1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 2-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1632

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо шахси наздик зиёд аст, аз баҳсу мунозира парҳез кунед. Дар муҳити оилавӣ вақт гузаронед ва бо ҳамдигар машғули кор шавед. Пешниҳоди ҷои нави корро бе шубҳа қабул кунед. Ҳоло беҳуда сарф кардани пул зиёд шудааст, сарфакор бошед! Барои муваффақият рӯҳан худро омода созед ва аз фикрҳои нохуш дурӣ ҷӯед.

Савр (21 апрел-21 май)

Масъалаҳоро аз ҳад бузург насозед, ҳама чиз барои беҳбудии шумост. Дар ҳаёти хонаводагӣ шахси азизатон шуморо бо хислатҳои нав шод хоҳад кард. Бо ҷасорат амал кунед, муваффақият наздик аст! Имрӯз имкони нави даромади пулӣ пайдо мешавад. Вале парҳези худро тағйир диҳед, то аз нороҳатии рӯдаву сардард наҷот ёбед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Рӯҳияатон каме осебпазир аст, пас сабр ва оромиро нигоҳ доред. Аз баҳс бо наздикон худдорӣ намоед. Шояд меҳмонҳои ногаҳонӣ биёянд, хонаатонро омода нигоҳ доред. Меҳнати шумо натиҷа хоҳад дод. Имкони дарёфти маблағи ғайриинтизор вуҷуд дорад. Бегоҳ ба истироҳати оилавӣ, варзиш ва сайру гашт машғул шавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Меҳрубонӣ ва сабру тоқат калиди нигоҳ доштани муҳаббатанд. Вақтгузаронӣ бо оилаву наздикон ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Имрӯз имкони дарёфти пул ё туҳфаи гуворо вуҷуд дорад. Идеяҳои эҷодӣ мисли шарора ба саратон меоянд, амал кунед! Барои муомилаву харид рӯзи хуб аст, вале дар муҳити корӣ эҳтиёткор бошед. Танҳо тарзи ҳаёти солим шуморо солим нигоҳ медорад.

Асад (23 июл-23 август)

Хабари хуш мехоҳед? Он наздик аст! Муҳаббати шумо шуморо дастгирӣ хоҳад кард. Барои равшан шудани фикрҳо танҳо монданатон лозим аст. Имрӯз фурсати олӣ барои шурӯъи корҳои нав аст. Гарчанде баъзеҳо монеъ шаванд, шумо ба ҳадафатон мерасед. Аммо бемории сабукро нодида нагиред, табобати саривақтӣ муҳим аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Кӯшиш кунед асабониятро ба дӯсти ҷониатон нишон надиҳед. Имрӯз бо мушкилоти наздикон машғул мешавед, худро фишор надиҳед. Бо неруи тоза ба кор мебароед ва ба натиҷаҳои хуб мерасед. Имкони бурд дар лотерея ё дигар дастовард вуҷуд дорад. Агар худро хуб эҳсос накунед, истироҳат кунед ва ба шуғли дӯстдоштаатон вақт ҷудо кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имшаб шояд дидори ошиқонае дар муҳити дилнишин пеш ояд. Аммо дар ҳаёти шахсӣ эҳтимоли нофаҳмӣ бо хешовандон вуҷуд дорад. Имрӯз барои қабули қарорҳои муҳими молиявию корӣ рӯзи мусоид аст. Имкони бурд дар бозии иқбол вуҷуд дорад. Аз фаъолиятҳои ҷисмонии вазнин ва чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунед, саломатиятон зери хатар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар муҳаббат беҳтар аст каме танаффус гиред, хусусан агар вазъият муташанниҷ аст. Бо шитоб ба хулоса наоед, сӯҳбати ошкоро ҳама чизро равшан мекунад. Имрӯз фурсати хуб барои кор ва шиносоиҳои муфид аст. Аммо эҳтиёт шавед, шояд музди кор дер шавад. Аз ҷиҳати саломатӣ эҳтиёткор бошед, худатонро аз ҳад зиёд хаста насозед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қарорҳои шитобкорона дар муҳаббат боиси мушкилӣ мегардад, вазъро хуб бисанҷед. Ба наздикони худ диққати бештар диҳед, худпараст набошед. Дар нимаи аввали рӯз нақшаҳо амалӣ мешаванд, вале шомгоҳон хастагӣ эҳсос мекунед. Имкони анҷоми корҳое, ки дер боз ба таъхир афтода буданд, пайдо мешавад. Мушкилиҳои молиявӣ метавонанд сари роҳатон оянд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз фазо орому босафо аст, бо шахси дӯстдошта сӯҳбатҳои ширин хоҳед дошт. Дар муҳити хона беҳтар аст оромӣ ҳифз шавад. Бо вуҷуди серкорӣ, барои фикр кардан вақт ҷудо кунед. Ҳоло вазъи молиявӣ ором аст. Барои калонсолон эҳтимоли авҷ гирифтани бемориҳо вуҷуд дорад, асаб ва рӯҳияатонро эҳтиёт намоед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Муҳаббат, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳро бештар намоед, он гоҳ дигарон ҳам ҷавоб медиҳанд. Бо кумак додани аҳли хона корҳои рӯзмарра тезтар анҷом меёбанд. Дар кор тағйирот нест, вале шумо бо иҷрои вазифаҳо саргарм хоҳед буд. Агар қарздор бошед, вақти баргардондан расидааст. Меваву сабзавотро фаромӯш накунед, саломатии шумо дар дасти шумост.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз рӯзи муносиб барои истироҳат ва вохӯриҳои гуворост. Агар бо ҳамсаратон ба меҳмонӣ равед, меҳрубониро фаромӯш накунед. Фикрҳои нав ба саратон меоянд, бахусус барои беҳбуди рӯзгор. Ба бахшидани ранҷишҳо ҷуръат кунед, оромӣ дар пеш аст. Ҳоло шароити хуб барои хариди калон ба амал меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД