new banner new years
Абдуфаттоҳ Сайфулло : Гулбаҳорро ман аз роҳ назадаам...
3901


-Дуруд бар Шумо!
-Салом ба Шумо ва хонандагони сомонаи “Оила”.
-Айни ҳол гурӯҳи ҳаҷвии Коною Доно ба чӣ кор машғул аст?
-Гурӯҳи ҳаҷвии Коно, Гулбаҳор, Доно айни ҳол пайи таҳияи барномаи Солинавӣ машғул аст. 29-уми декабр барои мухлисон ва ҳаводорони ҳаҷву ханда мо ду барномаи нави ҳаҷвҳои солинавӣ пешниҳод мекунем. Умедворам, ки табъи ҳаводорон ва мухлисони хандаро каме ҳам бошад, болида гардонем.
-Дар барномаи нави солинавиатон чӣ навгонӣ ҳаст?
-Он ҷо зиёдтар ба масъалаи порахӯрӣ аҳамият додем, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад. Инчунин, масъалаи дигар, ки айни ҳол дар Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои хабарӣ мавриди инъикос қарор гирифтааст, ин зӯроварӣ дар оила мебошад. Масъалаи дигар қарздорӣ мебошад, ки имрӯзҳо мӯд шудааст, ки мардум аз ҳамдигар ё ин ки бонкҳо қарз мегиранд ва дар баргардонидани он мушкилӣ мекашанд. Инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки мо дар барномаамон ба таври ҳаҷвӣ пешниҳод менамоем.
-Сабаб чист, ки имрӯз театрҳо ва гурӯҳҳои ҳаҷвӣ ба мушкилоти асосии мардуми кишвар таваҷҷуҳ намекунанд, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ ё масоили дигар?
-Медонед, имрӯзҳо мушкилоти мардум рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Сатҳи зиндагии халқ низ боло рафта истодааст. Барои ҳамин, ҳунармандон он қадар ба ин мушкилиҳо таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳастанд ба монанди чӣ хеле дар боло гуфтам, зӯроварӣ, порахӯрӣ, қарздорӣ ва монанди инҳо. Масалан, дар саҳнаҳои худ, мо инчунин аз бадмастӣ низ мегӯем, ки айни ҳол ин падида низ, оҳиста-оҳиста кам шуда истодааст.
- Оё боре камбудиҳои сиёсиро ба риштаи ҳаҷв кашидаед ё не?
-Не! Нишон надодаем.
-Шумо на танҳо дар театр ё саҳнаи ҳаҷвӣ, балки дар филмҳо низ нақш офаридаед. Кадоме душвор аст барои Шумо, нақшофарӣ дар филм ё саҳнаи рӯ ба рӯ бо тамошобин?
-Ман дар 15 филм нақш офаридаам. Нақши охиринро дар филм чанд моҳ пеш бозидам. Дар филми “Бачаи обӣ”-и Файзуллои Файз нақши ронандаи автобусро бозидам. Нақшофарӣ дар филм низ душвор аст, вале рӯ ба рӯ бо тамошобин душвортар аст. Дар филм метавонӣ як эпизодро такрор ба такрор бозӣ, вале дар саҳна онро як маротиба иҷро мекунӣ, ки он такрор надорад. Дар театр ту бояд аз таҳи дил меҳнат намоӣ, то муваффақ шавӣ. Барои муваффақ шудан дар театр ва синамо ҳунарманд бояд хеле меҳнат намояд.
-Мегӯянд, Шумо дар зиндагӣ ва берун аз саҳна хеле одами ҷиддӣ ҳастед. Оё ин ҳақиқат дорад?
-Бале, Ман дар зиндагӣ шахси ҷиддӣ ҳастам. Аммо ҳайронам, вақте ба саҳна мебароям, қиёфаи маро дида, толор ба ханда медарояд. Ба худ мегӯям, шояд ин аз муваффақияти ту дарак медиҳад.
-Сатҳи ҳаҷвро дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
-Дар мо сатҳи ҳаҷв он қадар бад нест. Вале ин маънои онро надорад, ки хеле хуб аст. Агар гӯем, миёна аст, шояд хато накунем. Чун ҳеҷ кас наметавонад Убайдулло Раҷабови сонӣ шавад. Ё Аловуддини нотакрорро такрор намояд. Чун ин ҳунармандон ҳаҷви тоҷикро ба оламиён шиносониданд. Бояд ҳаҷвнигор масъалаҳои мардумро бо риштаи ҳаҷв ба масъулин расонад. Мутаассифона, ин кор дар мо кам дида мешавад.
- Мегӯянд, ки шумо ҳаҷвнигорон Гулбаҳор ва Сулаймонро аз роҳ зада, ба гурӯҳи Коно ва Доно бурдед?
-Ин суханҳо туҳмати барҳақ мебошанд. Гулбаҳор ва Сулаймон умри худро барои Хандинкамон бахшидаанд. Вақте онҳо аз театр-студия рафтанд, мо онҳоро даъват намудем. Ман айни ҳол мудири фарҳанги шаҳри Гулистон мебошам ва Гулбаҳорро ин ҷо ба ҳайси саррежиссер таъин намудам. Сулаймон бо мо пурра фаъолият намекунад, танҳо вақтҳое меояд, ки дар студияи мо нақш офарад. Ин суханҳои аз роҳ задан ва онҳоро аз Хандинкамон ҷудо кардан, ин туҳмати маҳз мебошад. Агар ба ман бовар накунед, метавонед аз худашон пурсед.
-Як латифа барои хонандагони “Оила” бигӯед?
-Яке аз латифаҳое, ки худам меписандам, ҳамонро мегӯям. Як мӯйсафед ҳамроҳи занаш 60 сол зиндагӣ мекунанд ва боре ҳам ҷанг намешаванд. Журналистон аз ҳафтаномаи “Оила” аз ин бохабар мешаванд ва ба назди мӯйсафед барои суҳбат мераванд ва мепурсанд.
-Сабаби ҷангӣ нашуданатон чист? –мепурсад хабарнигор.
-Вақте ман рӯзи аввали ӯро гирифтам, гуфтам, вақте қаҳри ман омад, зери диван даро, агар вақте қаҳри ту ояд ман болои чердак мебароям. Рӯзноманигор мепурсад, ки наход шаст сол қаҳри Шумо боре ҳам наомада бошад?
-О, духтарам, аз куҷо қаҳрам ояд, вақте, ки ман 60 сол боз дар чердак зиндагӣ дорам.
-Таманниёти шумо ба мухлисонатон дар Соли нав?
-Дар соли нав ба ҳама хушбахтӣ хоҳонам. Бигзор, Тоҷикистон доимо обод бошад, инчунин гуфтаниам, ки дар соли 2020 мардумро зиёдтар бихандонем, агар наханданд “қитӣ-қитӣ” карда механдонем.
-Дар шаҳри Душанбе кай намоиш мегузоред?
-Дар нақша дорем, ки соли 2020 бо намоишномаҳои нав ба Душанбе равем. Интизор бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД