Formula novemver 2024
МАНИЖАВУ КӮДАКИ БАТНАШ АЗ ДАСТИ КӢ ЗЕРИ ХОКИ ХУНУК РАФТАНД?
7745

Зӯроварии хонаводагӣ, ки боиси қатл ва ё худкушии занону духтарон мегарданд, вақтҳои охир ба мавзӯи доғи расонаҳо ва ҷомеа табдил ёфтааст. Ҳафтае нест, ки хабари марги фоҷиавии ин ё он ҷавонзан ё духтари тоҷик дар сархати ахбори расонаҳо қарор нагирад.

Далели равшани ин гуфтаҳо марги пурасрори Манижаи ноком аст, ки тамоми аҳолии Ҳисорро нигарон намуд. Атрофи номи ин арӯсак дар як муддати кӯтоҳ сару садоҳои хеле зиёд паҳн шуд. Ин овозаҳо, ки мардум маргашро ҳар гуна шарҳ медоданд, оилаи ӯро назди ҷомеа сархам намуд.

Яке мегӯяд, ки Манижаро хушдоману оилаи шавҳараш зада - зада то марг расониданд. Дигаре марги ӯро худкушӣ меноманд. Нафари сеюм тамоман ақидаи дигар дорад. Ӯ дар хонаи шавҳар бардошти сухани сарди модаршӯяшро накарду барқасди онҳо дору хӯрд ва якҷоя бо тифли батнаш худро аз байн бурд.

Манижаи Ризомуҳаммад, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Нилуи шаҳри Ҳисор буда, чанд рӯз қабл ҷасади беҷонашро аз хонаи шавҳар ба зодгоҳаш бурда, он ҷо ба хок супурданд. Ин духтараки ноком ҳамагӣ 21 сол дошта, модари як тифлак буд.

Диловар, яке аз ҳамдеҳагони Манижаи ноком мегӯяд, ки қабл аз тӯй духтарак ягон мушкилии иқтисодӣ, ахлоқӣ ва ё равонӣ надошт. Ӯ бо як ҷаҳон умеду орзуҳои ширин ба хонаи бахт рафта буд, аммо ...

Ба гуфти наздиконаш Манижа ҳомиладор буд ва бояд тифли дуюмашро ба дунё меовард. Лекин рӯи кӯдаро надида, аз дунё рафт. Марги ӯ барои аҳли деҳа муаммои сарбаста шуд.

Амина ҳамдеҳаи Манижа аст. Ӯ дар суҳбат ба хабарнигори сомонаи “Оила” гуфт, ки “Манижа як маротиба қаҳр карда, ба хонаи волидонаш рафта буд, вале падару модараш бо насиҳатҳои зиёд ӯро дубора ба хонаи шавҳар оварданд, то зиндагиашро идома дода, номи бевагиро ба худ нагирад. Ҳарчанд марги ин духтарро бештар ба қувваҳои ғайб - ҷину аҷина ва деву парӣ нисбат медиҳанд, аммо ба қавли сокинони деҳаи Нилу дар зери коса ҳатман нимкосае ниҳон буда, марги ӯ чанд сабаби ҷиддӣ дорад.

Мушту лагади шавҳар, заҳри забони хушдоману хоҳаршӯй, забон ёфта натавонистан бо хусур, қаҳру хашми додаршӯй, авсун ва дигар аъзоёни хонаводаи шавҳар; тӯҳмат, таҳқир ва айби бокира набудан аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани занони духтарони тоҷик мебошанд, аммо дар аксари ҳолатҳо гуноҳро ба сари ҷину аҷина, деву парӣ ва бемории рӯҳӣ мезананду қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ ин розҳои даролударо бо худ ба зери хоки сард мебаранд.

 

P. S: Сомонаи "Оила" ин мавзӯъро таҳқиқу пайгирӣ намуда, рӯзҳои наздик тафсилоти бештари онро пешниҳодатон менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД