Зебо ду моҳи охир сабр карду оқибат тоқаташ тоқ шуда, ба хоҳари Самир занг зад.
- Ало, Марҳабо, хубӣ? Шинохтӣ?
- Ҳо, шинохтам, апаи Зебоҷон.
- Аз Самир дараке нест, телефонаш хомӯш аст, ростӣ хавотир шудам.
- Хуб аст, хавотир нашав. Меояд ба наздикӣ.
- Наход як бор ба ман занг назанад...
- Ростӣ, чӣ проблемае пайдо кардааст.
- Тинҷист, охир? Боз бемор нашуда бошад?
- Не, апаҷон, ҳамааш хуб аст.
Зебо гӯширо монду ба фикр фурӯ рафт: “Аҷабо, ба Самир чӣ шуда бошад? Чаро якбора аз занг задан монд? Боз бемор набошад?”.
Вале Зебо бехабар буд, ки Самир дар хориҷа ба духтари хитоие дил баста, ӯро никоҳи мусалмонӣ карда, издивоҷ карда буд. Самир дар як донишгоҳи Хитой таҳсил мекард. Дар ин ҷо бо духтари чиние шинос шуду бо як дидан ошиқи шайдо гашт.
Аз хотираш рафт Зебо...
Ҳол он ки, бо Зебо аз давраи мактабхонӣ ошиқи шайдо буданд. Ба якдигар нома менавиштанд, пинҳонӣ сайр мекарданд дар хиёбонҳои пойтахт.
Ошиқиашон ба гӯши падару модар расиду онҳоро фотиҳа карданд. Зебо ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шуду Самир ба донишгоҳи технологии Хитой. Бояд имсол тӯйи арӯсиву домодӣ барпо мекарданд.
Акнун дар ду моҳи охир аз Самир дараке набуд. Зебо асабӣ шуду ба сайти “Одноклассники” даромад. Дид, ки Самир ҳар рӯз ба профилаш даромада, ягон чӣ менавиштааст. Ногаҳон назараш ба акси якҷоя гирифтаи Самир ва ҳамсари хитоиаш Мусако фитоду якбора хашмаш омад. Фаҳмид, ки чӣ гапе ҳаст.
Баъди як моҳи дигар Самиру ҳамсари хитоиаш ба Тоҷикистон омаданд. Зебо аз ин хабар огоҳӣ ёфту ба хонаи онҳо омад. Дами дар модари Самир ӯро пешвоз гирифта, ба оғӯш кашиду гирякунон гуфт, ки “духтарам, моро бубахш, ба модарат занг зада фотиҳаро гардондем. Ин беақлбача зани хитойӣ овардааст. Як безебе ки, куҷои ина ошиқ шуда бошад?”.
- Хола, кори шудагӣ шуд. Як бор Самирро фарёд кунед.
- Ҳозир.
Самир ба пеши дар омаду гунаҳкорона салом дода, гуфт:
- Зебо, салом, хуб ҳастӣ? Тавонӣ, маро бубахш.
- Туро Худованд бахшад, ин қадар номард будаӣ. Туф ба ту!
Зебо ба рӯйи ӯ туф карду гашта ба роҳ баромад. Роҳ ба роҳ гиря мекард. Аз қадру муҳаббаташ, интизориҳояш. Ба хона омаду худро болои бистар партофт. Се рӯз аз хона набаромад. Падару модар хавотир шуданд. Ӯро ҳамроҳ гирифта, ба меҳмонӣ хонаи холааш рафтанд. Ин ҷо Зебо ба зодрӯзи дӯсти духтари холааш рафту он ҷо ба соҳиби хона писанд омад ва дере нагузашта, ӯ барои писараш хостгорӣ омад. Зебо розигӣ дод. Пеш аз тӯй даьватнома гирифту ба назди хоҳари Самир омад ва хоҳиш кард, ки даъватномаро ба Самир расонад.
Дилаш ҳоло ҳам бо Самир буд. Охир, диле, ки дӯст медорад, ҳаргиз бад дида наметавонад.
Шаби тӯй Зебо дар тарабхона паҳлуи домод нишаста, ҳушаш ба Самир банд буд. Мехост ҳамин лаҳза Самир аз баҳри хитоизан барояду ба тарабхона омада, ӯро бидуздаду барад ба дуриҳои дур...
Вале магар ягон инсонро дар ин дунё аз такдир гурез ҳаст?
Не... Такдир бе тадбир аст.
Дили касеро нашиканед, эй одамон! Дили шикаста оҳ дорад. Диле чун бишканад, фарёду фарёд...
Шаҳлои НАҶМИДДИН