Шавҳарам ба хотири пешбурди зиндагӣ пайваста дар мардикорӣ аст.
Худам ҳам ба кори давлат машғуламу шомгоҳон хаставу лакот ба хона бармегардам. Хусуру хушдоманам барои фарзандонамро зиёд сарзаниш кардан хамеша бо ман ҷанҷол мекунанд. Хусурам чанде пеш таъкид кард, ки ягон шаб маро ба қатл расонида, писарашро зани нав медиҳад.
Аз рӯзе, ки падаршуям ин гапро ба забон овардааст, шабҳо аз тарс хобам намебарад, вале чуръати ин хабарро ба шавҳарам расонидан надорам. Илтимос, ба ман маслихат дихед, чӣ кор кунам?
Марҳабо, аз ноҳияи Шаҳринав