1xbet
Парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбеву Пекин ифтитоҳ шуданд
72

Байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ гардиданд.

Нахустин парвози мустақим байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин тавассути ширкати ҳавопаймоии чинӣ анҷом дода шуд. Дар Фурудгоҳи «Пекин Дасин» аз ҷониби ширкати «China Southern Airlines» маросими ифтитоҳи нахустин парвози ҳавопаймо дар масири Пекин-Душанбе баргузор гардид.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода парвози мустақими мусофирбарӣ дар масири Душанбе-Пекинро барои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистону Чин таърихан муҳим арзёбӣ намуд.

«Ин масир на танҳо василаи ҳамлу нақл байни ду давлат, балки рамзи таҳкими равобити дуҷониба, ҳамкории созанда ва эҳтироми мутақобилаи кишварҳои мо мебошад»,- гуфт ӯ.

Дар маросими ифтитоҳи хатсайр муовини директори генералии ширкати «China Southern Airlines» Тсюй Гуантсзи иброз дошт, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Пекин ва Душанбе пули ҳавоии муносибатро байни Чин ва Тоҷикистон фароҳам оварда, ба таҳкими тиҷорати дуҷониба, табодули фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, инчунин ба рушди муносибатҳои ду кишвар ва робитаҳои минтақавӣ такони наву устувор мебахшад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД