formula
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 11)
27.01.2020
А. ҲОҶӢ
2762

(Идомааш)

-Не, намеравам!-такрор намуд Шафоат ва Ҳасратмоҳро дар ҳайрат гузошт.

Модар беихтиёр як қадам ба қафо гузошт ва телефони дасташро ба ҷайби яктаҳаш гузоштаистода, бо таҳайюр пурсид:

-Ту то дирӯз бо чашми гирён илтиҷо мекардӣ, ки ба озмун равӣ, аммо имрӯз, ки ман бо ҳазор ҳилаю найранг аз падарат иҷозат гирифтам, чаро намеравӣ?

-Намеравам гуфтам, намеравам! Ту гуфтӣ ку, гӯё ман ба ҳамон муаллим ошиқ шудам, барои ҳамин ҳамроҳаш рафтан мехоҳам…

Ҳасратмоҳ хатои худро фаҳмид. Дар ҳақиқат ӯ дирӯз сари ҷаҳл ҳамин тавр гуфта буд. Албатта ин чиз дар ёди Шафоат мондааст, барои ҳамин намеравам мегӯяд.

-Э, духтарҷонаме, ман ҳамту аз алам гуфтам, охир вай муаллим зану кӯдак дорад, туро ба сараш мезанад?

-Ту модар шуда ҳамин хел мегӯӣ, дигарон чӣ мегӯянд?! Намеравам! Барои ман гапи тую падарам ба замин намонад шуд,-ҳиқ- ҳиқкунон инони гиряро сар дод Шафоат.

Ҳасратмоҳ пай бурд, ки ин як эркагии навбатии духтараш аст, бинобар ин, чашмонашро маккорона андаке нимпӯш карду гуфт:

-Хайр, худатро ин қадар ҷигархун накун, наравӣ, ҳеҷ гап не, бигзор дигарон рафта рақсу бозӣ ва сурудхонӣ кунанд. Муаллим ба ҷои ту ягон хушовози дигарро меёфтагист...

Шафоат ба гапи модараш гӯш дода андешид: “Чаро намеравам гуфтам, ин гапам ба очаам дастгирак шуд ку...”

Духтари ҳушёру зирак пас аз лаҳзае ба худ омада яроқи дигареро ба кор андохт:

-Куртаи маро дугонаҳоям дида чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки боз ҳамон куртаи порсолаашро пӯшидааст. Камбағалдухтар. Не, намеравам гуфтам, намеравам! Он ҷо рафта дар байни дигар духтарон акка шавам-мӣ?

-Худат гуфтӣ, ки либоси басаҳнабароиро худи мактаб медиҳад, боз ин чӣ рафтор?

-Мактаб либоси саҳнавиро медиҳад, на либоси ҷойравиро. Мо аз ин ҷо бо либоси саҳнавӣ ба район намеравем-ку!

-Шафоат, беҳуда сари маро гаранг накун. Як буғча либос дорӣ. Либосе, ки ту дорӣ, дар ин деҳа касе надорад. Ягонтоашро интихоб карда пӯшу рафтан гир. Ман вақт надорам, ки бо ту баҳс карда шинам, шир пухтанам лозим, вақти мактабравиат ҳам шуд,-инро гуфта Ҳасратмоҳ ба тарафи ошхона равон шуд.

“Хайрият, ин масъала ҳам роҳи ҳалли худро ёфт” беихтиёр мисли муаллими математикаашон Халилзода зери лаб ғурунгид Шафоат.

Ин дам аз дарвоза ҳамсинфаш Матлуба сар халонда бо овози маҳин садо кард:

-Шафоат, ту ба мактаб намеравӣ? Дер шуд, соати аввал дарси муаллими нав-биология. Зуд бош, либосатро пӯш, ки ӯ дермондагонро нағз намебинад.

Шафоат баробари шунидани номи “муаллими нав” дар дилаш рашъаро эҳсос намуда бошад ҳам, худро ба даст гирифта “ҳозир” гӯён, ба хона барои либоспӯшӣ даромад.


-Майлаш, мардакҷон! Не, албатта танҳо не, ҳамроҳи дугонаҳояш меравад. Хайр саломат бошу фиристодани пулро фаромӯш накун...

 


Муртазо журнали синфро аз хонаи муаллимон гирифта бо хавоси парешон ба тарафи синфи 11 қадам зад. Дар долони мактаб бо директор рӯ ба рӯ шуд. Роҳбар пас аз салому паём кулоҳи гирдашро аз сараш гирифта гуфт:

-Муаллим, шумо медонед, ки пас аз се рӯз хонандагони ҳаваскорро ба маркази ноҳия мебаред? Тайёриҳо чӣ хел? Имрӯз пас аз дарсҳо бори дигар тайёрии онҳоро санҷед. Ман ба муаллими суруд гуфтам, ба шумо кӯмак мерасонад.

-Муаллим, охир чаро ҳамин корро ба дӯши ҳамон муаллими суруд вогузор накардед?

-Худат медонӣ ку, Ҳодизода муаллими калонсол, дигар шавқу завқ надорад. Як сол пас ба нафақа меравад. Вақте, ки чунин ҷавонони боғайрату хунашон дар ҷӯш ҳастанд, чӣ ҳоҷат, ки як марди пиронсол ва як пояш... мебахшӣ ҳавсалааш пиршударо ба ин кори пурмасъулият ҷалб кунем? Ин ҳамту як азназаргузаронии одӣ нест, аз рӯи натиҷаи он ба мактаби мо баҳо медиҳанд. Дар байни дигар деҳаҳо Сафедорон бо он ном баровардааст, ки духтаронаш камтар ба мактабҳои олӣ мераванду дар ин ҷо хурофот ба дараҷаи баланд аст. Мо бояд исбот кунем, ки ин тавр нест. Ана барои чӣ ман шумо барин як муаллими ҷавони шаҳриро роҳбар таъйин кардам. Умедворам, ки ба ин боварӣ сазовор мешавед...

-Майлаш, муаллим, аммо як хоҳиш, агар ҳамин фестивалро гузаронам, ба ман се рӯз ҷавоб медиҳед, ки зану фарзандамро як ба шаҳр бурда биёрам?

-Чӣ, аллакай зиқ шуданду шаҳрро пазмон?

-Ба фикрам, ҳамин хел барин. Ду-се рӯз раванд, шояд андаке ором шаванд...

-Ҳа, фаҳмидам, занак азоб дода истодааст? Ин ҷо на барқу на Сирку на “Ҷуманҷи”? ... Майлаш, лекин агар дар озмуни ноҳиявӣ ҷои аввалро гиред... Ҳазл мекунам, гумон аст, ки мо ҷои аввалро гирем, аммо ширкат намудан ҳатмист...

-Дунё ба умед гуфтаанд,-инро гуфта, Муртазо дари синфи 11 –ро боз намуд. Баробари вориди синф шудан чашмаш ба Шафоат афтид, ки бо куртаю нимчаи зардӯзӣ дар партаи ақиб менишаст. Бо ин либос ва бо ҳусни табииаш ин духтараки маҳҷабин ҳуш аз сари ҳар кас рабуда метавонист, аммо Муртазо худро коре карда ба даст гирифт ва ба сари миз расида, журнали синфро боз намуд. Баъд аз номпурсии хонандагон ӯ аз ҷояш бархоста, бори дигар ба Шафоат нигаристу гуфт:

-Сатторова, канӣ аз ҷоятон хезед…

Хонандагон аллакай ба “шумо” гӯиҳои муаллими навашон одат карда буданд, вале муаллим чаро маҳз Шафатро аз ҷояш хезонд, барояшон шавқовартар буд, ҳама рӯ ба қафо гардонданд. Шафоат бо қади расою рӯи зебои аз шарм андаке сурхшуда аз ҷояш баланд шуд.

-Шумо хонандаи мактаб ҳастед ва хуб медонед, ки дар мактаб чӣ гуна либос пӯшидан лозим аст. Барои чӣ бо чунин либос ба мактаб омадед?

Шафоат аз пештара зиёдтар сурх шуда, бо сари хам меистод. Аз дили ӯ чиҳо мегузашт, танҳо худаш медонисту худо, вале ҳамсинфонаш, хусусан духтарон ҳис карда буданд, ки баъд аз пайдо шудани муаллими нав дар мактаб Шафоат бо ҳар роҳ диққати ӯро ба худ ҷалб кардан мехоҳад. Худаш дар ин бора ҳарфе ба даҳон намеовард, вале вуҷудаш мегуфт, ки “ана ман, бинед чӣ хел зебоям...”

Синфро хомӯшӣ фаро гирифта ҳама интизори ҷавоби Шафоат буданд. Муртазо ишорачӯби мактабӣ дар даст аз байни қатори талабаҳо гузашта, ба партаи Шафоат наздик шуд, аммо ҷуръате надошт, ки сар боло карда ба духтар нигоҳ кунад. Хост саволи худро бори дигар такрор намуда, худашу духтарро аз ин ҳолати ноҳинҷор раҳо созад, аммо ин вақт ҳодисае рӯй дод, ки ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Шафоат бо ишораи сар ҳампаҳлӯяшро хезонда, аз паси парта баромад ва дар рӯ ба рӯи Муртазо истод. Аз чашмонаш як даста барқ парида, гӯё ба рӯи ӯ зад, вале ин танҳо як лаҳза буд. Пас аз сонияе духтар бо ду даст рӯяшро пӯшиду бо шаст аз паҳлуи муаллим гузашта, аз дари синф берун шуд. Шафоат гӯё шамоле буд, ки аз сари роҳи худ ҳама чизро рӯфта мепартофт. Пас аз тараққос пӯшида шудани дар як лаҳза синфро хомӯшии мутлақ фаро гирифт, ҳам муаллим ва ҳам ҳамсинфони Шафоат аз ин рафтори духтар дар ҳайрат афтида буданд. Баъд аз андаке Муртазо ба худ омад ва ба сари мизи худ баргашта ба хонандагон гуфт:

-Китобҳоятонро кушоед, ба дарс оғоз мекунем.

Вай дарс мегуфт, аммо ҳушаш дар ҷои дигар буд. Накҳати атри фаронсавии Шафоат дар машоми ӯ изи талхе гузошт...

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД