Дар баъзе кишварҳои Осиёи Миёна то ҳол анъанаи хеле қадимаи дуздидани духтарҳо бо мақсади арӯсӣ кардан боқӣ мондааст, вале президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев қонуни навро имзо намуд, ки ҷавобгариро барои чунин амалҳо хеле пурқувват месозад.
Мувофиқи қонуни нави дар Қазоқистон қабулшуда минбаъд барои думболагирӣ намудани шахс бо мақсади шиносшавӣ ҷарима ва барои маҷбур намудан ба издивоҷ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Акнун мардоне, ки духтареро зӯран ба издивоҷ маҷбур мекунанд ё арӯс медузданд, то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Мувофиқи қонунҳои пештараи ин кишвар, агар мард бо ихтиёри худ духтари дуздидаашро раҳо намояд, ба ҷавобгарӣ кашида намешуд.