Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 10)
26.01.2020
А. ҲОҶӢ
2782

(Давомаш)

Муртазо хоболуд аз ҷояш хест. Шафақи субҳ аз тиреза намудор буд. "Садоқат куҷо рафта бошад?" хавотиромез ба ҷойгаҳ даст бурд ӯ, бистари занаш сард буд. Осемасар шимашро даст-даст карда ёфту пӯшид, баъд ҷомаи сиёҳашро, ки аз давраи домодиаш монда буд, ба сари китфаш гирифта, хост тугмачаро пахш карда барқро гирон кунад, аммо хона равшан нашуд. "Барқро аз соати ҳафт медиҳанд ку..." ба ёд овард ӯ ва чароғаки дастиро палмосида аз назди пештахтаи тиреза гирифту гирон кард. Хона андак равшан шуд. Муртазо ба ҷойгаҳи Иқбол назар андохт ва хам шуда онро низ даст-даст карда дид, бистари писарчааш низ сард буд. "Инҳо барвақт баромадаанд..." аз дил гузаронд ҷавонмард ва ба рӯи ҳавлӣ баромад. Аз тарафи шарқ ҳавои абролуд андаке равшан шуда буд, аммо Садоқату Иқбол дар рӯи ҳавлӣ ҳам набуданд. Муртазо хавотиромез дарвозачаро боз намуда ба кӯча баромад. Дар кӯча низ касе наменамуд. Танҳо дар охири кӯча суроби ду-се нафар як намоён шуду боз ғоиб гашт. "Намозхонҳо ба намози бомдод рафта истодаанд..." тахмин кард Муртазо ва ба самти муқобил, ба тарафе, ки кӯча ба охир мерасиду пайраҳае, ки ба соҳили дарё мебурд, оғоз меёфт, равон шуд. "Беҳуда ӯро ранҷондам,-дар дил аз худ гила кард Муртазо,-Хайр, занак дия, ҳарчи гуфтан мегирад. Тоқат кардан лозим буд...." Раҳораҳ ӯ бори дигар тамоми ҳодисаҳои шабонаро ба ёд оварда, ба хулосае омад, ки бо ягон амал ва суханаш Садоқатро наранҷондааст. «Аҷиб, дар субҳи солеҳон Иқболро гирифта вай ба куҷо рафта бошад?"-бори чандум буд, ки аз худ мепурсид Муртазо, аммо ҷавобе наёфта роҳашро идома медод. Дилаш гувоҳӣ медод, ки Садоқат ба ҳамон тараф рафтааст…

Ана пайроҳа ҳам оғоз шуд ва Муртазо чанд қадам гузошта, якбора дар ҷояш шах шуда монд. Тақрибан сад метр аз ӯ дуртар сиёҳие менамуд ва аз дур ба як кундаи дарахти танаш бурида монанд буд, аммо ин кунда як лаҳза ҷунбидагӣ барин шуд. Муртазо наздиктар рафт ва он «кунда»-ро шинохт. Садоқат палтои тирамоҳиаш дар тан дар канори ҷарӣ нишаста буд. Муртазо боз ҳам наздиктар рафта дид, ки ҳамсараш писарчааш Иқболро мисли кӯдакони хурдсол ба оғӯш гирифта, сари по нишастааст. Чизе нагуфта хост Иқболро аз оғӯши ӯ гирад, аммо Садоқат бо овози паст гуфт:

-Нарас, ӯро хоб бурдааст, намехоҳам, ки бедор шавад! Мон камтар роҳат кунад...

-Дар ҳамин ҷо? Магар кӯдак дар ин ҳол роҳат мекунад?

-Ин оғӯши падар нест, ки сард бошад. Вай ҳоло хеле бароҳат хобидааст, мон боз андаки дигар хобад...

-Ту барои чӣ ба ин ҷо омадӣ? Бачаро аз хонаи гарм ба ҳавои сард овардию боз мегӯӣ, ки гарму бароҳат аст…

-Вақти ҳамроҳи ман омаданаш бедор буд, каме пештар хобаш бурд. Рав, бароҳат хоб кун, ҳамин, ки Иқбол бедор шуд, ман ҳам меравам. Баъд аз як соат ба мактаб рафтанат лозим-ку! Аз хоб сер шуда бошӣ, рафта чой мону дам карда хӯр, ана барқ ҳам омад...

Муртазо ба тарафи кӯча нигариста дид, ки тирезаи хонаҳо равшан шуданд, аммо ба ин эътиное накарда аз Садоқат пурсид:

-Ту дар ин вақт чаро ба ин ҷо омадӣ ва Иқболро ҳамроҳат овардӣ?

-Иқбол худаш хост, ки мо ба ин ҷо биёем. Ӯро барои қазои ҳоҷат берун баровардам. «Оча, чароғҳои шаҳрро ба ман нишон деҳ, ман бибиамро дидан мехоҳам» гуфт. Гуфтам, ки шаҳр ва бибиат аз ин ҷо хеле дуранд, чароғҳои онҳо ҳам наменамоянд, гиряро бардошт, ки ман дидан мехоҳам. Маҷбур шудам, ки ӯро гирифта ба ин ҷо орам. Дар оғӯшам хобаш бурд. Дигар дилам нашуд, ки бедор кунам. Гуфтам, ки андаке хобад, баъд ба хона мебарам. Ту рав, чоятро дам кун, ки ба корат дер мешавад...

-Ман гумон кардам, ки аз ман хафа шуда, қаҳр карда ба куҷое рафтӣ...

-Аз ту? Барои чӣ? Барои он, ки аз нодонии худ ба чунин як шавҳар гирифтор шудам? Не, ман ҳаргиз аз ту хафа намешавам, ҳар хафагие, ки дорам, фақат аз худам аст... Ғайр аз ин, дар ин кӯҳистон ба куҷо ҳам рафта мешавад?

Муртазо ҳис кард, ки Садоқат дар дил аз ӯ сахт ранҷидааст, аммо онро изҳор намедорад. Хайр, вай ҳам чӣ кор кунад? Кори мактабро партофта равад, рафиқонаш масхара мекунанд, ки дидӣ, муаллими деҳот шудан осон нест, аммо дар ин муҳит ҳам доимӣ зиндагӣ карда намешавад. Садоқат ин хел рафтор кардан гирад, зиндагиашон чӣ мешавад? Баногоҳ фикре ба сараш омаду чеҳраи Муртазо шукуфт:

-Садоқат медонӣ чӣ, биё ҳафтаи оянда ба шаҳр хешу таборро хабаргирӣ меравем. Модаронамонро мебинем, аз ҳавои шаҳр нафас мекашем, андаке сайругашт мекунем. Бибиҳояш Иқболро мебинанд, худамон ҳам андаке дам мегирем...

Зиндадилии Муртазо ба Садоқат заррае таъсире накарда бо ҳамон оҳанги сард ҷавоб дод:

-Баъд боз ба ҳамин ҷо бармегардем, то субҳ интизори барқ мешавем, бо таппӣ хӯрок мепазем ва ... чеҳраи зебосанамҳои деҳотиро тамошо мекунем. Ҳамин тавр?

 


 

Он ҷо зиёдтар ба масъалаи порахӯрӣ аҳамият додем, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад. Инчунин, масъалаи дигар, ки айни ҳол дар Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои хабарӣ мавриди инъикос қарор гирифтааст, ин зӯроварӣ дар оила мебошад.

 


 

-Э, ту чӣ хел занак!-тоқат накарда сахт карда гуфт Муртазо,-Охир барои ту боз чӣ кор кунам?

-Худат гуфтӣ, ки ҳанӯз моҳона нагирифтаӣ, ба шаҳр чӣ мебарӣ? Ба назди модарат бо кадом туҳфа меравӣ? Китобу бӯри мактабӣ мебарӣ? Аз як ҷо ба ҷое раванд, одамон ягон туҳфа ва дастовез мебаранд. Ману ту, як муаллими киссахолӣ ва як зани хонашин бо чӣ ба шаҳр меравем?

-Илоҷи инро ман худам меёбам. Аз деҳа ҳам савғотиҳои бисёре бурдан мумкин. Чаккаю қурут, равғани маскаи қишлоқ...

-Илтимос, маро ғам надеҳ, ана Иқбол ҳам бедор шуд. Хез бачаҷон, падарат моро гум карда, ба лаби ҷарӣ кофтан омадааст, ки мабодо дар қаъри он набошем...

-Заҳр назан, Садоқат, медонӣ, ки ман шумоёнро дӯст медорам,-хам шуда Иқболи хоболудро аз оғӯши модараш ба бағал гирифт Муртазо ва дигар чизе нагуфта, ба тарафи хона қадам зад.

Садоқат бо азоб аз ҷояш хеста, пойҳои дар зери вазни писараш шахшудаашро молиш доду вазнин-вазнин қадамзанон аз паси онҳо равон шуд. ” Шояд ман кори хато мекунам, ки Муртазоро азоб медиҳам? Шояд ӯ дар ҳақиқат марою писарашро дӯст медораду ман бошам ӯро ба як духтаре, ки аз ишқ ҳанӯз бӯе набурдааст, беҳуда рашк бурда истодаам»,- худ ба худ андеша мекард ҷавонзан…

***

Ҳасратмоҳ сатили пур аз ширро аз зери шиками гов гирифта, аз оғил баромад ва аз рӯи ҳавлӣ истода садо кард:

-Шафоат, ин ширро ба дег андохта ба зераш алав мон, ман говҳоро сар диҳам...

Ҳанӯз сухани охиринашро нагуфта, аз дари хона Шафоат намоён шуд. Чашмони духтарак суп-сурх ва варамида буданд. Ҳасратмоҳ ба чеҳраи ӯ нигариста пурсид:

-Духтарҷон, ба чашмонат ягон чиз шуд? Чашмат дард мекунад?

Шафоат ба саволи модараш ҷавоб надода сатили пурширро аз дасти ӯ гирифт ва хомӯшона ба тарафи ошхона равон шуд. “Шаби дароз гиря карда баромадааст...” аз дил гузаронд Ҳасратмоҳ. Модари сахтгир бошад ҳам, вай духтарашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва худо накарда ба пойи Шафоат хоре халад, гӯё ҷон аз танаш мебаромад. “Озмун нашуда, як бало шуд-ку,-аз дил гузаронд кампир,-илоҷе карда падарашро розӣ кунондан лозим, ки розигӣ диҳад, набошад ин духтар аз ғам обу адо мешавад…» Бо чунин андеша ӯ ба хона даромад. Ҳамин дам “номашро гиру гӯшашро каш” гуфтагӣ барин, садои занги телефон аз назди тоқчаи тиреза баланд шуд. Ҳасратмоҳ рақамҳои дарозро дида, фаҳмид, ки шавҳараш занг зада истодааст.

-Алло, мардакҷон созӣ? Мо ҳама нағзу тинҷ,-ӯ пас аз андаке гӯш кардани суханҳои шавҳараш идома дод,-Ҳа, гуфтаҳоятро иҷро кардам, аммо тезтар пул фиристонӣ, боз хубтар мешавад. Шояд ягон говро ба бозор барорам? Не? Ба Шафоат либоси зимистона харидан лозим. Худат мефаҳмӣ...

Шафоат, ки ширро пухта нав ба хона даромада буд, фаҳмид, ки модараш бо падар суҳбат дорад ва гӯшу ҳуш шуд, ки чиҳо мегӯянд. Кампир баъд аз чанд муддати гӯш кардани гапи шавҳараш навбатро гирифта гуфт:

-Неъматҷон, чӣ мешавад, ки ҳамин Шафоатро монем ҳамроҳи духтарҳо як ба район рафта биёяд? Ҳа, дар ҳамон озмун- мӣ ё ким чи иштирок мекунад. Не, рақс намекунад, ҳамроҳи дигар духтарон якҷоя суруд мехондааст,-дурӯғ гуфт Ҳасратмоҳ.

-Аз он тараф падараш чӣ гуфт, Шафоат намефаҳмид, аммо модараш бо чеҳраи шукуфта суханашро идома дод:

-Майлаш, мардакҷон! Не, албатта танҳо не, ҳамроҳи дугонаҳояш меравад. Хайр саломат бошу фиристодани пулро фаромӯш накун...

Ҳасратмоҳ пас аз тамом кардани гуфтугӯ ба қафо нигариста дид, ки Шафоат рост истодааст. Ӯ ба модараш нигариста, бо чашмони сурхшудааш, ки аз онҳо ашк ҷорӣ мешуд, гуфт:

-Не, ман намеравам!

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД