Ҳамал (21 март-19 апрел)
Эҳсосоти сахти ошиқона метавонад шуморо ба қарорҳои саросемавор водор созад. Пеш аз ҳар амал хуб андеша кунед, то баъд пушаймон нашавед. Гарчанде дилатон фароғату хушҳолӣ мехоҳад, масъалаҳои хонаводагӣ низ диққат талаб мекунанд. Барои соҳибкорон эҳтимоли санҷишҳо вуҷуд дорад, аммо баъзеҳо метавонанд мукофотпулӣ гиранд. Рӯзи муносиб барои оғози корҳои нав ва хариди ба нақша гирифташуда аст. Ба ғизои вазнин камтар рӯ биёред, то дар ҳазми хӯрок азият накашед.
Савр (20 апрел-20 май)
Масъалаҳои ошиқона метавонанд ба фаъолияти кориатон таъсир расонанд ва муносибататонро бо ҳамкорон тағйир диҳанд. Ҳангоми таъмири хона беҳтараш танҳо ба корҳои хурд машғул шавед ва аз тағйироти калон худдорӣ кунед. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб зиракию ташаббус нишон диҳед. Агар бо рақибон рӯ ба рӯ шавед, кӯшиш кунед муваққатан ҳам бошад, ба созиш оед. Меҳнати рӯзҳои охиратон аллакай самар дода истодааст. Барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед. Рӯзи муносиб барои оғози парҳез аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Аз он ки дӯстдоштаатон эҳсосоташро ошкоро нишон намедиҳад, норозӣ нашавед. Ҳама одамон муҳаббати худро як хел изҳор намекунанд. Имрӯз ҳифзи ҳудуди шахсӣ ва муайян кардани муносибати дуруст бо дигарон муҳим аст. Корҳои душворро чанд рӯз ба таъхир гузоред ва аз баҳсу ғайбатҳои ҳамкорон дурӣ ҷӯед. Дар ояндаи наздик вазъи молиявиатон беҳтар шуда, маблағи бадастомада метавонад мушкилоти ҷориро ҳал кунад. Ба корҳои дӯстдоштаатон бештар машғул шавед ва эҳсосоти худро ҳамеша дар дил нигоҳ надоред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Эҳтимол дар ҳаёти ошиқонаатон эҳсосоти нав пайдо шаванд ва муносибатҳоятон ранги тоза гиранд. Рӯзро беҳтараш дар ҳалқаи наздикон гузаронед, истироҳат кунед ва барои ҳафтаи душвор қувват гиред. Ба ҳамсар ва фарзандонатон бештар таваҷҷуҳ намоед. Дар ҷойи кор ихтилофҳо ба миён омада метавонанд, бинобар ин барои созиш кӯшиш кунед. Мушкилиҳои молиявӣ эҳтимолӣ бошанд ҳам, муваққатӣ ҳастанд. Имрӯз аз ҷанҷол, муноқиша ва ҳолатҳои хатарнок дурӣ ҷӯед, асабатонро ором нигоҳ доред.
Асад (23 июл-22 август)
Муносибатҳои ошиқонаро бо муносибатҳои корӣ омехта накунед, зеро ин метавонад мушкил эҷод кунад. Агар бо шахси дӯстдоштаатон издивоҷ накарда бошед, дар бораи оиладор шудан андеша кунед. Қувва ва неруи худро ба корҳои муҳим равона созед ва барои дигарон намуна бошед, аммо ба атрофиён фишор наоред. Рӯз барои оғози корҳои ҷиддӣ мусоид аст, ҳарчанд аз қарорҳои куллӣ худдорӣ кардан беҳтар мебошад. Ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Барои пойдор мондани муҳаббат ва муносибатҳои хуб таваҷҷуҳи доимӣ зарур аст. Нагузоред, ки корҳои ҳаррӯза ба муносибатҳои ошиқонаатон таъсири манфӣ расонанд. Имрӯз имконият пайдо мешавад, ки масъалаҳои деринаи пинҳонмондаро ҳал карда, дар бораи ташвишҳоятон бо шахси наздик суҳбат кунед. Эҳтимол касе аз пушти саратон бар зидди шумо амал кунад, вале барои фаҳмидани ҳақиқат боэҳтиёт бошед. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар шуда, имкони пардохти қарзҳо фароҳам меояд. Ба ғизои сабук рӯ биёред, эҳтимоли нороҳатии меъда вуҷуд дорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Эҳтимол хотираҳои ишқи гузашта дубора зинда шаванд ё дар ояндаи наздик муносибати ошиқонаи нав оғоз ёбад. Нимаи дуюми рӯз вазъият каме беҳтар мешавад, аммо корҳои хона ва хароҷоти ғайричашмдошт вақти шуморо мегиранд. Дар кор бояд танбалӣ ва дудилагиро паси сар карда, барои омӯхтани малакаҳои нав кӯшиш намоед. Мушкилиҳои молиявӣ метавонанд хариди ба нақша гирифтаатонро ба таъхир андозанд. Ҳатто эҳтимол аст, ки қарздиҳандагон баргардонидани пеш аз муҳлати қарзро талаб кунанд. Аз баҳсу ҷанҷол худдорӣ намоед, то саломативу оромии асабатон осеб набинад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз аз таваҷҷуҳи шахси дӯстдоштаатон баҳра мебаред ва эҳсосоти ошиқонаатон пурзӯр мешаванд. Аммо эҳсосоти аз ҳад зиёд метавонад шуморо ба ҳаяҷон оварад, бинобар ин худро идора кунед. Зеҳнатон тез ва андешаи шумо равшан хоҳад буд. Рӯз барои ташкил кардани вохӯриҳо, ҷаласаҳо ва чорабиниҳои корӣ мувофиқ аст. Бо вуҷуди ин, эҳтимоли мушкилоти молиявӣ ё монеаҳо дар кор вуҷуд дорад, ки тағйир додани нақшаҳоро талаб мекунанд. Хабари хуш рӯҳияатонро болида месозад. Аз хӯрокҳои серкалория зиёд истифода накунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Ба ҳар кас зуд бовар накунед ва ҳангоми қабули қарор ақлу мантиқро аз эҳсосот боло гузоред. Дар оила ихтилоф метавонад оқибатҳои нохуш дошта бошад. Барои оромии фарзандон нагузоред, ки баҳс ба ҷанҷоли ҷиддӣ табдил ёбад. Дар маҷмӯъ, корҳоятон хуб пеш мераванд, агар диққататонро ба ҷиҳатҳои мусбат равона кунед. Маблағатон барои истироҳат, харид ва туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон мерасад, аммо хароҷотро аз даромад зиёд накунед. Агар кори ҷисмонӣ анҷом диҳед, ба саломатии миён аҳамият диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Муносибати дӯстона метавонад ба муҳаббат табдил ёбад ва барои оғози муносибатҳои ошиқона шароити хуб фароҳам гардад. Агар фарзанди мактабхон дошта бошед, ба пешрафти таҳсили ӯ диққат диҳед ва дар сурати пайдо шудани мушкил бо роҳбари синф суҳбат кунед. Имрӯз неруи зиёд ва иродаи қавӣ эҳсос хоҳед кард, ки барои расидан ба ҳадафҳоятон кумак мекунанд. Эҳтимол фикри нав ё лоиҳаи ҷолибе пайдо шавад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз ҳад зиёд сарфаҷӯӣ накунед, то бо шарикон ихтилоф пеш наояд. Кӯшиш кунед ором бошед ва нороҳатии худро ба дигарон таҳмил накунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз эҳтимол рафтори шумо сабру таҳаммули шахси дӯстдоштаатонро бисанҷад. Кӯшиш кунед аз мушкилоти ночиз асабонӣ нашавед ва бо наздиконатон оромона суҳбат кунед. Агар ташвиш ё норозигие дошта бошед, онро дар дил нигоҳ надоред, зеро маслиҳату дастгирии шахси наздик метавонад кумак расонад. Ба ақидаҳои худ содиқ монед, аммо ҳангоми зарурат ба созиш низ омода бошед. Дар ҳар кор эҳтиёткор бошед ва ба баҳсу муноқиша роҳ надиҳед. Агар рӯҳияатон паст шавад, истироҳат, намоз ё машқҳои оромбахш метавонанд ба шумо кумак кунанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ҳар чизе, ки мувофиқи нақша пеш намеравад, метавонад шуморо асабонӣ кунад ва дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ ба вуҷуд орад. Ҳангоми суҳбат бо аҳли оила эҳсосотро идора кунед ва нагузоред, ки маломатҳои тарафайн ба ҷанҷол табдил ёбанд. Рӯз барои оғози корҳои нав, иваз кардани ҷойи кор ё таҳсил ва аз худ кардани касбу малакаҳои нав мусоид аст. Ба қобилиятҳои худ шубҳа накунед, зеро барои бартараф кардани монеаҳо имкониятҳои хуб пайдо мешаванд.