Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 16)
01.02.2020
А. ҲОҶӢ
3155

(Давомаш)

Баробари дидани духтараш Ҳасратмоҳ дасташро шоф карда гуфт:

-Куҷо мегардӣ? Ҳамсинфонат дар ин ҷо туро интизору ин духтари қадрас кӯча ба кӯча мегардад...

-Ман дар ҳамин ҷо будам. Андак бо ҳамсоядухтар Анбарой дар роҳ суҳбат кардам, барои ҳамин дер шуд,-ин дурӯғ ҳамон лаҳза аз куҷо дар сари Шафоат пайдо шуд, худаш ҳам нафаҳмида монд.

-Чӣ хел андак? Мо оши бурида пухта хӯрдему ту бошӣ, мегӯӣ, ки “андак суҳбат кардам”... Хайр, ба ошхона раву ош кашида оварда хӯр. Ҳамсинфонат туро гуфта инҷо омадаанд...

Духтарон ба Шафоат маънидорона нигариста мехостанд фаҳманд, ки ӯ аз куҷо омаду чаро аз дарси муаллим баромада рафт, аммо ба ҷои ба ин саволи бесадои онҳо ҷавоб гуфтан Шафоат ба модараш гуфт:

-Ман серам, агар духтарҳоро дилашон хоҳад, меорам...

-Ту ғами моро нахӯр, мо аллакай хӯрдем, беҳтараш гӯй, ки чаро аз дарс баромада рафтӣ? Муаллим барои либос ҳамаамонро ҷанг мекунад-ку,-Дигар ҳисси кунҷковиашро пинҳон дошта натавониста пурсид Матлуба.  

Шафоат ин суханони дугонаашро ношунида вонамуд карда, зери лаб ғурунгид:

-Ман ҳам бо шумо ба ноҳия меравам...

-Чӣ магар нияти нарафтан доштӣ?

-Ҳмм, рафтанӣ набудам, аммо ҳоло меравам. Ҳарчи набошад, меравам,-гӯё худ ба худ мегуфта бошад, овоз баровард Шафоат...

Духтар таъсири худро ба муаллими нав фаҳмида буд. Боз як ҳаракати дигар ва... ва Муртазо аз ӯ хоҳад шуд.

***

Садоқат бо зарда табақи ошро пеши шавҳараш гузошта гуфт:

-Торикӣ меравию торикӣ меоӣ, ин чӣ гап Муртазо? Беҳтар нест, ки мо дар шаҳр зиндагӣ кунему ту дар як ҳафта ё як моҳ ба назди мо биёӣ? Аҳволи ҳамин писарчаамонро бин, ба ҳолаш мурғони ҳаво мегирянд. Табаш баланд, дар ин ҷо на духутури дуруст ҳасту на доруи дуруст, ту бошӣ, мактаб гуфта худатро мекушӣ. Кошки бо пули мактабат ягон гӯшаи зиндагӣ обод шавад...

-Боз чӣ шуд? Мо маслиҳат карда будем-ку, масъалаи ба шаҳр рафтани шумо ҳал шудагӣ. Ман имрӯз бо директор гапзанон кардам, ҳамин ки озмуни ноҳиявии ҳаваскорон гузашт, маро ҷавоб медиҳанд, шумоёнро ба шаҳр мебарам. Ман ҳанӯз аз дар надаромада ту боз консертро сар кардӣ, занак, охир ман аз кор омадам...

-Аз кадом кор? Ман бо ҳамин ду чашми худам дидам, ки ту аз дарвозаи ҳавлии ҳамон талабаи хушрӯякат баромадӣ...

Муртазо шах шуда монд. Ӯ ҳеҷ гумон надошт, ки Садоқат аз хонаи Ҳасратмоҳ баромаданашро дида бошад. Шояд суҳбати ӯ бо Шафоатро ҳам дидааст?

-Ту дар он ҷо чӣ кор мекардӣ?

-Ман дар он ҷо набудам, аммо набераи холаи Ҳасратмоҳ, ки аз роҳ мегузашт, ба тарафи Иқбол гуфт, ки дадаат дар хонаи бибиам аст...

-Ҳа, ана гап дар куҷо будааст,-оҳи сабук кашид Муртазо,-Духтари Ҳасратмоҳ ногаҳон аз байни дарс ба касе чизе нагуфта баромада омад, ҳамроҳи ҳамсинфонаш ба он ҷо омада будем, ки сабабашро фаҳмем... Осмон омада ба замин начаспидааст-ку!

-Начаспидааст, аммо ту дурӯғ мегӯӣ, ки аз кор омада истодаам. Ҳама гап аз ҳамин дурӯғ сар мешавад...

-Чӣ, магар ба хонаи талаба рафтан кори ман нест? Биё мон, Садоқат, баҳона накоб... Канӣ бачаҷон, як ба назди ман биё, табатро бинам,-инро гуфта, Муртазо Иқболро, ки мошинчаи як пояш шикастаро бозӣ мекард, ба бағал гирифт ва дасти чапашро ба пешонии ӯ бурд, -Андак шамол хӯрдааст, доруи тафс диҳӣ, хуб мешавад. ..

-Аллакай додам, -Садоқат инро гуфта истода, ба паҳлӯи табақи ош пиёзи резакардаашро гузошт ва илова кард,-Деҳа ҳамеша деҳа аст, агар шаҳр мешуд, ҳозир аз бозор помидор ё ягон хӯриши дигар оварда мемондам. Дар ин ҷо ин чизҳо тухми анқо...

-Дар ин ҷо ҳама барои худ кишт мекунад, барои ҳамин намеёбӣ. Имсол директор ваъда кард, ки аз участкаи таҷрибавии мактаб ба мо ҳам як порча замин ҷудо мекунад. Ана баъд соҳиби помидору гашничи худӣ мешавем...

Садоқат пиёлаҳои дар дасташбударо болои дастурхон гузошту бо ҳайрат ба Муртазо нигарист:

-Чӣ, ту соли дигар ҳам дар ҳамин ҷо кор карданӣ? Маро зинда дар гӯру Иқболро бесаводу қишлоқӣ кардан мехоҳӣ?

-Биё мон, аз сари нав сар накун Садоқат! Ақаллан ду-се сол дар ин ҷо кор кунам, қиёмат қоим намешудагист. Мардумаш ҳама одамони хуб, боду ҳавояш олӣ..

-Барқаш нест, ягон нишонаи тамаддунро вонамехурӣ, вале духтарҳои хушрӯй дорад гӯй,-сухани шавҳарашро бо истеҳзо идома дод Садоқат.

Муртазо дид, ки бо Садоқат баҳс кардан маънӣ надорад, зеро ӯ ба аспи ҷаҳл савор шудааст, дигар ҷавобе нагуфта, ба сари табақи ош нишаст ва Иқболро ба паҳлӯяш шинонда, хост бо дасташ ба ӯ ош диҳад, аммо Садоқат нагузошт:

-Бача тафс дорад, ба ӯ хӯроки равғанӣ мумкин нест...

-Аввалаш ин, ки ӯ тафс пасф надорад, дигараш ин, ки чаро намехоҳӣ писар ҳамроҳи падараш шинад? Худат мегӯӣ, ки дар як шабонарӯз туро як бор мебинад, боз ин қилиқу рафтор. Намефаҳмам...

Муртазо аз рӯи дастурхон дастмолро гирифта, дасти равғанолудашро, ки мехост бо он ба Иқбол ош диҳад, пок кард ва дигар ба табақ даст дароз накарда, аз ҷояш хесту чизе нагуфта аз дар баромад.

“Шояд нисбати Муртазо сахт омадам? Ба ин мардҳо сахт набиёӣ ҳам намешавад...” худ ба худ андешид Садоқат, вале дар дил ноҳақ будани худро ҳис мекард...

***

Муртазо, ки иштиҳояш тамоман парида буд, аз дар баромада болои курсии шикастаи рӯи ҳавлӣ нишаст ва сарашро миёни дастонаш гирифт. “Ин чӣ рӯз аст, яке мехоҳад, ки ман бо ӯ наздик бошаму дӯстдориаш кунам, дигарӣ, ки аллакай се сол боз бо ман аст, бо ҳар баҳона бо ман моҷаро мекунад. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам? Шояд Шафоат рост мегӯяду ман аз аввал хато кардам? Шояд Садоқат ба ман мувофиқ нест? Шояд маро дӯст намедорад ва таи ин солҳо танҳо бо ман бозӣ карда буд? Шафоат чӣ? Ӯ ҳанӯз як духтари беақл аст ва чизеро намефаҳмад? Агар ба муҳаббати ӯ бо муҳаббат ҷавоб диҳам, оқибаташ чӣ мешавад? Ба ин таҳдиду таҳқирҳои Садоқат тоқат кардан мумкин нест. Ин сардӣ аз куҷо пайдо шуд?”

Муртазо намедонист, ки сабаби торафт дағалтар гаштани занаш на деҳа, балки рашк аст ва Садоқат муносибати шавҳарашро бо шогирди ба қавли худаш «хушрӯякаш» Шафоат дида, рашки оламсӯзро ба дилаш ҷой додаасту ин рашк лаҳза ба лаҳза ӯро аз дарун мехурад. Шафоат бошад, соат ба соат ба муаллимаш ошиқтар шуда, дигар чизе садди роҳи ишқи ин духтар шуда наметавонад. ”Чӣ бояд кард?”-ин саволе буд, ки то рӯзи дигар дар ҷойгаҳи танҳо Муртазоро ором нагузошт. Садоқат имшаб ҳам ҳамроҳи писарчааш дар кунҷи дигари хона мехобид. Аллакай ин шаби дуюми ҷудоии зану шавҳар буд...  

(Давом дорад)

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД