1xbet
Дар соҳили дарёи Сир роҳрави бузург сохта мешавад
17.06.2025
Oila.tj
66

Дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости дарёи Сир, аз пули кӯҳнаи шаҳр то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр роҳрав бунёд мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар роҳрав таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан ва нишастгоҳҳо гузошта мешаванд. Айни замон дар соҳили рости дарёи Сир, аз пули куҳнаи шаҳр то Осоишгоҳи бемориҳои шараёни дили вилоят сохтмони роҳраву иншооти фароғатӣ бомаром идома дорад. Ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил ёфта, айни замон корҳои бартарафсозии иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиршуда идома дорад.

- Соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад. Ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, бо бунёди чунин иншоот дар соҳили дарёи Сир он метавонад ба афзоиш ва ҷалби бештари теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ замина гузорад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД