваду чунин нашавад, чӣ кор мекунед?

-Бисёр мехоҳам донам, ки ман кӣ ҳастам ва волидони аслиам кистанд. Мехоҳам модарҷонам маро ба оғӯш гирифта, сарамро кӯдаквор сила намояд ва бо меҳр бӯсида «духтаракам» бигӯяд, то ормонам шиканад, вале худованд чунин рӯзи хушро дар пешонаам нанавишта бошад, тайёрам, ки ба ягон пиру кампири меҳрубони танҳо фарзанд шавам. Боварӣ дорам, ки касе маро ба фарзандӣ қабул кунад, пушаймон намешавад, чунки пойи равон ва тану ҷони солим дорам ва бо камоли майл хизматашонро мекунам, агар зиндагиамро таъмин намуда, сарамро бо меҳр сила намоянд.

P/ S

Мо аз ин духтари дар миёни чорсӯи зиндагӣ танҳомонда хоҳиш намудем, ки суроғаи хона ё ақаллан рақами телефони падархонд ё модархондашро диҳад, то ҳамроҳашон суҳбат намуда, сабаби муносибати дағалонаашонро пурсон шавем, вале “апаҷон, агар фаҳманд, ки ба редаксия омадаам, маро мекушанд” гӯён, розӣ нашуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД