Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 13)
29.01.2020
А. ҲОҶӢ
2836

(Давомаш)


Бо шунидани садои Шафоат Муртазо дар ҷояш шах шуда монд, баъд сарашро ба тарафи овоз гардонда дид, ки дар паси похсадевор Шафоат рост истода, ба ӯ нигоҳ мекунад.
-Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Ҳамсинфонат туро мекобанду ту мисли кӯдакон дар паси девор руст мешавӣ...
-Не, ман руст нашудаам, роҳи шуморо мепоидам,-сарашро хам карда ҷавоб дод Шафоат.
-Роҳи маро? Чаро аз синф сухане нагуфта баромада рафтӣ? Ин чӣ беҳурматӣ нисбат ба муаллиму ҳамсинфонат буд?-бо оҳанги сарзаниш пурсид Муртазо.
-Муаллим, аввал ба ин тараф гузаред, аз кӯча ягон кас гузаштанаш мумкин...
-Хайр бигзор гузарад! Ту чӣ мехоҳӣ?
-Аввал ба ин тараф гузаред, баъд мегӯям,-сарашро набардошта пичиррос зад Шафоат.
Муртазо ночор ба ин тарафу он тараф нигоҳ карда, мисли ҷавонони навошиқ, ки бо ҳарос ба хонаи ҳамсоядухтар мегузаранд, аз болои девори тақрибан якметра ҷаҳида, қариб ба оғӯши Шафоат афтода буд, аммо мувозинаташро нигоҳ дошта, як қадам ба қафо гузошт. Шафоат аз ҷояш намеҷумбид. Муртазо сарашро боло кард ва чашмаш ба чашмони духтар афтид. Ин лаҳза вай дар умқи чашмони Шафоат чизеро дид,ки ҳаргиз дар чашми касе надида буд. Он ҷо гӯё қаъри вулқон буд ва пайваста оташак мепарид. Оташаки ҷонсӯзу имонсӯз, оташаки пур аз муҳаббат, оташаке, ки дар як он бинои даҳҳо муҳаббати дигарро месӯзонд. Ҷавонмард як қад парид ва ғайриихтиёр чашмонашро поин кард. Хост мавзӯи суҳбаташро идома диҳад, аммо дигар на тавони сухан гуфтан дошту на маҷоли сар бардоштан. Лаҳзае хомӯшӣ ба миён омад, баъд Шафоат бо овози наҳифу ширадор гуфт:
-Муаллим, медонед ман чаро ин субҳ ин тавр либос пӯшидам?
Муртазо пас аз “барқ”-и чашмони Шафоат, ки “шидати” баланд доштанд ва ӯро қариб мадҳуш карда буданд, ба оҳистагӣ ба худ меомаду базӯр овоз баровард:
-Барои чӣ?
-Барои чӣ не, барои кӣ...
-Хуб, барои кӣ?
-Барои шумо,-инро гуфта ду рухсораи духтар мисли анор сурх шуд.
Маълум буд, ки барои ба забон овардани ин суханон ӯ чӣ саддеро паси сар карда ва чӣ азхудгузарие нишон дода истодааст, аммо ҳарчи бодо бод, гуфтаниашро гуфт.
-Барои ман? Чаро барои ман? Хостӣ, ки маро дар назди роҳбарони мактаб шарманда кунию гӯйӣ, ки толибагон ба гапи муаллимашон гӯш намекунанд?
-Не, хостам... хостам..., ки шумо ба ман нигоҳ кунед?
-Хайр, ана нигоҳ кардам, баъд чӣ? –Муртазо аллакай худро ба даст гирифта буд.
Духтар пас аз шунидани суханони охирини Муртазо бо кафи ду даст рӯяшро пӯшонд, аммо аз паси панҷаҳои нозуки Шафоат ҳам Муртазо ҳис кард, ки рухсораҳояш мисли садбарги саҳарӣ накҳати аҷибе пайдо кардаанд. Ҷавонмард худро базӯр нигоҳ дошт. Ӯ аз оғоз ишораҳои Шафоатро фаҳмида буд, аммо ба умеди он, ки шояд ин гуфтаҳои духтар маънои дигар доранд, худро ба нодонӣ зад.
Ин вақт аз кӯча садои мошини роҳгузар шунида шуд ва ҳарду баробар худро аз девор дур гирифтанд. Баъди гузаштани мошин онҳо беихтиёр ба ҳамдигар нигоҳ карданд. Ба назари Муртазо чунин намуд, ки ҳамин ҳоло Шафоат гиря мекунад, аз китфи ӯ гирифта, тарафи чарие, ки ду рӯз пеш суҳбаташон он ҷо баргузор гашта буд, равон шуд. Духтар муқобилият накарда аз паҳлӯи ӯ қадамзанон рӯ-рӯи алафи хушкшудаи тирамоҳӣ равон шуд...
***
Аз хонаи Ҳасратмо овози баланди хандаи духтарон мебаромад. Дугонаҳои Шафоат интизори оши буридаи модари ӯ, ки намонд “даҳони хушк” аз хона раванд, шӯхиҳои духтаронаашонро идома медоданд. Духтарони деҳаи Сафедорон аксаран зебо буданд. Мардум мегӯянд, ки ин деҳаи атрофаш пур аз арча замоне макони париён будааст. Ба гуфти пирони деҳа ба ин ҷо мардони аҷнабӣ омада, париҳоро шикор карда ба мулки худ мебурдаанд. Шоҳи париён ба хулосае омадааст, ки дигар дар ин деҳа зиндагӣ кардан имкон надорад ва ба париён фармон додааст, ки ин мулкро тарк кунанд, аммо чанд парӣ, ки ба мардони ин ҷо ошиқ будаанд, ин фармони шоҳашонро иҷро намекунанд. Наслҳои баъдина гӯё аз зоти ҳамон париён будаанд, бинобар ин, духтарони ин деҳа “харидорони” зиёд доштанд, аммо мардумаш дар бобати духтардорӣ бисёр сахтгир буданд. Аз ин деҳаи калон танҳо ду-се духтари ба қавли мадум “хондагӣ” буду халос, зеро дар зеҳни ин мардум ақидае ҷо шуда буд, ки аз “духтари хондагӣ” ҳеҷ вақт зани покдоман намебарояд. Чанд тан аз зодагони ин деҳа аз шаҳр “зани хондагӣ” гирифта оварданд ва ҳамаашон занҳои хубу модарони меҳрубон баромаданд, аммо боз ҳам ин ақида дар майнаи мардони Сафедорон ҷой дошт. Духтарон дар чунин шароит ба камол расида, аксаран ҳатто аз гуфтани сирри дили худ ба модаронашон истиҳола менамуданд, аммо чун “давраро холӣ меёфтанд” ва давра давраи духтарона мешуд, худро озод ҳис карда, байни ҳам чунон шӯхиҳое мекарданд, ки модаронашон шунаванд, гӯшҳояшон қулф мезад.
-Имсол аввалин нафаре, ки аз хатмкунандагони синфи 11-и деҳаи Сафедорон ба шавҳар мебарояд, кист, медонед духтарҳо?-дандонҳои сап-сафедашро нишон додаистода пурсид Матлуба, ки ҳама ӯро барои сергапиаш “шақшақа” мегуфтанд.
Духтарон ҳама сарҳояшонро ба тарафи “ шақшақа” гардонданд, интизор буданд, ки ӯ чӣ мегӯяд.
-Ана дидед, намедонед... Ман медонам.
-Канӣ гӯй, шояд худат бошӣ?
-Не, кош ман мешудам, ин Шафоат аст. Холаи Ҳасратмоҳ ба гӯшам гуфта буд, ки ӯро ба писари амакаш номзад карданианд. Баҳор падараш аз Русия ояд...
-Ба кӣ, ба ҳамон Самандари гӯшкалон? Ҳо ҳамоне, ки ду сол аз худамон болотар мехонд?
-Бале.
-Мана ӯро назари Шафоат мегирад? Гӯшҳояш сурфаи бибии ман барин-ку,-овоз баровард Шоҳина, ки дар пешгоҳи хона менишаст.
-Бовар накунед, ҳозир холаи Ҳасратмоҳро мепурсем. Хола, ҳо хола, рост аст, ки шумоён баҳор Шафоатро ба Самандар фотеҳа карданӣ,-ба Ҳасратмоҳи аз дар даромада истода нигариста пурсид Матлуба. Духтарон ҳама гӯшу ҳуш ба Ҳасратмоҳ дода интизори ҷавоби ӯ шуданд…
(Давом дорад)
А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД