1xbet
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон пирӯз шуд
74

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими ҷавонони Ӯзбекистон пирӯз шуда, барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) гардид.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин бозӣ 16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, 3500 тамошобинро ҷамъ овард. Вақти асосии рақобат мусовӣ - 1:1 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналтӣ бозингарони мо муваффақ гардиданд - 4:2.

Бозии ниҳоии мусобиқаи CAFA-2025 байни тимҳои миллии Қирғизистону Эрон 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД