arzon replenishment
Тифли ҳаромӣ ва рӯзи сиёҳи Мадина
5448

Саргузашти талхи духтари эркаю азизе, ки фиреби ишқ ӯро оқибат дар бозори Саховат талбанда кардааст

Дуои бад
Чанд рӯз пештар занеро ҳамроҳи кӯдакаш дар назди истгоҳи Саховат дучор шудам, ки дар рӯи гарду хок нишаста, даст ба сӯи мардум дароз мекард ва бо чашмони пур аз об касеро дар бадбахтиҳои худ гунаҳкор намуда, дашномҳои қабеҳи болохондор медод ва дуоҳои бад мекард. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту наздиктар рафтам. “Фаррух, илоҳо ҳарду чашмат кӯр шавад, ки дунёи равшанро набинӣ! Худоҷон мисли ман гадои дар ба дар шуда, ба нони хӯрдан зор шавӣ. Илоҳо рӯзи некро набинӣ. Аз Русия хабари мурдаат биёяд, ноинсофи худозада...” Зан ҳамоно касеро дашном дода, кӯдаки тахминан ҳафтмоҳаашро ба синааш зер карда, зор-зор гиря мекард. Одатан занҳои ҷӯгӣ дар кӯчаҳои шаҳр бо кӯдаконашон ба талбандагӣ машғул мешаванд, аммо ин зан барф барин сафед буда, ба лӯлиҳо заррае ҳам монандӣ надошт. Як панҷсомониро дар наздаш гузшта, оҳиста пурсидам:
-Хоҳарҷон, дуои бад кардан убол аст, Фаррух худаш кист, ки ту ӯро ин қадар дашном дода, дуоҳои бад карда истодаӣ?
Ҷавонзан оби чашмонашро пок карда истода як ба рӯям нигарист. Чашмонаш аз шиддати гиряи бисёр чашмонаш суп-сурх шуда буданд. Вай оҳи сарде кашида гуфт:
-Ин ҳама дашному дуои ман дар ҳаққи Фаррухи падарлаънат кам аст. Он номардро зада кушам ҳам, боз ҳаққи ман меравад, чунки аз рӯйи ҳамон нокас аз падару модар, хешу табор ва аҳл оилаам ҷудо шудам.
-Ман журналист ҳастам, дар газетаи “Оила” кор ме кунам, агар хоҳед, саргузашти шуморо менависам,-гуфта дар паҳлӯяш нишастам.
-Эҳ додар, аз навиштани ту дигар чи фоида, охир падарам аллакай маро оқ кардааст. Мани шарманда дигар ба ягон кас даркор нестам,-даст афшонд ҷавонзани талбанда...
-Эҳтимол Фаррух дарди дили шуморо аз газета хонда, аз корҳои кардааш пушаймон шавад,-гуфтам дар ҷавоб.
Ҷавонзан, ки Мадина ном доштааст, лаҳзае чанд сар ба ҷайби андеша кашид ва пасон ба нақл кардани саргузашти талхаш шуруъ намуд.

Яккадухтари эрка
Фаррух як беимони бешараф аст. Вай мани содаро ба домаш афтонда, сарсону саргардон кард. Аслан ман дар оилаамон яккадухтар, аниқтараш фарзанди ягона будам. Падару модарам соҳиби ҳафт фарзанд гашта бошанд ҳам, бародару хоҳаронам дар кӯдакӣ ба ҳар хел бемориҳо гирифтор шуда, мурдаанд. Сарқути мурдагиҳо фақат ман мондаам. азбаски фарзанди яккаву ягонаашон будам, онҳо маро аз гавҳараки чашмонашон низ бештар эҳтиёт карда, намемонданд, ки ба поям хоре халад. Як умр гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшидам. Дугонаҳоям ҳамеша ба ман ҳасад мебурданд ва орзу мекарданд, ки ба мисли ман зиндагӣ кунанд, аммо...

Ишқ омаду...
Чандон дониши хуб надошта бошам ҳам, бечора падарам даводави бисёре карда маро ба донишгоҳ дохил кунонд. Соли аввали таҳсил нағз гузашт, аммо баъд бо Фаррух шинос шуда, оламу одамро аз ёд бурдам. Вай аз мо як курс боло мехонд ва мудом аз пасам давида мегашт. Дар ҷойҳои хилват пеши роҳамро гирифта ба ман гап медод. Аввалҳо писандаш намекардам, вале баъд суханони пур аз меҳру муҳаббаташ ба дилам асар карданду ошиқи зораш гаштам...

Макри марди зандор
Ҳамсабақонам мегуфтанд, ки Фаррух дар деҳа зан дорад ва соҳиби ду фарзанд аст, вале мани аз ишқи он номард кару гунг гашта ба гапи касе бовар намекардам. Гумон мекардам, ки дугонаҳоям ба ишқи бузурги ману Фаррух рашк бурда, шӯрандозӣ мекунанд, то ки моро ҷудо намоянд. Фаррух бо тамоми муқаддасоти олам қасам мехӯрд, ки оиладор нест ва ҳатто бо ягон духтар ишқварзӣ ҳам накардааст, аз ҳамин сабаб ман ба ӯ сад дар сар бовар мекардам, аммо...

Доми фиреб
Мани Фаррух пас аз дарс ҳамеша якҷоя ба сайру тамошо мерафтем. Рӯзе вай бо баҳонаи он ки пулҳояшро дар кисаи курткааш фаромӯш кардааст, маро ба хонаи иҷорааш бурд ва хоҳиш кард, ки барояш ягон хӯроки бомаза пазам. Ҳарду аз ину он чақ-чақкунон оши палав пухта, нӯши ҷон намудем, баъд шарбати зардолу нӯшидем. Дигар чи шуд, дар ёд надорам, фақат ҳамин қадараш дар хотирам мондааст, ки Фаррух маро ба оғӯш кашида, бӯсаборон кард, баъд рӯйи дастонаш бардошта ба хонаи дигар бурд.
Вақте ки ба худ омадам, аллакай кор аз кор гузашта, мани аблаҳ гавҳари номуси духтаронаамро аз даст дода будам. Ба даҳшат афтида, гиря кардам, ба сару рӯйи Фаррух бо мушт зада дод гуфтам, ки барои чӣ ин корро кардӣ, акнун ман ба падару модарам чӣ ҷавоб медиҳам...
(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 22.00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД