1xbet
Филиали аввалини KFC дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз мекунад
17.06.2025
Oila.tj
64

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин филиали хизматрасонии зудпаз - KFC ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.

Тарабхона дар кӯчаи академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо бунёд гардида, масоҳати умумии он 500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он тамоми шароити муосири хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Бунёди тарабхона бо ҷалби беш аз 30 сохтмончии маҳаллӣ ҷараён дошта, интизор меравад, ки то санаи таҷлили ҷашни Истиқлол расман мавриди истифода қарор гирад. Баъди ба кор даромадани тарабхона, 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Иқтидори хизматрасонии тарабхона то 350 нафар мизоҷро дар як вақт дар бар мегирад.

KFC, ки ҳамчун яке аз брендҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар бахши хӯрокҳои зудпаз шинохта шудааст, асосан бо хӯрокҳои гуногун аз гӯшти мурғ машҳур аст.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 10 филиали KFC дар шаҳри Душанбе ва 1 филиал дар шаҳри Ваҳдат фаъолият доранд. Ифтитоҳи нахустин филиали ин бренд дар шаҳри Хуҷанд як қадами муҳими дигар дар густариши шабакаи хизматрасонии ҷаҳонӣ дар қаламрави кишвар ба ҳисоб меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД