arzon replenishment
Кампирбоз (ҚИСМИ 3)
1525

Фоҳиша-кампири телефонӣ

Дар фазои орому сокити хонаи хоб овози аз гўшии телефон меомада бараъло шунида мешуд, ки мегуфт:

- Ҷон, ёдат кардам…

- Ту маро надида бошӣ, чӣ гуна ёдам мекунӣ?,- пурсид шавҳарам.

- Оҳ, ту намедонӣ, ки ман туро надида аз ҷонам зиёдтар дўст медорам. Бароят мемирам, ҷонамро фидоят мекунам…

Шумо бовар мекунед, қариб се соат байни Суҳробу он фоҳишаи телефонӣ гуфтугўи маҳрамонаи пур аз фисқу фуҷур давом кард. Зан аз он тараф як гапҳое мегуфт, ки маро агар кушанд ҳам, ин гуна суханҳои ҳаромро ба забон намеорам. Дар ҷавоби суханҳои он фоҳиша шавҳарам фақат «аҳу ўҳ» гўён садо мебароварду халос. Ман аз шунидани ин суҳбат карахту лол мисли мурда мехобидам, то охирин лаҳзаҳо гумон мекардам ин фоҳиша кадом духтараки роҳгумзадаест, вале дар охир фаҳмидам, ки ин кампирест аз хушдоману модарам ҳам калон…

- Суҳроби ман, ту фикр накун, ки ман аз ту сӣ сол калонаму пиру фартут. Ман дар бистар садҳо паривашро ба хоки сияҳ баробар мекунам, азизам… Панҷоҳ ҳазор сомонии фиристодаамро фардо гир, се рўз пас боз сад ҳазор сомонӣ мефиристам, мошини дилхоҳатро харида, минбаъд ақаллан дар як моҳ як бор пешам биё… Охир, ман мехоҳам туро зинда дар оғўш кашам…- ва боз ҳамин гапҳои бемаънӣ…

Кампири фоҳиша мехостааст ҳамаи он орзуҳои фаҳшашро амалӣ намояд… Шавҳарам дар ҷавоб боз мисли занони зоидагии дардманд нолиш карду ба суҳбати «ширинашон» хотима бахшид.

Баъд аз хоб бурдани шавҳарам ман телефонашро гирифта, оҳистаяк берун баромадам ва рақамҳои кампирро дар телефони худам сабт кардам. Ба хонаи шафат, назди духтарчаам гузашта, ҳамон ҷо хобидам. Субҳ «сарам дард мекунад» гўён, тамоман аз ҷоям нахестам. Шавҳарам бори аввал бе наҳорӣ ва бўсаи хайрбодӣ ба кор рафт. Пас аз он ки шавҳарам ба кор рафт, Вотсапамро аз назар гузаронидам, кампир Вотсап ҳам доштаасту сураташро дар саҳифааш дида, талхаам кафид. Ба ў навиштам, аммо кампир маро ба рўйхати сиёҳ дохил кард магар, ки дигар натавонистам ба вай нависам. Коре карда телефони шавҳарамро низ дидам, дар Вотсапу Телеграми ба он рақам сабтшуда ҳамон сурат буд, кампир-ошиқи телефонии Суҳроб ба алкаш-кампирҳои дар киноҳо дидаам монанд буд. Тавба… Одам барои пул шуда чӣ корҳое мекардааст…

Аз ишқ то нафрат

Аз ҳамон шаб инҷониб ба шавҳарам нафрате дорам ногуфтанӣ. Фоҳиша-кампир ба ваъдааш вафо карду шавҳарам ҳоло соҳиби мошини қиматбаҳои хориҷӣ аст. Сафари хидматӣ гуфта, гоҳ ба Хатлон мераваду гоҳ ба Суғду гоҳ ба Бадахшон, ростӣ намедонам ин кампири фоҳиша зодаи кадом минтақа аст. Барои каме аз хотир баровардани ин воқеаҳо духтаракамро ба боғча дода, ба кор баромадам, дунёи беғашу беғами кўдакон маро дар худ фурў бурду дигар ба кирдорҳои шавҳарам бефарқ менигарам. Аммо як рўз ба ў гуфтам:

- Суҳроб, қарзи хонаро кам-кам ба модарам баргардонидан лозим, охир ў пасандози якумараашро ба мо дод, ҳама зару зеварашро фурўхт. Ин қарз аст…

Сўҳроб бо асабоният гуфт:

- Хайр модарат кардааст, барои духтараш кардааст, ё худаш ин роҳро ба ту нишон дод?!

- Ту асабӣ нашав, модари ман занест бо дили мардона, вале ту мардӣ, бояд ин бароят нанг бошад.

Ў худашро ба даст гирифта, пичиррос зад, ки «мебинем…».

Ҳоло аксарияти шабҳо шавҳарам «ман кор дорам» гўён, ба зал медарояд, ман рафта гўш мекунам ва садои ишқварзиҳои телефонияшро бо кампираш мешунавам, вале чизе намегўям. Бигузор «кор» карда, пули модари меҳнатрўзиямро диҳад, ана он гоҳ ман аз ў ҷудо мешавам, зеро зистан бо алфонси беномус зери як бом бароям хеле гарон аст…

ГУЛМИРА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД