arzon replenishment
Хобномаи мусулмононӣ: Хамёзакашӣ мемирӣ?
10483

 

Хамёзакашӣ

Нафаре, ки дар хобаш худро дар ҳоли хамёзакашӣ мебинад, ба роҳи шайтонӣ меравад.

Заминков

Дар хоб дидани шахси ношиносе, ки замин меканад, нишонаи рӯ ба рӯ шудан бо ҳиллаву найранг, фиреб ва дасисакорӣ аст. Рафту шахси заминков ба нафари хобдида шинос бошад, шахсест, ки бо тадқиқоти илмӣ ва донишомӯзӣ машғул аст.

Заминларза

Заминларза дар хоб нишонаи тарс асту аз сар задани нохушӣ дар рӯйи замин, пеш омадани сардии аз ҳад зиёд ё хушксолӣ дарак медиҳад. Рафту зани ҳомила заминларза хоб бинад, таваллуд мекунад. Ҳамзамон заминларза маънои ташвишу бетартибӣ ва сар задани ҳодисаи бузург дар рӯйи заминро дорад. Дар хоб ба ларза омадани хона шаҳодати онро дорад, ки дар ин манзил нафаре ба зино роҳ медиҳад. Нафаре, ки ними хонаи худро фарсудаву валангор хоб мебинад, ин нафар реҳлат менамояд.

Замин

Замин дар хоб таъбирҳои гуногун дорад. Масалан, дар хоб дидани замине, ки дар он рӯзи маҳшар фаро мерасад, маънои сиру асрори нафареро нигоҳ доштану ваъдаҳои ростқавлона доданро дорад. Замини шудгор дар хоб нишонаи серҳосилӣ аст. Агар нафаре дар хоб қитъаи замин харидорӣ намояд, агар муҷаррад бошад, оиладор ва соҳиби фарзанд мешавад. Рафту дар хоб замин дар зери пой ба ларза ояд, зани ҳомила кӯдакашро меафтонад. Фурӯ рафтани замин дар зери пойи чанд нафар нишонаи ғуруру такаббур ва бепарвоӣ нисбати фармудаҳои Худованд аст. Дар хоб дидани замини ҳамвору ношинос нишонаи ба сафар баромаданро дорад. Бо пой заминро кӯфтан дар хоб аз пайи корҳои тиҷоратӣ ба роҳ баромадан аст. Нафаре, ки аз замини хушку бе ҳосил ба замини сарсабзу пурмева қадам мегузорад, аз роҳи хато ба роҳи дуруст меравад. Шахсе, ки нияти сафар дораду дар хоб аз як мавзеъ ба мавзеи дигар меравад, дар бедорӣ ба сафар баромада, айнан ба чунин мавзеи хобдидааш қадам мегузорад. Пой кӯфтан дар хоб шаҳодат аз гирифтани мерос аст. Рафту шакли замин тағйир ёбад, нобарорӣ ҳамсафаратон мегардад. Хоб дидани замини оташгирифта башорат аз хатару бадбахтӣ аст, вале агар аз замин пирамарде берун шавад, муждаи нек аст. Замини пур аз гулу сабзаҳои зеборо моли худ хоб дидану шод гаштан маънои дар зиндагӣ ба муроди дил расидан ва бармаҳал ин дунёро падруд гуфтанро дорад.

Оина

Оина дар хоб ба маънои зан меояд. Мард дар хоб ба оина нигоҳ кунаду занаш ҳомила бошад, соҳиби писаре мешавад, ки чун себи дукафон ба падар монанд мешавад, рафту занаш ҳомила набошад ё мард муҷаррад бошад, аз вазифа сабукдӯш мегардад ва ҷояшро каси дигар мегирад. Рафту зан чунин хоб бубинад, духтареро ба дунё меорад, ки ба худаш монанд мегардад, агар зан ҳомила набошад, шавҳараш зани дуюм мегирад. Дар хобе, ки писарчаи хурдсол худро дар оина нигоҳ мекунад, додарчадор мешавад, рафту духтарча чунин хоб бубинад, соҳиби хоҳарча мегардад. Баъзе уламо бар он ақидаанд, ки оина дар хоб маънои ба доми фиреб ва хиёнати шахсони дурӯяи дар ниқоби дӯсту афроди хайрхоҳ афтиданро дорад.

Дона, гандум

Гандуми нав дар хоб башорати некӣ асту гандуми хушк таъбири баръаксро дорад. Ҳар нафаре, ки дар хоб гандуми тару тозаро истеъмол мекунад, аз дину оини худ некӣ мебинаду дороӣ насибаш мегардад. Ҳамчунин гандум дар хоб нишонаи ҳосили хуб ва амалӣ гардидани нақшаҳо аст. Сабз гаштани гандум дар хоб муждаи нек аст. Харидани гандум аз гум шудани пул ё зиёд гаштани сафи фарзандон дар оила шаҳодат медиҳад. Нафаре, ки дар хоб ҷав кишта, гандум медаравад, нишонаи шарру бадии пинҳонӣ аст ва дар сурате, ки ба ҷои гандум ҷав бирӯяд, аз некии пинҳонӣ хабар медиҳад.

Зикри Худованд

Нафаре, ки дар хобаш зикри Оллоҳ мекунаду дар асл чунин амал хоси ӯ нест, пас гирифтори бемориву ғам мегардад ва аз Худованд мадад металабад. Рафту дар ин асно сухани аблаҳона гӯяд, дар ҳоли ногувор монда, шарманда мешавад. Агар дар хоб зикр ва қироати Қуръонро шунавед, биное, ки дар ин мавзеъ қомат меафрозад, мустаҳкам буданаш аз то кадом андоза дуруст қироатшавӣ вобастагӣ дорад. Рафту дар қироати Қуръон ғалат сар зада бошад, хоб амалӣ намегардад. Нафаре, ки дар хоб ҳангоми қироати Қуръон ба ғалат роҳ медиҳад, душмани худро ғолиб меояд.

Мор

Мор дар хоб душмани сарватманд аст. Агар дар хоб мор ба хонаатон ворид гардад, пас душмани шумо бар зиддатон ҳиллаву найрангро ба кор мебарад. Морро дар хоб куштан бар душмани худ ғолиб омадан аст. Агар мард дар хобаш морро дар бистари худ нобуд созад, завҷааш вафот мекунад. Дар хонаи худ мори бисёрро хоб дидану натарсидан бо душманон ва нафарони аз пайи ҳавову ҳавас равонабуда вохӯрдан аст. Мори мурдаро хоб дидан маънои онро дорад, ки Худованд душмани шахси чунин хоб дидаро бе ягон душворӣ рафъ месозад. Рафту мор дар хоб ба хонаатон дарояду зараре нарасонад, душманони шумо аз шумораи наздикон ва хешовандонатон ҳастанд. Фашшоси мор аз ақибгардии душмани мағлубнашуда огоҳ менамояд. Дар хоб морро ба дасти худ гирифтан маънидодкунандаи он аст, ки душманон ба шумо зарар расонида наметавонанд. Нафаре, ки дар хоб гӯшти морро истеъмол мекунад, аз душмани худ пул мегирад.

Хокистар

Хокистар дар хоб пули бо роҳи ҳаром ба дастомада аст.

Тилло

Тилло дар хоби зан нишонаи хурсандӣ, молу мулки иллоҳӣ ва рафъ гардидани ғаму ташвиш аст. Мард агар тилло хоб бубинад, нишонаи мусибату фалокат, ғаму андуҳ ва зиёну зарар аст. Агар шахсе дар хобатон ба шумо тилло диҳад ё тилло ёбед, дороии худро аз даст медиҳед. Об кардани тилло дар хоб шаҳодати он аст, ки бо сабаби амалҳои ношоиста муноқиша сар мезанад. Заргарро хоб дидан далолат аз вохӯрӣ бо шахси фиребгар ва қаллоб аст. Хонаи аз хишти тиллоӣ сохташуда дар хоб маънои онро дорад, ки дар хона сӯхтор сар мезанад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД